Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - наҷотбахши миллат

Нақши таърихӣ ва созанда

№153-154(3454-3455) 13.11.2015

касри АрбобВақте ба ҳодисаҳои даҳшатовари давлатҳои араб менигарем ва мебинем, ки кашмакашиҳои сиёсӣ давлатҳои бузургу пешрафтаро фурӯ мебаранд, пеши назар Тоҷикистони аввали солҳои 90-уми асри ХХ ва нақши таърихиву созандаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равшан мегардад. Зеро таърих бори дигар исбот намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷумҳурии нав соҳиби истиқлолиятгардидаи тоҷикон дар асл наҷотбахш, тақдирсоз ва сарнавиштсоз буд.

Баҳри амалӣ шудани Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти давлат ҷиҳати барқарорсозии пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои он, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ, қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатӣ заминаҳои пурарзиши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ гузоштанд. Сулҳу дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони азиз маҳз татбиқи қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи онҳо Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати паpокандашyдаpо бо ҳам овард, сулҳи бебозгаштро дар мамлакат барқарор кард ва амнияти тамоми қишрҳои ҷомеаро кафолат дод.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Сарварии давлат, инчунин вазифаҳои муқаддаси pоҳбарии комил ба ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, яъне бунёди ҷомеаи адолатпарварро вогузошт. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро аз Муроҷиатнома («Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо, созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва Изҳороти Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 1992) ба сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳ роҷеъ ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид, ки мақсади бевоситаи он ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар мамлакат буд. Муроҷиатнома тамоми ҳизбу созмонҳо ва мардуми кишварро ба сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ ва наҷоти миллат аз парокандашавӣ даъват намуда, ба баргаштани фирориёни ҳамватан ба сарзамини аҷдодӣ мусоидат мекард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта ҳокимияти давлатиро дар мамлакат ба се рукни мустақил — ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ таҷзия намуд ва кафолат дод, ки онҳо баробар фаъолият менамоянд. Иҷлосия фаъолияти идоракунии давлатиро қавӣ намуда, гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ, қабули Конститутсияи ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳимояи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ногузир донист. Маҳз бо ҳамин асосҳо, моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис дод, ки он бо фаъолияти босамар дар як муҳлати кӯтоҳ лоиҳаи нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро омода намуда, 6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо афзалияти зиёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Нахустин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи тамоми созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун санади нодири ҳуқуқии дорои арзишҳои демократӣ шинохта шуд ва онро имрӯз давлатҳои нав соҳиби истиқлолияти давлатигардида ҳамчун сарчашма ҳангоми омода намудани қонуни асосии хеш истифода мебаранд, ки мояи ифтихори ҳар як сокини кишвар мебошад.

Роҳи муайянкардаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи сиёсати дуруст ва фаъолияти самараноку заҳматофарини Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз миллати сарбаланди моро беш аз 123 давлати дунё ба расмият мешиносад ва кишвари мо бо зиёда аз сад давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатии хешро ба роҳ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ устуворона қадам мегузорад. Парламенти касбии мамлакат ҳамчун зодаи Истиқлолияти давлатӣ миллати сарбаланди хешро муаррифӣ мекунад ва барои рушди Тоҷикистони азиз майдони васеи ҳуқуқиро фароҳам меорад. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоӣ — иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва беҳдошти нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалиро пешаи худ қарор додааст.

Аз ҳама дастоварди нодиру бебаҳои мо, ин дар заминаи қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба ҳамдилии мардуми кишвар, тақвият бахшидани он дар андешаву тафаккури амиқи тамоми ҷонибдорони сулҳ ва истиқрори он дар мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, дастовардҳои нодири сулҳи мо имрӯзҳо дар тамоми манотиқи ҷангзадаи олам ҳамчун намунаи мактаби сулҳофарӣ истифода мегардад.

Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлату давлатдории мо нақши муассир дорад. Аз ин рӯ, дар асри пурталотуми ҷаҳонишавӣ, ки давлатҳои абарқудрат авзоро ба манфиати геополитикии худ метавонанд истифода намоянд, моро зарур аст, ки баҳри нигаҳдории якпорчагии давлат, истиқлолияту ваҳдат ва ояндаи миллати хеш дар атрофи Сарвари матиниродаи хеш Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

 А. Холмуҳаммадзода,  М. Қаландарзода,  Н. Содиқова,  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон