Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо КИМ Сонг Тэ

№116 (3910) 25.09.2018

сурати Ш. Зухуров24 сентябри соли 2018 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея бо Маҷлиси намояндагон Ким Сонг Тэ ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

- Маврид ба таъкид аст, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, ки моҳи апрели соли 2015 сурат гирифт, омили тавсеаи беш аз пеши муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея гардид.

Бо қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо доираи ҳамкориҳо боз ҳам тақвият ёфта, низоми савдои хориҷии кишвар шаффоф ва монеаҳои маъмурию техникӣ тадриҷан бартараф гардиданд.

Дар пешбурди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ назаррас аст. Он дар ҷаласаҳои солона масъалаҳои дуҷониба, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳоро дар самтҳои тиҷорату саноат, энергетика, кишоварзӣ, фарҳанг, туризм, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Татбиқи барномаҳои стратегии Тоҷикистон аз муқаррароти нишастҳо бахшида ба Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ маншаъ мегирад. Аз ҷумла, роҳбарияти Ҷумҳурии Корея рушди муносибатҳоро бо ҳавзаи кишварҳои Аврупову Осиё ҳамчун ҳадафи давлатӣ эълон кардааст, ки дар чаҳорчӯби он ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф бо минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути Роҳи бузурги абрешим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Мақсади асосӣ аз ташаббуси мазкур бунёди қораи нави Аврупову Осиё дар асоси мубодила ва муошират миёни халқҳо мебошад.

- Тоҷикистон ба масъалаи фарҳангу маориф, ки яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Хеле шодем, ки 27 декабри соли 2013 дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази фарҳангии Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт. Дар иртибот ба ин, 30 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангии «Корвон» бо иштироки гурӯҳи ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки аз ҷониби Тоҷикистон хеле самимона пазируфта шуд, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея метавонанд бо сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, кашидани хатҳои интиқоли барқ ҷиҳати интиқоли он ба кишварҳои дигар нақши фаъол дошта бошанд. Дар баробари ин, таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирад. Бо мақсади ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикис­тон ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муфид мебошад. Ҳамчунин, кушодани Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили дастгирӣ аст. Саҳми Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) дар татбиқи лоиҳаҳои рушди захираҳои инсонӣ, кумакҳои техникӣ, интиқоли технология ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, сармоягузорӣ, тиҷорат, энергетика ва фарҳанг мусбат арзёбӣ мегардад.

* * *

Ҳамон рӯз мулоқоти аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар он доир ба робитаҳои бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Таваҷҷуҳи бештар ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва энергетикӣ зоҳир гардид.

Муҳаммадато Султонов мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло Алиев