Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

№153 (4003) 21.12.2019

DSC_147118 декабри соли 2019 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Куба  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмилио Певида Пупо мулоқот намуд.

Акрамшо Фелалиев меҳмонро бо фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фраксия ва ҳизбҳои сиёсӣ, қонунҳои ба тозагӣ қабулгардида ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо кишварҳои ҷаҳон шинос намуд.

DSC_1454Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Куба, ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ  андешаронӣ шуд.

Ҳар ду ҷониб ҳавасмандиро баҳри густариши бештари ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун таъкид намуданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон