Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Вираҷ Сингҳ

№124 (4074) 17.10.2019

DSC_698516 октябри соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳро бо хоҳиши ӯ  ба ҳузур пазируфт.

Дар суҳбат таъкид гардид, ки тавсеаи равобити парламентҳои кишварҳо баҳри фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда баррасии як қатор санадҳо баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, бахусус, дар бахшҳои гидроэнергетика, маорифу тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ, тақозои замони муосир мебошад.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷя Сабҳа (палатаи болоӣ)-и парламенти Ҷумҳурии Ҳиндустон баён дошта, изҳори итминон намуданд, ки тавассути он ва дигар институтҳои равобитӣ фаъолияти судмандро роҳандозӣ менамоянд.

Тарафҳо, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба ҳамоҳангии фаъолияти минбаъда оид ба таҳкими муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму экстремизми байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷаноби Вираҷ Сингҳ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ҷиҳати татбиқи масъалаҳои дар суҳбат  матраҳшуда дар доираи ваколатҳои хеш мусоидат хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО