Соати парламентӣ

Нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ нархро танзим мекунаду талафотро аз байн мебарад

№139 (4089) 19.11.2019

DSC_9664Понздаҳуми ноябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев дар мавзӯи «Нақши инфрасохтори таъминоти хизматрасонӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва бозорёбӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соати парламентӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисоду савдо ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Акрамшо Фелалиев гуфт, ки дар сиёсати аграрии мамлакат таъмини боэътимоди аҳолии мамлакат бо маҳсулоти озуқа ва афзун намудани ҳаҷми содироти он мавқеи хосаро ишғол менамояд.

- Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки «барои беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шаванд».

Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тезонидани суръати бунёди инфрасохтори хизматрасонӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, марказҳои логистикӣ, беҳтар намудани бозорёбӣ (маркетинг) дар кишварро тақозо менамояд, — зикр кард номбурда.

Директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Ҷалил Пиризода изҳор дошт, ки дар шароити иқтисодиёти бозорӣ ва рақобати озод нақши инфрасохтори истеҳсолию иҷтимоӣ назаррас мегардад. Истеҳсоли маҳсулот як паҳлуи масъала мебошад, онро ба истеъмолкунанда сари вақт ва босифат расонидан муҳимтар аст.

- Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ аз 5,3 миллион то ба 9,1 миллион расид ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ ба сари аҳолӣ зиёд гашт. Танҳо истеҳсоли тухм, моҳӣ ва равған дар сатҳи нисбатан паст қарор дорад, ки он ҳам дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда сол аз сол ҳалли худро ёфта истодааст, — зикр кард номбурда.

Нотиқ доир ба хизматрасонӣ маълумот дода, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аз лиҳози техникаи кишоварзӣ ҳанӯз нишондиҳандаи соли 1991-ро ба даст наовардаем, ки ин ташвишовар аст. Сабаби асосӣ норасоии маблағ дар хоҷагиҳои хурд мебошад, ки иқтидори харидории техникаро надоранд.

Номбурда нигаҳдории маҳсулотро сабаби асосии аз байн бурдани талафот ва танзими нарх арзёбӣ намуда, зикр кард, ки мутаассифона, ба ин масъала хоҷагидорон аҳамияти зарурӣ намедиҳанд. Ҳарчанд сол аз сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад, вале барои нигоҳдории анбору сардхонаҳо кифоя нест.

Ҷалил Пиризода иттилоъ дод, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 88 сардхона, 135 анборхона, 43 яхдон ва 17 таҳхона мавҷуд аст. Иқтидори ғунҷоиши онҳо 293231 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз он 279616 тонна ба сардхонаю анборхона, 13465 тонна ба яхдон ва 150 тонна ба таҳхонаҳо рост меояд. Дар сардхонаю анборҳои мавҷуда соли 2017-ум 2300 тонна сабзавот, 637 тонна картошка, 1436 тонна мева, 1240 тонна ангур, дар маҷмӯъ, 5613 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира шуд.

Зикр гардид, ки имконияти мазкур бениҳоят маҳдуд аст ва танҳо 8,9 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда дар онҳо нигаҳдорӣ мешавад. Тибқи талабот на кам аз 30 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда бояд дар сардхонаю анборҳо нигаҳдорӣ гардад.

Ба андешаи ӯ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ низ яке аз мушкилоти асосии соҳа ба шумор меравад. Соли 2017 мувофиқи маълумоти оморӣ, 1949 тонна меваи хушк, 12,7 тонна равғани растанӣ, 10,9 ҳазор дал шароби ангур, 22,7 млн. қуттии шартӣ консерва дар корхонаҳои коркард истеҳсол шудааст.

- Ин аз сатҳи пасти фаъолият ё набудани корхонаҳои коркарди маҳсулот шаҳодат медиҳад, — изҳор дошт номбурда.

Дар интиҳо вакилони Маҷлиси намояндагон С. Усмонзода, И. Абдуллозода, Қ. Миралиён ва А. Қобилов вобаста ба мавзӯи баррасишуда саволҳо дода, аз масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев