Мулоқотҳои Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бишкек

№58 (4008) 23.05.2019

През 21051920 майи соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни ширкат дар ҷаласаи сайёри Шӯрои ­Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизис­тон доир шуд, дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков бо раисони парлумонҳои ин созмон иштирок намуд.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков меҳмононро ба шаҳри Бишкек хайра мақдам гуфта, ба кори ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барор хоста, изҳор дошт, ки дар миёни таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ, терроризми байналмилалӣ ва экстремизм дар минтақаи назорати Шартномаи дастаҷамъона яке аз хатарҳои асосӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, Қирғизис­тон хостори тавсеа ва таъмиқи ҳар чӣ бештари муносибот бо кишварҳои аъзои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад.

Сооронбой Жеенбеков, ҳамчунин, оиди мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва хавфу хатарҳои он дар доираи тадбирҳои амниятии созмони мазкур сухан ронда, иброз дошт, ки ҳамоиш метавонад барои пайдо намудани роҳҳои нави  мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб замина гузорад.

******

 20 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Достон Ҷумабеков мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров ба Раиси парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон барои шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати гузаронидани ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳори сипос намуда, натиҷаи самараноки онро омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои байни Душанбею Бишкек дар ҳама соҳа, бахусус, арсаи амниятӣ дар минтақа, арзёбӣ кард.

Раиси Маҷлиси намояндагон бо ишора ба муштаракоти фарҳангии миллатҳои тоҷику қирғиз изҳор дошт, ки ҳар ду миллат қарнҳо боз дар канори ҳамдигар кору зиндагӣ ва робитаи дӯстона доштанд, ки хушбахтона, то кунун идома дорад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки миёни Тоҷикистону Қирғизис­тон қариб 90 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба фароҳам овардаанд.

Ҷонибҳо доир ба муносибатҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ изҳори андеша намуданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, атрофи авзои минтақа ва ­масъалаҳои сарҳадӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Махсус таъкид гардид, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистонро зарур аст, ки корро ҷиҳати баррасии масъалаҳои амнияти сарҳадӣ пурзӯр намоянд ва ҳар чӣ тезтар шартномаи байнидавлатиро дар ин самт омода намуда, ба имзо расонанд.

******

20 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуд.

Зимни суҳбат Шукурҷон Зуҳуров аз равобити фарох ва муносиботи неку дӯстонаи Тоҷикистону Россия ёдовар шуда, гуфт, ки ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикии тиҷоратӣ сол то сол густариш ёфта истодаанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба масъалаи таҳдиду хатарҳои замони муосир дахл карда, аз ҷумла гуфт, ки гус­тариши терроризм, тарғиби экстремизм ва хушунат, истифодаи шабакаи Интернет бо мақсади ифротӣ кардани андешаи аҳолӣ ва ҷалби ҳаммаслакон дар назди Созмони амнияти аҳдномаи дастаҷамъӣ вазифаҳои иловагии мушаххас мегузорад.

Вячес­лав Володин зикр кард, ки парлумонҳо бавуҷуд­оварандаи фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ барои тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ мебошанд, ҳар қадар дар ин самт фаъол бошем, ба ҳамон андоза ҳамкориҳо миёни кишварҳо рушд мекунанд. Муносибатҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ аз кӯшишҳои парлумонҳо вобастагӣ доранд.

Дар мулоқот намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, муовини котиби масъули СААД Ибод Раҳимов иштирок дошт.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон