Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Пан Юнхе

№53 (3690) 16.05.2017

DSC_055015 майи соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Комиссия оид ба корҳои хориҷии Кумитаи умумихитойии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Халқии Хитойро таҳти раёсати  роҳбари гурӯҳ Пан Юнхе, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Хитой мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Шукурҷон Зуҳуров меҳмононро хайра мақдам гуфта, барои кумак ва дастгирии ҷониби Хитой ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиие, ки дар нимаи дуюми соли гузашта дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, изҳори миннатдорӣ намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз сафари Президенти Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Тзинпин (моҳи сентябри соли 2014) барои ширкат дар Ҳамоиши сатҳи баланди СҲШ ва сафари расмии ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда гуфт:

- Дар доираи сафари расмӣ ҷонибҳо Баёнияи муштарак оид ба таъмиқи муносиботи шарикии стратегӣ ва Барномаи ҳамкорӣ то соли 2020 -ро ба имзо расонданд. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Тзинпин санги асоси сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-ро гузоштанд, ки 8 декабри соли 2016 он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита аз натиҷаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, рушди ҳамкориҳои қарордодиву ҳуқуқӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла, алоқаи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумихитойии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Халқии Хитой ёдовар шуд.

Роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ибрози назар намуда, Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки  дар миёни шарикони муҳими тиҷоратӣ Хитой дар мақоми аввал қарор ва дар ҷалби сармоя ба соҳаи саноат дар иқтисоди Тоҷикистон мавқеи бузург дорад.

- Мо ҷараёни корҳои ҳавасмандгардониро ҷиҳати ҷалби бештари ширкатҳои хитойӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳем ва фазои мусоиди сармоягузориро ҷонибдорӣ ва таъмин менамоем. Дар ин замина ташаббуси таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо Хитой ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳем кард, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон ва афзуд: — Бо дарназардошти он ки мубодилаи тиҷоратии дуҷониба соли гузашта дар натиҷаи равандҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ 30% коҳиш ёфт, омода ҳастем, ки барои дар соли 2020 то ба 3 миллиард доллари амрикоӣ расонидани табодули тиҷоратии дуҷониба тадбирҳои муштарак андешем.

Дар суҳбат, ҳамчунин, доир ба масоили дигари  мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили ҷалби сармоя дар бахши хоҷагии қишлоқ, ҳамкориҳо ҷиҳати обёрии заминҳо, тақвияти корҳои таҷрибавӣ дар соҳаҳои гуногуни илм ва техникаи соҳаи кишоварзӣ, тухмӣ ва техникаҳои биологӣ, тармиму таҷдиди роҳи автомобилгарди Хитой — Тоҷикистон, амалисозии Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ оид ба сохта ва ба истифода додани хатти лӯлаи гази «Туркманистон — Хитой» ва ғайра сухан рафт.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой мазмуну мундариҷаи нав касб хоҳанд намуд.

 Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон