Мулоқоти вакилон бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия

№27 (4133) 29.02.2020

изображение_viber_2020-02-28_08-20-22Аз 15 то 22 феврали соли равон дар доираи омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъ як гурӯҳи корӣ иборат аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ҲХДТ ба Федератсияи Россия сафар карда, ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот намуданд.

Зергурӯҳи якум бо роҳбарии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дар вилояти Москва, зергурӯҳи дуюм бо роҳбарии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарифов дар шаҳри Санкт — Петербург ва вакили Маҷлиси намояндагон Мирзодавлат Сабурзода дар шаҳрҳои Екатеринбург, Қазон, Челябинск, Перм, Уляновск ва Тюмен бо ҳамватанонамон вохӯрда, оид ба ­масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла, интихобот, суҳбат карданд.

Зергурӯҳи сеюм, ки ба он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаноатшо Лоиқзода ва дигарон шомил буданд, дар шаҳрҳои Омску Новокузнетск ва Томск бо соҳибкорону муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқоти судбахш анҷом доданд.

Тавре, Қаноатшо Лоиқзода иттилоъ дод, зимни мулоқот аз ҷониби раиси Ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск Шавкатҷон Тоҳиров, узви фаъоли ҷамъияти мазкур Раҳмоналӣ Одинаев ва мутахассиси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуриддин пешниҳод гардид, ки барои осон кардани рафтуомади муҳоҷирон хатсайри ҳавопаймою қатора ба минтақаи Сибир ба роҳ монда шавад.

Зимни вохӯриҳо ҳамватанон аз ҳусни таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили марбут ба муҳоҷирин арзи сипос намуда, иброз доштанд, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзида, баҳри таъмини суботу оромӣ ва пешрафти кишвар саҳми босазо мегузоранд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»