Вакил ва интихобкунанда

Нақши вакилон дар таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон калон аст

№21 (3815) 17.02.2018

Мувофиқи талаботи моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли гуногун ба роҳ монда мешавад. Кор бо интихобкунандагон, баррасии муроҷиати шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин замина дар назди мақомоти давлатӣ пешниҳоди дархости вакилӣ оид ба бартарафсозии камбудиҳо, яъне расонидани ёрӣ ба шаҳрвандон, яке аз онҳост.

Тибқи талаботи моддаҳои 13 — 16 қонуни конститутсионии зикргардида, вакили Маҷлиси намояндагон дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бинобар ворид гаштани муроҷиатҳои шаҳрвандон барои ба анҷом расонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба ҳавзаи интихоботии интихобшуда сафарбар мегардад. Бояд зикр кард, ки вобаста ба талабот вакил вохӯриҳоро дар асоси ҷадвали муайянкарда ва ё аз рӯйи талаби шаҳрвандон гузаронида, дар ҷараёни онҳо барои ба мардум расонидани нуктаҳои ин ё он масъалаи мубрами рӯз диққати махсус дода, аз рафти иҷрои қонунҳои амалкунанда ва вазъи татбиқи барномаҳои давлатӣ маълумот ва аз хусуси фаъолият бояд ҳисобот диҳад.

Вакили Маҷлиси намояндагон зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабули қонунҳо, ҷараёни иҷрои онҳо, рушди маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои террористиву ифротгаройӣ (экстремистӣ), пешгирии ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳад.

Баробари пешниҳод кардани маълумот оид ба масъалаҳои зикршуда  вакил дар маҳалҳо шаҳрвандони алоҳидаро ба ҳузур пазируфта, арзашонро мешунавад ва дар сурати ҳал нашудани талаботи шаҳрвандон муроҷиати хаттӣ ва шифоҳияшонро қабул намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ менамояд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 17- уми ҳамин қонун бо ваҷҳҳои асоснок дархости вакилиро ба мақомоти дахлдори вилоятиву ҷумҳурӣ  ирсол намуда, иҷрои онро зери назорат қарор медиҳад. Мақомот онҳоро баррасӣ карда, аз натиҷааш шаҳрвандон ва вакилро хабардор менамояд. Чунончӣ, ҳамчун вакил аз ҳавзаи интихоботии Ёвон №29, ки ноҳияи Ёвон ва ду деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро фаро мегирад, соли сипаригашта ва имсол бо интихобкунандагон 68 вохӯрӣ анҷом дода, дар рафти онҳо 145 нафар шаҳрванд ба ҳузур пазируфта шуд. Ҳамчунин, 24 муроҷиати хаттии шаҳрвандонро қабул намудам, ки 12 адади он дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз ин шумора ҳафт адад қаноат­бахш ҳал шуд. Муроҷиат­ҳои боқимонда ба вазорату кумитаҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасӣ ирсол гардида, иҷрояшон зери назорат қарор гирифт. Дар робита ба онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор сари вақт бо чораандешии мушаххас ба Маҷлиси намояндагон ва шаҳрвандон маълумот пешниҳод гардид.

Лозим ба тазаккур аст, ки шаҳрвандон ба мақомоти дахлдори ноҳияҳои номбурда борҳо муроҷиати хаттӣ кардаанд, вале онҳо ҳалли худро наёфтаанд.

Дар рафти санҷиши аризаи яке аз сокинони ноҳияи Ёвон, бинобар ошкор гаштани қонуншиканиҳо, ба шахсони мансабдор талаботи қонунгузории кишвар, аз ҷумла муқаррароти Кодекси замин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаҳмонида, аз мақомоти ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ талаб карда шуд, ки онҳо риоя ва ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳимоя карда шаванд.

Омӯзиши муроҷиатҳо собит намуд, ки баъзе шахсони мансабдор, аз ҷумла, роҳбарон, мутахассисон дар самти фаъолият дониши ҳуқуқии зарурӣ надоранд, ҳуҷҷатҳое тартиб медиҳанд ва қарорҳое қабул мекунанд, ки хилофи қонунгузорӣ мебошанд. Чунин амали онҳо ба норозигии шаҳрвандони алоҳида оварда мерасонад ва онҳо маҷбур мешаванд, ки ба мақомоти болоӣ муроҷиат намоянд. Ҳол он ки дар сатҳи ноҳиявӣ имконияти ҳалли мушкилоти онҳо мавҷуд мебошад.

Тааҷҷубовар он аст, ки сатҳи дониши ҳуқуқии як қатор муаллифон аз сатҳи дониши ҳуқуқии баъзе роҳбарон ва мутахассисони соҳаҳо баландтар аст. Масалан, баррасии муроҷиати сокини ноҳияи Ёвон Ғ. Баронов собит намуд, ки номбурда барои аз тарафи ҳамсояҳояш ғайриқонунӣ гирифтани  манзили истиқоматии сохтмонаш нотамом, қитъаи замини наздиҳавлигии писаронаш ва ба он ғайриқонунӣ мусоидат кардани мақомоти дахлдор, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дуруст баррасӣ нашудани муроҷиатҳояш аз мақомоти мазкур тафсири баъзе мод­даҳои қонунгузории амалкунандаро талаб кардааст, аммо муроҷиатҳояш баррасӣ шуда бошанд ҳам, ҷавоби қонеъкунанда нагирифтааст.

Ё як гурӯҳ сокинони шаҳраки Ёвон оиди ба як нафар дар шаҳрак ҷудо намудани се қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ муроҷиат намуданд. Муайян гардид, ки қарорҳои қабулгашта хилофи талаботи Кодекси замин аст, зеро ба як нафар дар ҳамон ҳудуд танҳо як қитъаи замин бояд вобаста карда шавад. Бинобар ин, қарор бекор карда шуд.

Муҳтавои муроҷиату аризаҳои воридгаштаро асосан истифодаи самараноки замин, ҳифзи муҳити зист, фаъолияти соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ, хоҷагии манзил ва архитектураю сохтмон, хизмати коммуналӣ, илму фарҳанг, таълиму тарбияи ҷавонон, тандурустӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва масъалаҳои андоз дар бар мегиранд.

қисмати бештари муроҷиатҳо ба таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ вобаста аст. Муроҷиаткунандагон иброз медоранд, ки аз 5 то 13 сол бо ариза ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муроҷиат мекунанду мақомот аризаҳоро аз қайд нагузаронида, нигоҳ медоранд ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод намекунанд. Ҳол он ки ­тибқи қонунгузории замин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот масъалаи додани заминро ҳал карда наметавонанд, чунин ваколат надоранд, вале ба шаҳрвандон низ ҷавобҳои хаттӣ ирсол намекунанд, ки боиси нигаронӣ мегардад.

Аз ин хотир, ҳамчун вакил тибқи талаботи моддаҳои 10, 11, 13 ва 16 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 7 ва 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мақомоти дахлдор такроран дархости вакилӣ карда, хоҳиш намудам, ки аризаву муроҷиатҳоро баррасӣ ва барои ҳалли онҳо мусоидат намоянд, то ин ки нуқсонҳои ҷойдошта бартараф шаванд.

Толибхон АЗИМЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон