Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо хонум Ингибёрг Гисладоттир

№55 (4005) 16.05.2019

DSC_347014 майи соли 2019 муовини Раиси Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо мудири дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон хонум Ингибёрг Гисладоттир мулоқот намуд, ки зимни он масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Хайринисо Юсуфӣ оид ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат, нақши занон дар пешрафти ҷомеа, аз ҷумла, дар мақоми олии қонунбарори кишвар, ба меҳмон маълумот дод.

DSC_3456- Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин робита чанд санади меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз қабили Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадр­ҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва ғайра қабул ва амалӣ шуда истодаанд, — гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагон.
Таъсири ҳамин аст, ки ҳоло сафи занон — вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда, айни ҳол дар Маҷлиси намояндагон 13 нафар бону фаъолият доранд. Нақши онҳо дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.

Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон