Нахустин асари тадқиқотӣ оид ба парлумон

№49 (3843) 21.04.2018

Бинои-Парламенти-ЧТНашриёти ҶДММ «Офсет — Империя» соли 2016 асари Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ашӯрбой Имомовро бо унвони «Ҳуқуқи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баровард.

Гарчанде он ҳамчун китоби таълимӣ барои донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ пешниҳод гардида бошад ҳам, нахустин асари тадқиқотӣ оид ба фаъолияти парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Асар аз сарсухан, 17 боб ва хулоса иборат буда, ҳар як боб ба самти алоҳидаи фаъолияти парлумони касбии кишвар бахшида шудааст.

Муаллиф доир ба пайдоиши парлумони касбӣ ва доимоамалкунанда дар таърихи навини тоҷикон маълумоти муфассал дода, ба хулоса омадааст, ки «ташкили парлумон дар Тоҷикистон ба натиҷаи ислоҳоти конститутсионии соли 1999 алоқаманд мебошад». Маҳз пас аз гузаронидани интихобот «соли 2000 — ум дар асоси низоми интихоботи нав ҳайати дупалатагии Маҷлиси Олӣ — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон интихоб ва таъин гардида, ба фаъолият шурӯъ кард».

Рисола дар асоси таҷрибаи маъракаҳои интихоботии солҳои 2000, 2005, 2010, 2015 ва фаъолияти Маҷлиси Олии даъватҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум таълиф ёфтааст. Илова бар ин, санадҳои меъёрии ҳуқуқи байналмилалӣ дар бораи усулҳо ва қолабҳои интихоботи демократӣ ва шаффоф, таҷрибаи мақоми қонунгузории кишварҳои ҷаҳон ва ҳамкории байнипарлумонӣ дар асар мувофиқи мақсад истифода шудааст.

Муаллиф ба хонанда оид ба таърихи пайдоиши парлумон, сохтор, қисмҳои таркибии палатаҳо, ҷараёни иҷлосия, тартиби пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо, баррасии қонунҳо дар кумита ва комиссияҳо маълумоти муфассал дода, пайдоиши парлумони касбиро маҳсули талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон арзёбӣ намудааст.

Инчунин, қайд шуда, ки парлумони даъвати якум ва дуюм (солҳои 2000 — 2005, 2005-2010) асосан қонунҳои навро дар самти гуногуни сохтори ҷамъиятӣ ва сохтмони давлатӣ қабул кард. Парлумони даъвати сеюм ва минбаъда (солҳои 2010 — 2015) диққати асосиро ба сифати қонунҳо равона намуд. Маҳз дар даъватҳои охирин дар таҷрибаи Маҷлиси Олӣ баррасиҳои парлумонӣ бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдор ба ҳукми анъана даромад.

Хулосаи олим, дар бораи он ки давраи ташаккулёбии парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан анҷом ёфта, давраи нави фаъолияти касбии он оғоз гардида истодааст, аз ҷиҳати илмӣ асоснок аст.

Ҳангоми таҳияи асар муаллиф аз адабиёти ҳуқуқӣ ва дастовардҳои олимони ватанӣ ва хориҷӣ васеъ истифода бурдааст.

Асар ба доираи васеи хонандагон ва пеш аз ҳама, ба вакилони парлумон тавсия шудааст.

 Зариф ҒУЛОМ,

ҳуқуқшинос