Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Аланна Армитаҷ

№64 (4014) 04.06.2019

IMG_003931-уми май муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо Аланна Армитаҷ - директори минтақавии Фонди нуфуси аҳолии СММ (ЮНФПА) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мулоқот намуд.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Фонди нуфуси аҳолии СММ дар доираи татбиқи барномаҳои гуногунсамт, аз ҷумла, ҳамоҳангсозии кумаки башардӯстонаи созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, татбиқи барномаҳои солимии репродуктивӣ, пешгирии бемории вараҷа, беҳбуд бахшидани сифати ғизо, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ мондааст. Барои амалӣ намудани барномаҳои зикршуда намояндагии созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, ҳамкорӣ дар самти таъмини баробарии гендерӣ матраҳ шуда, қайд гардид, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ беҳбуд бахшидани шароити кору зиндагии занон дар маркази таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Инчунин, бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ягона давлате аст, ки санад дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро ба тасвиб расонидааст.

Ҷонибҳо аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки намояндагии ташкилоти зикршуда дар Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо занон ва оила баҳри роҳандозии фаъолияти гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ, додани маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ба занон фаъолияти пурмаҳсул дорад.

Дар маҷмӯъ, суҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифта, ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлу таъкид намуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон