Нишасти машваратии ҳайати парлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон

№117 (4223) 24.09.2020

DSC_8748Бисту якуми сентябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти машваратии ҳайати байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он доир ба масъалаҳои муҳими байнидавлатӣ, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки бо талоши роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои ҳар ду давлати ҳамсояву дӯст дар ҳама самт рушд намуда, то ба сатҳи шарикии стратегӣ расид. Бино ба гуфти ӯ, ҳоло Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама соҳа ҳамкории густурдаро роҳандозӣ намудаанд. Аз ҷумла, робитаҳои саноативу тиҷоратӣ бо суръати баланд рушд карда истодаанд.

Муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов низ зимни суханронӣ раванди ҳамкории тарафайнро неку дурандешона гуфта, рушди муносибатҳоро барои ҳар ду кишвар муҳим ва манфиатбор арзёбӣ намуд.

DSC_8759Ҳамчунин, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуфар Исмоилзода ва узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Бахтиёр Сайфуллоев суханронӣ намуда, муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоядории ­накуи  дар тӯли таърих шаклгирифтаи халқҳои тоҷику ӯзбекро махсус таъкид карданд.

Инчунин, гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ масъалаҳо  «Дар бораи дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи вазъи иҷрои шартҳои дар Ёддошти соли 2019 байни палатаҳои поёнии ҳар ду кишвар баимзорасонидашуда ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда», «Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин, таҳкими робитаҳои ҳасанаи байниминтақавӣ» ва «Рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалии парламентӣ – Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, Протоколи якҷояи нишасти машваратии ҳайати байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба имзо расониданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»