Нашри рангаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

image_slide_753_sliderДар арафаи Иди матбуоти тоҷик, ки ҳар сол дар мамлакат 11 март ҷашн гирифта мешавад, бо ташаббуси роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров маҷаллаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори аввал ранга аз чоп баромад.

Дар он қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои қабулгардида, иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои якҷояи ҳар ду палатаи парлумон, тафсирҳои муҳими Суди Олӣ ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, нашр мешаванд.

Қобили зикр аст, ки шумораи аввали маҷалла моҳи январи соли 1939 ба табъ расида, то моҳи сентябри соли 1991 бо номҳои «Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ведомостҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон» нашр мешуд. Он аз соли 1946 моҳе як маротиба ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ва русӣ ба табъ расида, аз моҳи декабри соли 1999 бо забонҳои тоҷикию русӣ мебарояд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон