Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо дипломати Давлати Кувайт

№110 (3590) 23.08.2016

DSC_033622 августи соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наваш Абдулазиз Аленезиро бинобар анҷоми ваколаташ дар ин вазифа ба ҳузур пазируфт.

Наваш Абдулазиз Аленези, ки аз моҳи майи соли 2011 ин вазифаро иҷро дорад, ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров барои қабули самимӣ изҳори сипос намуда, пайғоми Раиси парлумони Давлати Кувайтро расонд. Ба мардуми кишвар бо роҳбарии хирадмандони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуфоӣ ва саодат орзу намуд.

- Тавре маълум аст, — гуфт Наваш Абдулазиз Аленези, — муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт бо роҳбарии сарварони ҳар ду кишвар дар ҳолати густариш қарор доранд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар сатҳи баланд қарор доранд. Давлати Кувайт аз ҷумлаи давлатҳои пешрафтаи араб ба ҳисоб меравад.

Миёни ду кишвар то ба имрўз 18 созишнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба имзо расидааст, ки ба густариши робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ мусоидат мекунанд.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт доир гардид. Дар доираи ин сафар 6 санади ҳуқуқӣ ба имзо расид. Бахусус, имзои Созишнома дар бораи фаъолияти ниҳодҳои амниятии ҳар ду давлат дар таъмини суботу оромии минтақа муҳим арзёбӣ мешавад.

Моҳи декабри соли 2015 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт сафари корӣ намуда буд, ки дар ин зимн бо Амири Давлати Кувайт ва Раиси Маҷлиси миллии ин кишвар мулоқоти судманд доир гардид. Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт имсол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Умед аст, ки ин сафар боиси боз ҳам тавсеа ёфтани робитаҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт мегардад.

Хотиррасон мекунем, ки Кувайт аз нахустин кишварҳои араб аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф ва аз 31 марти соли 1995 бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст.

 Аъзам МЎСОЕВ, «Садои мардум» Суратгир А. Исоев