Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо вакилони парлумони Бундестаг

№38 (3675) 11.04.2017

мулокот

10 апрели соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати парламентии Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмонро, ки таҳти роҳбарии Манфред Грунд бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

 Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар самти гуногун муваффақона инкишоф ёфта истодаанд.

- Густариш бахшидани муносибатҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии мо ва Олмон ҳамчун шарики асосӣ ва боэътимоди Тоҷикис­тон дар Аврупо ба ҳисоб меравад.

Боварии комил дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг, амният, мубориза бо таҳдид ва хатарҳои муосир дар оянда низ ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар густариш хоҳанд ёфт, — иброз намуд Шукурҷон Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти имконоти сармоягузорӣ, молиявию тиҷоратии Олмон ва таҷрибаи бойи ширкатҳои он, ҷиҳати рушди иқтисодӣ ба ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, туризм ва технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасманд аст.

- Ҷумҳурии мо, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон, — тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик на танҳо кишварро бо барқи истеҳсоли ватанӣ таъмин намояд, балки ба кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон пешкаш намояд.

Дар робита ба масъалаи Афғонис­тон Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки Тоҷикистон ва Олмон дар эътилофи зиддитеррористӣ паҳлуи ҳам истода, барои барқарорсозӣ, таҳкими сулҳу субот ва эҳёи иқтисодиёт дар ин кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.

- Имрӯз кишвари мо, ки дар хатти аввали мубориза бо гурӯҳҳои террорис­тию экстремистии динӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир ба қитъаи Аврупо қарор дорад, бо тамоми неруву тавон ҳамчун сипари боэътимод хизмат намуда истодааст.

Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон минбаъд низ ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар таҳким меёбанд, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Ҷонибҳо бар он андеша буданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикис­тону Олмон минбаъд мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, соҳаи зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмон — раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Лутфия Раҷабова, вакилони Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода, Нурулло Оқилзода ва Толибхон Азимов иштирок намуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон