Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Насли солим аз оилаи солим ташаккул меёбад

№26 (3506) 27.02.2016

DSC_0014 Таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ 24 феврали соли равон ҷаласаи кумитаи мазкур баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин тасдиқ шуд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ».

Фарҳод Раҳимӣ масъалаҳои зикршударо дар алоҳидагӣ шарҳ дода, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунандаро таъкид намуд.

- Мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани оилаи солим ва насли солим,  пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва бемориҳои ба ирсият асоснокшуда мебошад, — иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон». — Минбаъд, тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда, никоҳи байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян, шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд ва байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, манъ аст, — афзуд раиси кумита.

Дар баррасии ин масъала аъзои кумита Меҳринисо Бобобекова ва Шафеиён Ислом Зиёзода фаъолона ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳояшонро иброз доштанд.

Масъалаҳои дигари рӯзнома низ муфассал баррасӣ шуда, доир ба онҳо дар алоҳидагӣ хулосаҳои кумита қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардид.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ