Муносибатҳои байнипарламентӣ густариш меёбанд

№124 (4074) 17.10.2019

Аз 6 то 9 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаҳои комиссияҳо ва дигар чорабиниҳои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) баргузор гардиданд, ки дар онҳо муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии СААД оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода ширкат варзиданд.

Аз ҷумла 8 октябр таҳти раёсати раиси Комиссияи доимии АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ А. Р. Симонян ҷаласа баргузор гардид, ки зимни он як қатор лоиҳаҳои қонунҳои намунавии АП СААД, ки аз тарафи Шӯрои экспертию машваратии назди Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД пешниҳод гардида буданд, инчунин, як зумра масоили марбут ба таъмини фаъолияти АП СААД мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар интиҳо нақшаи корӣ оид ба фаъолияти минбаъдаи АП СААД дар самти қонунгузорӣ муайян карда шуд.

- Итминони комил дорам, ки сафари ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт — Петербург ва иштирок дар нишасту ҳамоишҳои Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД ба боз ҳам баланд гардидани нуфузи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни парламентҳои кишварҳои ИДМ, Ассамблеяи байнипарламентӣ мусоидат намуда, омили асосии густариш ёфтани муносиботи байнипарламентии ҷумҳуриҳои аъзо мегардад, — иброз дошт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»