Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Игор Лякин-Фролов

№5 (4267) 14.01.2021

DSC_9163Зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир Зокирзода ва Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ки 13 январи соли 2021 доир гардид, масъалаи рушди ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

- Бо саъю кӯшишҳои бевоситаи тарафайн муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор дошта, устуворона рушд мекунанд, — иброз дошт М. Зокирзода ва афзуд, ки дар давоми 28 соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия тавонистанд низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии стратегиро дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробар ташкил кунанд.

Зикр гардид, ки бо дарназардошти муҳимияти робитаҳои дуҷониба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии дахлдор тадбирҳои мушаххас меандешад. Инчунин, таъкид шуд, ки тамосҳои фаъол ва кори муштараки роҳбарон ва аъзои парлумонҳои ҳар ду кишвар дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Ассамблеяи парлумонии СААД ва дигар мақомоти байнипарлумонӣ амалӣ карда мешаванд.

- Дар ин замина мусоидат ба таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ — техникӣ, рушди робитаҳои самарабахши доираҳои тиҷоратии ҳар ду давлат тавассути ташаккули инфрасохтори муосири муносибатҳои бозорӣ, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ вазифаҳои муштарак мебошанд, — гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон