Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Шавкат Мирзиёев

№31 - 32 (3825 - 3826) 10.03.2018

DSC_681210 марти соли 2018 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд.

Дар мулоқот аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст ба ҳисоб мераванд.

Раиси Маҷлиси намояндагон меҳмони олиқадр­ро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз – маҳбубтарин ҷашни мардумамон табрик гуфта, зикр кард, ки «Мо дар Тоҷикистон ҳамеша боварӣ доштем, ки дер ё зуд дар муносиботи неки бисёрасраи кишварҳо давраи навине эҷод мешавад ва ҳама чиз ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.

Бинобар ин, сафари давлатии Шумо, дар ҳақиқат, барои Тоҷикистон ва Ӯзбекис­тон рӯйдоди басо муҳим аст.

Бо хушҳолӣ иброз медорам, ки дар остонаи сафари давлатии Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи дӯстии мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон боғеро, ки дар кӯчаи «Беҳзод»-и шаҳри Душанбе воқеъ аст, ба номи Алишер Навоӣ номгузорӣ намуд, ки дар он муҷассамаи Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ сохта мешавад.

Ӯзбекистон қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг»-ро, ки Ӯзбекистонро бо ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, барқарор намуд.

Байни кишварҳо аллакай хатсайри ҳавоӣ, ки муддати 25 сол фаъол набуд ва хатсайри автомобилии байнисарҳадӣ барқарор карда шуд.

Ҷои тардид нест, ки дар доираи ин сафар ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо низ тавсеа меёбанд. Мо омодаем, ки равобити байнипарлумониро бо кишвари Шумо тақвият бахшем.

Шумо қабл аз сафаратон эътироф карда будед, ки «об кардани яхи 20-солаи муносибот кори осон нест».

Ман боварӣ дорам, ки Шумо имконияти додаи Худоро ҷиҳати наздик шудани мардуми кишварҳо аз даст раҳо нахоҳед кард. Фикр мекунам, ки тоҷикон ва ӯзбекҳо бояд бо ҳам бошанд, зеро чанд соли на чандон осони гузашта дар муқоиса бо таърихи дӯстии мо, ки чанд қарнро дар бар мегирад, ночиз аст.

Бовар дорам, ки таҷрибаи ғании Шумо дар ҳалли вазифаҳои мушкил ва тараққиёти Ӯзбекистони дӯст мусоидат хоҳад кард».

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иброз намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардуми ҳар ду кишвар доранд. Аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем.

Шавкат Мирзиёев аз густариши ҳамкориҳои судбахши ду кишвар аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ ва зарурати густариши ҳар чӣ бештари муносибатҳои байнипарлумонии ҳар ду кишварро таъкид кард.

Дар мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ,  узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин (роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ) Исмоилзода Зуфар, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ  Ҳакимов Ориф, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Имомӣ Содиқ Ашурбойзода иштирок ­намуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон