Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

№111 (4061) 14.09.2019

DSC_380412 сентябри соли 2019  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақии Собириро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири навтаъинро шодбош гуфта, амалисозии пайвастаи татбиқи ташаббусҳои созандаи сарони давлатҳоро вазифаи аввалиндараҷа ва нақшу густариши робитаҳои мутақобилан судманди байнипарламентиро бобати таҳким ва рушди фазои ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунҷанба зарур шуморида, беш аз ҳарвақта тақвияту тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентиро муассир арзёбӣ намуд.

- Дар марҳилаи кунунӣ таҷдиди назар ва татбиқи воқеии созишномаву қарордодҳои баимзорасида, густариши бемайлони робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, алалхусус, баҳри ҷалби сармояи эронӣ дар саноатикунонии кишвар тақозои замон аст, — гуфт ӯ.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масоили гуногуни марбут ба амнияти минтақа ва вусъати ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ бо арзи қаноатмандӣ аз пазироӣ ва муҳтавои мулоқоти самимӣ, паёми шодбошӣ ва даъвати Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон  ҷаноби А. Лоринҷониро унвонии Раиси Маҷлиси миллӣ бобати дар вақти барояшон мувофиқ анҷом додани сафари расмӣ ба Теҳрон расонида, зикр  намуд, ки ба ҳайси сафир бо ҷалбу сафарбарии имкониятҳои мавҷуда баҳри татбиқи масъалаҳои матраҳгардида ва тавсеаи муносибатҳои кишварҳои дӯст кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

 Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО