Муроҷиат ба Маҷлиси намояндагон бештар шудааст

№83 (3877) 07.07.2018

Ин аз эътимоди мардум ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат далолат мекунад

DSC_1773Баъди аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани гӯшаи ­иттилоотӣ-иртиботии «Равзанаи парлумон» муроҷиати шаҳрвандон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат бештар шуд. Дар робита ба ин, аз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода хоҳиш кардем, ки роҷеъ ба баррасии муроҷиатҳо мухтасар маълумот диҳад.

- Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Маҷлиси намояндагон кор бо муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад ва аз ҷониби масъулон амалигардонии он тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», муқаррароти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мавзӯи аксари муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қонуншиканӣ дар тақсими замин, баҳси манзил, кумак барои таъмир ва сохтмони манзили истиқоматӣ, ғайриқонунӣ дастгир шудан аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, норозигӣ аз санадҳои қабулнамудаи зинаҳои гуногуни судӣ, хизмати манзилию коммуналӣ ва ғайра иборат мебошад.

Масалан, як гурӯҳ сокинони ноҳияи Балҷувон оид ба ғайриқонунӣ ҷудо намудани замини чарогоҳ ба унвони муовини раиси кумита Зайнуддин Сафаров муроҷиат карданд. Бо мусоидати вакил масъала ҳалли худро пайдо намуд.

Муроҷиати сокинони деҳаи Ҷавонони ноҳияи Восеъ А. Ҳалимов, Р. Шарифов ва дигарон оид ба таъмини оби нӯшокӣ низ бо мусоидати вакили Маҷлиси намояндагон Зайнуддин Сафаров ҳал шуд.

Бо истифода аз имкониятҳои шахсӣ, вакил Ҳаёт Одинаев ба муассисаи томактабии №2, воқеъ дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминобод лавозимоти зарурии таълимӣ ба маблағи 2000 сомонӣ ва як компютер ба маблағи 4000 сомонӣ кумак расонид.

Ҳамчунин, муроҷиати сокини деҳаи Сайёди деҳоти ба номи С. Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирумшоҳ Элмуродов — донишҷӯйи курси сеюми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода дар бораи аз пардохти маблағи шартномавии таҳсил қисман озод намудан, бо мусоидати вакили Маҷлиси намояндагон Ҳ. Одинаев мусбат ҳал гардид.

Аз ҷониби аъзои кумита чанд шикоят нисбат ба кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ мавриди омӯзиш қарор гирифт ва доир ба масъалаҳои муҳими ҳалталабе, ки аз тарафи интихобкунандагон вобаста ба ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмону таъмири мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ ва беҳтарсозии таъмини оби нӯшокӣ, тармими кӯпрукҳо, роҳҳои минтақавӣ ва дохилишаҳрӣ ба миён гузошта шуданд, унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дархостҳои вакилӣ ирсол гардиданд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»