Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо дипломати Олмонӣ

№149 (3786) 16.12.2017

DSC_073914 декабри соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхар Хёфер — Виссинг мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров дипломати олмониро ба муносибати оғози фаъолияти сафирӣ дар Тоҷикис­тон табрик намуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки сафи шарикону дӯстонро дар арсаи байналмилалӣ зиёд гардонад. Аз ҷумла, муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикис­тону Олмон, ки тӯли солҳои охир ба таври назаррас густариш ёфтаанд, яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

- Мулоқоти имрӯзаро мо чун амри зарурӣ барои дарёфти воситаҳои нав ба нави рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ менамоем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикис­тон ва Олмон дар самтҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ҳанӯз имконоти истифоданашуда мавҷуданд ва бояд аз онҳо ба таври лозимӣ истифода намоем.

- Тайи солҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон ба марҳилаи сифатан нав ворид шудааст ва умед дорем, ки беш аз пеш тақвият меёбанд.

Ҳамкории байни ду кишвар, хусусан дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф ба таври динамикӣ инкишоф ёфта истодаанд. Ҳар сол даҳҳо донишҷӯ ва аспиранти муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сатҳи донишашонро дар Олмон баланд мебардоранд, — афзуд, Раиси Маҷлиси намояндагон.

Роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ Шукурҷон ­Зуҳуров иброз намуд, ки миёни парлумонҳои ҳар ду давлат гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис дода шудаанд ва боздиди ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Олмон аз кишварҳои якдигар омили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мегардад.

Сафири Олмон низ мулоқотро фароҳамоварандаи шароити мусоид барои тақвияи равобити гуногунҷанбаи Олмон ва Тоҷикистон арзёбӣ намуда, афзуд, ки Олмон ҳамеша хостори тавсеа бахшидани муносибот бо Тоҷикистон мебошад.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

 Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагон