Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алӣ Рифат Кёксал

№154 (3634) 20.12.2016

 DSC_053116 декабри соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров оид ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия сухан ронда, аз ҷумла, иброз дошт:

- Туркия солҳои зиёд аст, ки дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хосро ишғол менамояд. Доир ба таҳкими муносибатҳо то ба имрӯз байни кишварҳо 65 шартнома ва қарордод ба имзо расидааст. Айни замон дар кишвари мо 10 корхонаи муштараки Тоҷикис­тону Туркия фаъоланд. Боиси хушҳолӣ аст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф низ сол то сол густариш меёбанд. Дар ин доира ҳоло 200 донишҷӯйи тоҷик дар мактабҳои олии Туркия таҳсил намуда истодаанд.

Дар робита ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ зикр гардид, ки аз соли 1988 гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия амал мекунанд, ки ба тақвияти ҳар чӣ бештари муносибатҳо мусоидат менамоянд.

Алӣ Рифат Кёксал гуфт, ки аз соли 2017 мехоҳанд дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маркази фарҳангии Туркия ифтитоҳ ёбад. Он метавонад муаррифгари мероси фарҳангии мардуми Туркия дар Тоҷикистон бошад.

- Кишвари мо, — афзуд Алӣ Рифат Кёксал, — ҳамеша ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мулоқот, ҳамчунин дар бораи мубориза бо таҳдид ва хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ­экстремизм, қочоқи маводи мухаддир сухан рафт.

 М. Султонов