Натиҷаҳои фаъолияти парлумони касбӣ назаррасанд

№116 (3910) 25.09.2018

tadzh_parlament_022 декабри соли 2017 дар марҳилаи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки рӯйдоди муҳими таърихӣ буд.

Он вазъи пешгӯйинашавандаи ҷаҳони муосир, пайомадҳои буҳрони иқтисодию сиёсӣ, роҳҳои мушаххаси рушди устувори кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, фарогирии наврасону ҷавонон ба таълиму тарбия, бунёду азнавсозии корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ­масъалаҳои дигари ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро бо андешаҳои илман асоснок ва таҳлилҳои дақиқ дар бар гирифт. Роҳбари давлат ба масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили тавлиди маҳсулоти ниёзи мардум ва истифодаи самараноки сарватҳои миллию табиӣ, аз ҷумла, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро, ки аз соҳаҳои хеле муҳими иқтисодиёти муосир маҳсуб мешаванд, махсус зикр намуданд.

Дар ин замина, Пешвои миллат соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки тадбири саривақтӣ дар роҳи рушди устувори иқтисоди кишвар мебошад.

Таҳлил ва дурнамои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нишон медиҳад, ки пешрафти соҳа аз се ҷиҳат барои давлати Тоҷикистон муфид аст:

1. Аз лиҳози иқтисодӣ

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, таблиғи минтақаҳои нотак­рори кишвар шароитро барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ фароҳам ва заминаҳои ворид гаштани сармоягузории мустақимро ба вуҷуд меорад. Ин раванд бунёди инфрасохтори туризм, эҳёи ҷойҳои нави корӣ, рушди сектори хусусӣ ва савдои хурду миёнаро тақвият мебахшад, ки ба зиёд шудани маблағҳои андозӣ ва ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ мусоидат мекунад.

2. Аз лиҳози амнияти фарҳангӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

Раванди бошиддати ҷаҳонишавӣ нишон медиҳад, ки танҳо бо ҳимояи таъриху фарҳанг, анъанаву ҳунарҳои мардумӣ ва дар умум, волотарин арзишҳои миллӣ, метавон кишварро аз фишору таблиғоти фарҳанги бегона ҳифз намуд.

3. Аз лиҳози тарғиботӣ-муаррифии дурусти давлати Тоҷикистон

Маҳз ба ин хотир, муаррифӣ ё таб­лиғотро як бахши муҳими «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» унвон намудаанд. Дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардидани нақшаҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Тоҷикистонро ба таври бояду шояд ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд, сулҳпарвару осоишта ва мардуми онро дорои фарҳанги баланди инсондӯстию меҳмоннавозӣ муаррифӣ менамояд.

Баробари сохторҳои дигар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бармеоянд, қабул намуда, дар самтҳои қонунгузорӣ, муҳокимаҳои парламентӣ, соатҳои парламентӣ ва баргузории конфронсу семинарҳо корҳои назаррасро анҷом дод. Инчунин, қонунҳое қабул карда шуданд, ки барои татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шароити ҳуқуқиро фароҳам месозанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мавриди амал қарор дорад, яке аз дастовардҳои бузурги қонунгузории кишвар на танҳо дар марҳилаи сипаришуда, балки дар тамоми давраи фаъолияти парламенти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин қонуни миллӣ аз дилу рӯзгори мардум, аз мушкилоту муаммоҳои ҳамешагии сокинони кишвар сарчашма гирифтааст. Он воқеан ҳам мардуми кишварро аз харҷҳои миёншикан ва исрофкории беҳуда озод намуд.

Ҳамчунин, дар марҳилаи сипаришуда 42 ҷаласаи Шӯро ва 26 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар онҳо 162 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва теъдоди зиёди шартномаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин давра дар баробари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, якчанд қонуни мукаммали дигар, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ва «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» қабул ва ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқ» ва боз ба даҳҳо қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Дар ҷараёни иҷлосияи чорум ҷиҳати густаришу тақвияти фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагон, ки як бахши асосии кори онро ташкил медиҳад, қадамҳои устувор гузошта шуд.

Мулоқотҳои дуҷониба бо ташаббуси сардорони ду давлати ба якдигар дӯсту ҳамсоя — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон марҳилаи нави ҳамкориҳоро миёни ҳар ду кишвар оғоз намуд. Ҳалли масъалаҳои баҳсӣ, рушди муносибатҳои фарҳангиву иқтисодӣ, роҳандозии иртиботи ҳавоию заминӣ, мубодилаи молу маҳсулот, ки дар як муддати кӯтоҳ амалӣ шуданд, бори дигар собит намуданд, ки роҳи беҳтарини бартарафсозии муаммову мушкилот роҳандозии муколамаҳо ва шинохту эътирофи ҳаққу ҳуқуқи якдигар мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки афзалиятҳои миллӣ дар раванди қонунгузорӣ ин сулҳу субот ва оромии кишвар, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушди устувори иқтисоди миллӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии ташаккули инсон ва шароити арзандаи зиндагии шоистаи шаҳрвандон аст. Дар ин ҷода ба неруи созандаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ такя карда, парлумони касбӣ ҳамеша ба пешниҳоду андешаҳои пурмуҳтавои шаҳрвандон ниёз дорад.

Гулнора Алиева, мутахассиси пешбари Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия