Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Датук Азҳар Азизан Ҳорун

№138 (4244) 10.11.2020

DSC_1375Нуҳуми ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар реҷаи фосилавӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Малайзия Датук Азҳар Азизан Ҳорун мулоқот намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода Датук Азҳар Азизан Ҳорунро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Раиси Девони Ракият (Парлумон) — и Малайзия табрик гуфта, миннатдории худро барои пешниҳоди ҷониби Малайзия дар бораи баргузор намудани ин мулоқоти маҷозӣ изҳор дошт.

Раиси Маҷлиси намояндагон оид ба таҳким ва густариш бахшидани муносибатҳои парлумонии ҳар ду кишвар ибрози назар карда, гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии қисмати тоҷикис­тониро таъсис додааст ва умед аст, ки бо таъсиси гурӯҳи дӯстии ҷониби Малайзия аввалин машварати гурӯҳҳо дар наздиктарин фурсат баргузор мегардад.

Зикр шуд, ки заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳар ду кишварро якчанд созишномаву ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ташкил медиҳанд, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия имзо шудаанд.

DSC_1391- Боварӣ дорем, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илм, техника, фарҳанг ва сайёҳӣ низ бо дарназардошти манфиати тарафҳо тавсеа меёбанд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд: — Малайзия имкони таъсиси маркази логистикӣ-тиҷоратиро дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва ё дар минтақаи алоҳида барои содироти мол ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои коркарди пешакӣ ва воридоти маҳсулот ба Малайзия баррасӣ намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нақши дарвозаи тиҷоратии Малайзия бо кишварҳои Осиёи Марказиро иҷро кунад. Инчунин, Малайзия метавонад пайванди Тоҷикистон бо кишварҳои АСЕАН гардад.

Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, сайёҳӣ ва ғайра ибрози андеша ва изҳори итминон намуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия дар ҳама сатҳ мазмуну мундариҷаи нав касб хоҳанд кард.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон