Мулоқоти Абдуҷаббор Азизӣ бо Алии Лоринҷонӣ

№8 (3802) 20.01.2018

0101Аз 14 то 19 январи соли равон ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷиҳати иштирок дар кори 13-умин конференсияи Ассамблеяи парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Теҳрон қарор дошт.

16 январи соли 2018 дар доираи сафар муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои доктор Алии Лоринҷонӣ мулоқот намуд.

Абдуҷаббор Азизӣ ба Алии Лоринҷонӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки: «Ҳукумати Тоҷикистон ва парламенти он дар муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Намунаи ин пайвастагӣ мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Ҳасани Рӯҳонӣ мебошад.

Ҳамчунин, боиси қаноатмандист, ки миёни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии ҷумҳурии Исломии Эрон Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳамкориҳои байнипарлумониро беш аз пеш густариш бахшида, аз таҷрибаи пешқадами якдигар ба манфиати кишварҳо истифода барем».

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои доктор Алии Лоринҷонӣ аз тадбирҳои муҳими сиёсӣ ҷиҳати пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикис­тон тайи солҳои охир ёдовар шуда, гуфт, ки ҳама пешравӣ аз сиёсати оқилона, бунёдкорона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Оқои Алии Лоринҷонӣ, ҳамчунин сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагонро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари фасли навин дар раванди муносибатҳои парлумонии ҳар ду кишвари бародар баҳогузорӣ намуда, хостори тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба гардид.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ ва ҳамроҳони ӯ, ҳамчунин дар доираи сафар бо Куруш Карампур Ҳақиқӣ — раиси Гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрону Тоҷикистон ва Маҳмуд Эрол Қилич — котиби генералии Иттиҳоди парлумонии кишварҳои узви ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқот намуданд.

17 январи соли 2018  муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуҷаббор Азизӣ бо Раиси парлумони Ҷумҳурии Туркманистон хонум Акҷа Нурбердиева, ки ҷиҳати иштирок дар кори 13 — умин Конференсияи Ассамблеяи парлумонҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт, мулоқот намуд.

Абдуҷаббор Азизӣ хонум Акҷа Нурбердиеваро ба муносибати Раиси парлумони Туркманистон интихоб шудан табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону Туркманистон минбаъд таҳкиму густариши бештар пайдо мекунанд.

Сипас, ҷонибҳо аз робитаҳои бисёрпаҳлуи Тоҷикис­тону Турк­манистон ҳарф заданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои туркманӣ фаъолияти пурсамар доранд ва раванди воридшавии сармояи мустақим ба иқтисодиёт рӯ ба густариш аст.

Масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои илму техника, маориф ва фарҳанг низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, ҳамгироӣ дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.

 Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагон