Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммад Талҳа Маҳмуд

№142 (3779) 30.11.2017

DSC_950727 ноябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид ­Убайдуллоев ҷаноби Муҳаммад Талҳа Маҳмуд — раиси Кумита оид ба сохторҳои давлатии Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳамзамон роҳбари Гурўҳи дўстии байнипарлумонии Тоҷикистону Покистонро бо ҳайати ҳамроҳонаш, ки дар доираи робитаҳои байнипарламентӣ ба шаҳри ­Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки робитаҳои дўстӣ ва пайвастаи фарҳангии дуҷониба аз гузаштаи дури таърих маншаъ гирифта, баъди соҳибихтиёрӣ марҳилаи сифатан навро касб намуда, тавассути муносибату ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ташаббуси сарони давлатҳо ва санадҳои баимзорасида рушди минбаъдаю татбиқи бомаромро муайян намуданд, ки дар ин замина тақвияту таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ тақозои замон мебошад.

Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки таҳкими муносибатҳо ба фаъолияти гурўҳҳои дўстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Исломии Покис­тон нақши босазо хоҳанд гузошт. Зеро муносибатҳои мавҷудаи ҳар ду давлат, самтҳои муайяни ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, махсусан татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва Созишномаи чорҷонибаи транзитӣ, саноати сабук, коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг, бо истифода аз имконияти парламентҳо, баҳри таъмини рушди устувори кишварҳо пайваста заминаи воқеӣ мегузоранд.

Зикр шуд, ки дар ояндаи наздик бо фароҳам гардидани заминаҳои инфрасохторӣ роҳандозӣ шудани ­лоиҳаи Долони иқтисодии Чину Покистон барои пешрафти иқтисодии кишварҳо тавассути баромадан ба бандарҳои Карочию Гвадар ва ба ин васила ба роҳ мондани табодули ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии навбунёди мамлакатҳо бе баҳра нахоҳад буд ва оид ба ҳар чӣ зудтар мавриди амал қарор гирифтани он тарафҳо ­манфиатдор мебошанд.

Ҳамчунин, Маҳмадсаид ­Убайдуллоев зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷум­ҳу­рии Исломии Покистон ҳамчун узви Коалитсияи зидди­тер­ро­рис­тӣ дар таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон манфиатдор буда, вобаста ба тазодҳои шаклдигаркунандаи вазъу муносиботи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳкими фаъолияти Гурўҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро дар асоси Созишномаи байниҳукуматии соли 2014 таъсисёфта амри воқеӣ меҳисобанд. Илова бар ин, танҳо фаъолияти муштараки хайр­хоҳонаи ҷонибҳо метавонад кафили осудагии минтақа ва рушди муттасили он гардад.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо қаноатмандӣ сатҳи матлуби ҳамкорӣ бо Покистонро дар доираи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ арзишманд дониста, барои пуштибонӣ аз мавқеъ ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ арзи сипос намуданд.

Ҷаноби Муҳаммад Талҳа ­Маҳмуд бо ироаи Паёми шодбошии Миан Ризо Раббонӣ — Раиси Сенати Ҷум­ҳу­рии Исломии Покистон, аз мавқеъ ва назари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Покистон омода аст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутаносибан судманд қадамҳои боз ҳам устувор ниҳад.

Ҳамчунин, баҳри тавсеаи муносиботи байнипарламентӣ аз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба амал овард, ки дар муҳлати барояшон мувофиқ бо сафари расмӣ ба Ҷум­ҳу­рии Исломии Покистон ташриф оранд, ки бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

www.majmilli.tj