Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Рефик Шабанович

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

DSC_442122 феврали соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рефик Шабанович мулоқот намуд. Зимни он таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду давлати дорои манфиатҳои муштарак таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

- Мо қодирем, ки муносибатҳои намунавии дӯстонаро таъмин намуда, ҳамаҷониба тақвият бахшем, — иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагон ва афзуд, ки иқтидори бузурги ҳамгироии иқтисодие, ки Иттиҳоди Аврупо дорост, имконият медиҳад, ки дар ин самт фаъолиятро ба ҳайси яке аз ҳадафҳои асосии минбаъда муайян намуда, ба пешбурди робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратӣ такони тоза бахшем.

Зикр гардид, ки соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм, аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҳар ду кишвар ва аз ҳамкориҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мебошанд.

Роҷеъ ба муносибатҳои байнипарламентӣ сухан гуфта, М. Зокирзода иброз дошт, ки Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Парламенти Ҷумҳурии Хорватия (Хорватский сабор) дар ҳоли таъсисёбӣ буда, баъди тасдиқ ёфтани он ҳамкорони хорватӣ огоҳ карда мешаванд.

- Таъсиси гурӯҳи зикршуда ба фоидаи ҳар ду ҷониб аст ва ҷиҳати ҳар чӣ бештар рушду тавсеа ёфтани ҳамкориҳои байнипарламентӣ хизмат хоҳад кард, — гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон