Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хонум Мэрилин Йосефсон

№142 (3936) 24.11.2018

DSC_975520 ноябри соли 2018 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсонро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст сафири навтаъинро ба муносибати супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона шодбош гуфта, фаъолияти ӯро баҳри рушди робитаҳои судманд дар татбиқи барномаҳои муштараки байнидавлатию байнипарламентӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Қайд карда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон яке аз шарикони муҳим арзёбӣ мегардад ва мо ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддати доимии дуҷонибаю минтақавии иқтисодию иҷтимоӣ ва густариши робитаҳо дар доираи Кумита оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ ҳастем. Ҳамчунин, идомабахшии барномаи нави бисёрсолаи Иттиҳоди Аврупоро, ки соли 2020 оғоз меёбад, дастгирӣ мекунем ва умед дорем, ки он бахшҳои муҳими иқтисоди моро низ фаро хоҳад гирифт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, амсоли терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъкид ва изҳор намуд, ки бо дарназардошти дар сарҳади ҷанубии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҷойгир будани кишвари мо, масъалаи тақвияти пайвастаи ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ва бо ин мақсад баҳри бо таҷҳизоти муосири техникии сарҳадбонӣ ва таъмини шароити моддию фаннии сарҳадбонон сафарбар кардани имкониятҳои инноватсионию муосири кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо амри воқеӣ мебошад.

Раиси Маҷлиси миллӣ пайгирона ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун, пеш аз ҳама, иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, технологияҳои инноватсионӣ, соҳаи сайёҳӣ, бахусус, куҳнавардӣ, ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсил ва такмили малакаи касбӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои Аврупо барои донишҷӯёни ҷавону болаёқати тоҷик ва табодули афкори мутақобилан судманди онҳоро ҳамчун тақозои замон таъкид намуда, изҳор дошт, ки барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарламентӣ мо омода ҳастем тадбирҳои судовар андешем ва мутмаинем, ки шумо низ ҳамчун сафири Иттиҳоди Аврупо барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Иттиҳоди Аврупо ва Парлумони Аврупо фаъолияти густурдаро амалӣ хоҳед намуд.

Сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон зикр кард, ки барои ҳамкориҳои суд­манд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ва талош меварзад бо истифода аз ваколатҳои базиммадош­тааш баҳри тақвияти бештари онҳо тадбирҳои мушаххас андешад.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО