Мулоқот бо раисони кумита ва комиссияҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

DSC_815628 октябри соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо иштирокчиёни ҷаласаи сайёри муштараки Маҷлиси ҳамоҳангсозӣ — раисони кумитаҳо ва комиссияҳо оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар назди Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД ва Комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии СААД, ки дар ҷумҳурии мо бо сафари кори қарор доранд, мулоқот намуд.

- Ҳамкорӣ дар доираи Ассамблеяи парлумонии СААД такони муҳим ба манфиатҳои миллии аъзои он буда, ба қабул ва татбиқи қонунҳои миллӣ, муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, субот дар минтақа, инчунин, пойдории ҳудудӣ ва рушди устувори давлатҳои аъзои СААД мусоидат менамояд, — иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ пайвас­та таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба рушди хатару таҳдидҳои мавҷуда, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, хариду фурӯши одамон ва киберҷиноятҳо дар наздикии сарҳадҳои ҷанубии худ, ки кӯшиши ноором кардани Осиёи Марказиро доранд, ҷалб менамояд.

DSC_8172Мувофиқи доктринаи ҳарбии миллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, афзалияти сиёсиву дипломатӣ ва дигар воситаҳои ғайринизомиро фароҳам меорад.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба мавқеи Тоҷикистон нисбат ба вазъи Афғонистон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи муфассал бо хабарнигори «Ал – Ҷазира» (4 октябри соли равон), ба таври возеҳу равшан баён доштанд, ки «Тақдири кишвар дар дасти мардуми Афғонистон аст ва онҳо ояндаи худро бояд муайян кунанд. Муноқишаи Афғонистон бояд танҳо тавассути музокироти сулҳомез ҳал шавад…».

Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, инчунин, воридшавӣ ба Саммити CICA дар Душанбе дар нимаи аввали соли 2019 иброз доштанд, ки танҳо муқовимати якҷоя бар зидди таҳдидҳои муосир ва андешидани чораҳои фаврӣ метавонад натиҷаҳои дилхоҳ диҳад.

Раиси парлумони касбии мамлакат афзуд, ки солҳои охир дар натиҷаи фаъолияти муваффақонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоюли суст шудани ҷараёни гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути қаламрави Тоҷикистон ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки дар тӯли панҷ сол шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дигар давлатҳо барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд, беш аз ду маротиба ва миқдори маводи мухаддири мусодирашуда аз онҳо шаш маротиба кам шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров бо итминон таъкид намуд, ки вохӯриҳои мунтазам барои ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ, инчунин, назорати парлумонии вазъи низомӣ-сиёсии минтақаи амнияти дастаҷамъии кишварҳои Осиёи Марказӣ, метавонанд саъю кӯшишҳои моро дар ин самтҳо боз ҳам тақвият бахшанд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон