Аз фаъолияти кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши қонунҳои даврони навин дар ташаккули давлатдории муосири миллӣ

№83 (4033) 11.07.2019

rector22Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти ­иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ дар мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои даврони навин ҷиҳати ташаккули давлатдории муосири миллӣ нақши назаррас дорад.

Муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма дар доираи қонунгузории муосир, ба онҳо расонидани кумаки назариявию амалӣ, иштироки бевосита дар раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумлаи самтҳои дигари фаъолияти кумита ба шумор меравад.

Аз ҷумла, дар иҷлосияҳои даъвати панҷум чанд пешниҳоди кумита оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳо «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардиданд.

Илова бар ин, дар кумита қонунҳои зиёди дигар баррасӣ ва доир ба онҳо хулоса пешниҳод шуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки дар ташаккули давлатдории тоҷикон нақши марказӣ дорад, дар марҳалаи даъвати панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ гардид. Он бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии мардум дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон пешниҳод гардид.­

Пӯшида нест, ки ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари хирадманду дурандеш дар пайи саодати халқ собитқадаму заковатманд, бунёдгузори давлати миллӣ ва наҷотбахши миллат, ба сифати — Пешво кайҳо эътироф шудааст. Санади зикршуда ҷойгоҳи табиӣ ва рисолати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи сафҳаи қонун дарҷ намуд. Ба ибораи дигар, қонун муҳаббатномаи халқ ба фарзанди сазовори худ мебошад.

Кумита, ҳамчунин, бо сохторҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ, дар баробари таъмини ҳуқуқӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, ташкилӣ ва коргузорӣ мулоқотҳои Раиси Маҷлиси миллӣ, муовинони ӯ, раисони комиссия, кумитаҳоро бо роҳбарон ва ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони расмию дипломатӣ, ходимону арбобони сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакатҳои хориҷӣ ташкил менамояд. Ҳамчунин, таҳким бахшидани ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ аз самтҳои муҳим ва пурсамари фаъолият ба шумор меравад. Бояд зикр намуд, ки айни замон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъол дар созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз қабили Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ, Ассамблеяи парламентии Осиёӣ ва Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гурӯҳҳои миллии парламентӣ таъсис додааст ва фаъолияти доимӣ ва пурсамар дорад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчун намояндаи парламенти Тоҷикис­тон аъзои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои парламентии байналмилалию байниминтақавӣ мебошанд ва чанде аз онҳо ба мақомоти роҳбарикунандаи комиссияҳо интихоб гардидаанд.

Роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаю комиссия, ­аъзои Маҷлиси миллӣ дар форуму семинарҳо, конференсияю симпозиумҳо ва чорабиниҳои дигари байналмилалӣ ширкат варзида, Тоҷикис­тонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу демок­ратӣ, ҳуқуқбунёду арҷгузор ба арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади густариши ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва робитаҳои дуҷониба миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парламентҳои кишварҳои ҳамҷавори Осиёи Марказӣ ва як қатор кишварҳои Осиёву Аврупо гурӯҳҳои дӯстӣ фаъолият менамоянд, ки дар ташаккули муносибатҳои парламентии муосир нақши назаррас доранд. Таъсиси гурӯҳҳои дӯстии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон, Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маҷлиси Туркманистон, Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Сейми Ҷумҳурии Латвия, Сейми Ҷумҳурии Литва, Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой, Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз инкишоф ва густариши муносибатҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дарак медиҳад.

Дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ (24 — 26 октябри соли 2018) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия таҳти сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардидани Форуми шашуми байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва дар доираи он қабул шудани ҳуҷҷати хотимавӣ, ширкату суханронӣ ва садорати Раиси Маҷлиси миллӣ дар Конференсияи байналмилалии «150 — солагии Эъломияи санкт — петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои тарканда дар замони ҷанг: натиҷаи нав, аҳамияти пешина» (28 ноябр — 1 декабри соли 2018, шаҳри Санкт — Петербург) собитгари андешаҳои болост.

Мехоҳам аз хусуси Форуми VI байнипарлумонӣ, ки болотар зикр намудам, ба тафсил ҳарф занам, зеро баргузории ин гуна ҳамоишҳо на танҳо ба таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, балки ба ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими робитаҳои дуҷониба таъсири амиқ мегузоранд. Қабл аз шурӯи форум, ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба баррасии масъалаҳо таҳти унвони «Такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳими ҳамкориҳо», «Такмили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ — тақозои замон», «Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ», «Оид ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, саноати хӯрокворию маҳсулотбарорӣ (истеҳсоли саноатии молҳо) ва тадбирҳои иловагӣ доир ба такмили минбаъдаи онҳо», «Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитарии Россия ва Тоҷикис­тон: илм, маориф, тандурустӣ», суҳбатҳои гирди миз баргузор гардиданд, ки бешубҳа, дар рушд ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи ҳар ду кишвар нақши муҳим хоҳанд дошт.

Тавре мебинем, робитаҳои байнипарламентӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Сарвари давлат, хусусан, дар масъалаҳои марбут ба ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, аҳамият ва нақши муҳим доранд.

Дар маҷмӯъ, Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ фаъолиятро, қабл аз ҳама, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба ин васила дар рушду таҳкими қонуният, асосҳои конститутсионии ҷомеа ва пешрафту шукуфоии кишвар саҳм мегузорад.

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ