Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Боди ва Мирослав Лайчак

№59 (4009) 25.05.2019

DSC_422822 майи соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад-ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат зикр гардид, ки марҳилаи кунунӣ тақозо менамояд, беш аз пеш ҷиҳати такмил, тавсеа ва тақвият бахшидани робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию байнипарламентӣ баҳри татбиқи ташаббусҳою ҳадафҳои созандаи роҳбарони ҳар ду давлат чораҳои муассир роҳандозӣ гардад.

Ҷонибҳо бо итминон изҳор доштанд, ки густаришу таҳкими робитаҳо баҳри садгузорӣ ба тамоюли номатлуби ҷаҳонишавандаи экстремизму терроризм ва ифротгаройии фаромиллӣ нақши муҳим мегузорад.

Изҳори итминон карда шуд, ки тарафҳо тавассути фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва таҳкими робитаҳои густурдаи байнипарламентӣ дар фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқии ҳамкорӣ саҳми сазовор хоҳанд гузошт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори боварӣ намуд, ки барои рушди пайвастаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ тадбирҳои судовар андешида шуда, барои баланд бардош­тани  сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолиятҳои густурда амалӣ хоҳанд шуд.

Ҷаноби Абдулазиз ибни Муҳаммад-ал-Бодӣ аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос  ва зикр намуд, ки барои такмилу таҳким ва тақвиятбахшии ҳамкориҳои суд­манд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш тадбирҳои мушаххас хоҳад андешид.

DSC_420622 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия ҷаноби Мирослав Лайчакро, ки ҳамзамон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо фаъолият доранд, ба ҳузур пазируфт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи меҳмони воломақомро ба мамлакат фоли нек маънидод карда, изҳор дошт, ки феълан робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ вобаста ба захираю имкониятҳои ҷойдошта бозбинии комилро тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, бо мақсади рушди робитаҳои дуҷониба ва тавсеаи заминаҳои ҳуқуқӣ таҳия намудан ва ба имзо расонидани созишномаҳои дахлдор оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ муҳим шуморида шуд.

Зикр гардид, ки аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ – аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат муайян шудааст, ки дар ин ҷода истифода аз имконоти сармоягузориҳои Словакия дар бахшҳои гуногун, хусусан таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои тиҷоратӣ, омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисон ва менеҷерҳо дар бахши соҳибкории хусусӣ, баҳри бозомӯзию баланд бардоштани донишу малакаи касбии мутахассисони ҷавони тоҷик ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсилашон дар бахши магистратураи донишкадаю донишгоҳҳои Словакия мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳамкориҳои байнипарламентӣ ҳамчун омили мусоидаткунанда дар ин самт муҳим арзёбӣ гардиданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин масоили осебпазир гардидани амният ва ҳамзистии осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти таъсири зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва саҳми дастаҷамъонаи аҳли сайёра дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистонро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сипосмандӣ аз рушди муносибатҳои мутақобилан судманд зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, пеш аз ҳама, дар самти ҳифзи сарҳадот, авлавият дода, бо дарназардошти оғоз ёфтани сарҳади ҷанубии он аз марзҳои кишвар ҳавасманд аст  баҳри бо таҷҳизоти муосири техникии сарҳадбонӣ ва таъмини шароити моддию фаннии сарҳадбонон сафарбар кардани имкониятҳои ин созмони бонуфуз ва кишварҳои аъзо бештар ба амри воқеӣ табдил ёбад.

Ҷаноби Мирослав Лайчак аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос карда, афзуд, ки ҳамчун Раиси амалкунандаи Созмони амният ва хамкорӣ дар Аврупо барои ҳамкории боз ҳам судманд омода аст ва талош меварзад бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш баҳри тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳама самти муаррифишуда тадбирҳои мушаххас андешад.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО