Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Ҷониш Рустенбеков

№17 (3967) 12.02.2019

DSC_4805Ҳаштуми феврали соли 2019 ­Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷониш Рустенбеков мулоқот намуд, ки дар он масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.

Шукурҷон Зуҳуров дипломати қирғизро ба муносибати таъин гардиданаш ба мақоми баланд табрик гуфта, изҳори итминон намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ таҳкиму густариш пайдо мекунад.

Шукурҷон Зуҳуров аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбек Жээнбеков ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 1 — 2 феврали соли 2018 сурат гирифт, ёдовар шуда, қайд кард, ки он ба 25 — солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар рост омад. Сарони кишварҳо дар доираи он ҷанбаҳои васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ ва афзалиятҳои таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд ва ҳамсоягии некро муайян намуданд.

10 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки дар ҷараёни сафар ба имзо расиданд, маҷмӯи шартномавӣ ва ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизис­тонро мустаҳкам намуданд.

Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, таъкид намуд, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро 98 санад ташкил медиҳад, ки солҳои 1993-2018 ба имзо расидаанд. Онҳо заминаи мус­таҳкаме барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун маҳсуб меёбанд. Дар айни замон, беш аз 10 лоиҳаи ҳуҷҷатҳо дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

- Нақши парлумонҳо, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров, — дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳо хеле муҳим ва назаррас мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҳар чӣ бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоро тақвият бахшем.

Шукурҷон Зуҳуров, инчунин, фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизис­тонро ҷиҳати тақвият ёфтани робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина гус­тариш бахшидани дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба дигар масъалаҳои марбут ба робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Муҳаммадато Султонов,  мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон