Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Муния Буссета

№115 (4065) 26.09.2019

DSC_402625 сентябри соли 2019 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев  бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Марокаш, ки таҳти роҳбарии дабири кулли вазорати мазкур Муния Буссета ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

Зимни суҳбат Акрамшо Фелалиев роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба меҳмонон маълумот дод. Аз ҷумла, ёдовар шуд, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи байнипарлумонӣ бо кишвари Марокаш фаъолият дорад ва дар ин замина хостори тав­сеаи ҳамкориҳои ҳар ду мамлакат шуд. Ҳамчунин, таъкид намуд, ки Тоҷикистон захираҳои бойи табиӣ, табиати ҷолиб, обҳои мусаффо дорад ва дар кишвар фазои муносиби сармоягузорӣ дар самтҳои гуногун мавҷуд аст.

- Мо низ хостори тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус, муносибатҳои байнипарлумонӣ,  ҳастем ва бовар дорем, ки робитаҳо ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд, — гуфт Муния Буссета.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум». 

Суратгир Н. Алиев