Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Аскар Тажибаев

№118 (4068) 03.10.2019

DSC_5742Дуюми октябри соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тажибаев мулоқот намуд.

Зимни суҳбат масъалаҳои дӯстӣ ва ҳамкории шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ шуданд.

- Нақши парлумонҳо дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳа хеле муҳим ва назаррас мебошад. Аз ин хотир ҳар чӣ бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоро бояд тақвият бахшем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистон ҷиҳати тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Зикр шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон айни замон дар ҳоли рушду инкишоф қарор доранд. Дар баррасии масъалаҳои муҳими дорои моҳияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд.

- Алҳол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро зиёда аз 70 санад ташкил медиҳад, ки асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ, гумрукӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ мебошад ва густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 корхонаи муштараки тоҷикистонию қазоқӣ фаъолияти судманд ва пурсамар доранд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, аз ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон