Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Таро Коно

№57 (4007) 21.05.2019

Таро Коно19 майи соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно мулоқот намуд.

Зимни суҳбат зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар чаҳорчӯбаи СММ, дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Воситаи дигари мусоид барои ҳамкориҳо Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» маҳсуб мегардад. Аз моҳи майи соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи раисикунандаи Муколамаро барои солҳои 2017-2018 бар уҳда дошт. Дар ин давра доираи васеи масъа­лаҳои марбут ба иҷрои лоиҳаҳо, ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд. Яке аз натиҷаҳои муҳими бадастомада эълон намудани рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти нави ҳамкориҳои амалӣ дар доираи Муколама мебошад.

Дар баробари ин, миёни кишварҳо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ бар асоси «Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ» ба мақсади таҳким ва рушд бахшидани муносибатҳои дуҷониба таъсис ёфтааст.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, инфрасохтор, тандурустӣ, беҳдошт, некуаҳволии аҳолӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, омодасозӣ ва такмили тахассуси кадрҳо дар чаҳорчӯбаи кумаки расмӣ барои рушд (ODA) ёдовар шуда, гуфт, ки онҳо сол то сол инкишоф ёфта истодаанд.

Қайд карда шуд, ки солҳои охир Ҳукумати Япония дар чаҳорчӯбаи барномаи грантҳои хурду миёна дар Тоҷикистон беш аз 420  лоиҳаи гуногунро муваффақона татбиқ намудааст.

Ҷонибҳо зикр карданд, ки дар самти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи дурусти онҳо дар оянда метавонад сатҳи ҳамкории ду кишварро хеле боло барад.

Тарафҳо оид ба масъалаҳои густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва ғайра низ ибрози андеша намуданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон