Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Василий Серватюк

№144 (4250) 28.11.2020

DSC_232526 ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк  мулоқот намуд.

Зимни он масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Украина баррасӣ гардида, таъкид шуд, ки муносибатҳо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтаанд.

Аз суръати рушди ҳамкории дуҷониба дар баъзе аз соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ  карда, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашудаи миёни Тоҷикистону Украина ҳанӯз хеле зиёданд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Украинаро санадҳои зиёде  ташкил дода, самтҳои гуногуни ҳамкории миёни онҳоро фаро мегирад.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон