Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Михаил Козлов

№149 (3943) 15.12.2018

DSC_249813 декабри соли 2018 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия, ки таҳти роҳбарии Михаил Козлов — муовини раиси Кумита оид ба мудофиа ва амният ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд. Зимни суҳбат асосан масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, муносиботи дуҷониба дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

 

Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки ҳайатҳои парлумонии Россия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи парлумонии САҲА, ассамблеяҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ, Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё ва СААД ҳамкории устувор ва фаъол доранд.

DSC_2479Дар мулоқот, ҳамчунин ба масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва марбут ба кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаҳои Федератсияи Россия таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

- Хусусан дар доираи ҳамкориҳо бо Россия ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи маориф диққати махсус медиҳем, зеро маҳз ҳамин соҳа маҷмӯи арзишҳои равобитро ташкил медиҳад. Мисоли равшани ин таваҷҷуҳ густариши омӯзиши забони русӣ дар ҷумҳурии мо мебошад, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони русӣ дар баробари забони тоҷикӣ ҳамчун забони корӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ ва илмиву амалӣ истифода мешавад, дар Маҷлиси намояндагон пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба ду забон сурат мегирад.

Шукурҷон Зуҳуров бо итминон изҳор дошт, ки мулоқот ба густариши ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарлумонӣ ва дигар соҳаҳо миёни ду кишвар мусоидат мекунад.

Роҳбари ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Михаил Козлов изҳор намуд, ки ҳамеша хостори таҳкими беш аз пеши муносибот бо парлумони Тоҷикистон мебошанд ва кӯшиш хоҳанд кард, ки робитаҳои судманди ду кишвари дӯст дар ҳама самт тақвият ёбанд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон