Мулоқоти Олим Салимзода бо Питер Буриан

№29 (3979) 16.03.2019

IMG_376613 марти соли 2019 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан мулоқот намуд.

Олим Салимзода иброз дошт, ки робитаҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сол то сол густариш ёфта истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии доимиро дар назди Иттиҳоди Аврупо соли 2001 ифтитоҳ намуд. Комиссияи Аврупо қарори кушодашавии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 2004 қабул кард. Соли 2005 вазифаи намояндаи махсус оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфт.

Тақвияти равобити сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун, мубодилаи боздидҳои расмии сатҳи олӣ ва баланд, ки мунтазам босамар сурат мегиранд, аз вусъати ҳамкориҳои Тоҷикис­тону Иттиҳоди Аврупо шаҳодат медиҳанд.

Олим Салимзода афзуд, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро ба сифати шарики муҳими байналмилалӣ, ки пайваста ба ислоҳоти демократӣ дар кишвар ва ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат менамояд, мешиносад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошад.

- Ҳар сол, — таъкид намуд Олим Салимзода, — миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо вохӯриҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар доираи Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкории парлумонӣ ва ғайра баргузор мегарданд.

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мушкилоти амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавиро дарк мекунанд. Барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, аз қабили BOMCA ва CADAP, ба рушди институтсионалӣ ва мудирияти марзҳо мусоидат менамоянд.

Тоҷикистон мусоидати молиявии Иттиҳоди Аврупоро низ, ки дар доираи барномаи индикативии бисёрсола амалӣ мегардад, мувофиқи мақсад мешуморад.

Питер Буриан низ аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори ҳар чӣ бештари робитаҳо дар сатҳу самтҳои гуногун гардид.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон