Номаи тақдири миллат

№74 (4180) 23.06.2020

Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб рафта, миёни мафҳумҳои пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳама комёбӣ, созандагиву ободкорӣ, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии ҷомеа, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллат ба ҳисоб меравад.

Дарвоқеъ, ифтихор ва худшиносии миллӣ пойдевори кишвар ва бақои миллат, сабаби рушду нумӯи он мегардад. Миллате, ки худогоҳ аст, ифтихору ғурури миллӣ дорад, «деҳқонаш барои дигарон кишт намекунад», рушди ҷовидона меёбад:

Аз худнашиносон маталаб дидаи ҳақбин,

Ҳақро чӣ шиносад зи худ бехабаре чанд.

Шоирони ваҳдатсаро, чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Низомиву Ҷомӣ, Лоиқу Бозор ва садҳо дигар, ки осорашон ватандӯстонаву омӯзандаву ибратбахшу ҷовидонаанд, дастур додаанд, ки худшинос, худогоҳ бошем, донем, ки кистем ва аз куҷоем.

Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ

Мекӯш ба хештаншиносӣ.

Халқ низ хуб арзёбӣ кардааст, ки «Давлат ҳама з — иттифоқ хезад…». Ин дурдонаи маънӣ тайи чанд қарн аз насл ба насл мерос мондааст ва ифшогари афкори омӯзандаи қадима аст. Ҳамин аст, ки бузургтарин дастоварди таърихии халқ дар садсолаи сипаришуда, ки тавассути якдилӣ насиб гардид, истиқрори сулҳи комилу тақдирсоз дар кишвар мебошад.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 шурӯъ шуд, анҷоми нек бахшид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими он аҳамияти ҳуқуқӣ доштани Ваҳдати миллист, ки он барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои як ҳар фарди кишвар нақши тақдирсозро дорад. Ҳамин аст, ки сулҳу пойдории Ваҳдат дар мамлакат ба пойдории амният дар минтақа, ба нестӣ расидани таҳдиду харобкориҳо замина гузошт.

Шоири шаҳир Бозор Собир аз ободкорӣ, музаффарият ва созандагии халқу Ватан, ки бо сарварии Қаҳрамони ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯз дар кишвар амалӣ мегарданд, рӯҳу тавон гирифта, бо қаноатмандиву хушнудӣ ва самимияту эҳтироми хоса дар шеъри «Соядасте ба Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» нигоштааст:

Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи «Қасри миллат».

Дар шеъри дигараш, ки «Мефишорам дастҳои маҳкаматро» ном дорад, гуфтааст:

Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро,

Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон,

Ҳамчу дасту панҷаи шахшули деҳқон бачаи қишлоқ

Аз каланду досу мисрон.

Бо садои гармат одат кардаем,

Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,

Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,

Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.

Чунки дар рӯи ту мебинем,

Рӯи миллатро,

Нури миллатро,

Чунки дар пешонаи бози ту мебинем,

Мо хати тақдири миллатро…

Боиси зикр аст, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан бениҳоят калон аст. Танҳо як мисол меорам: НБО «Роғун» — ро кишвари пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ магар сохта наметавонист, чаро насохт?! Вале, Президенти маҳбубу дардошнову дилогоҳи миллат аз уҳдаи ин кори душвор ва дар тасаввур иҷронашаванда бо сарбаландӣ баромаданд ва илова бар ин, шахсан дар сари чанбари булдозер нишаста, дарёи саркаши «Вахш» — ро ба хидмати инсоният таслим намуданд.

Он лаҳзаҳои таърихӣ низ аз назари Бозор Собир дур намонд:

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,

Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.

Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,

Чоки даҳани калони дарёро баст.

Бояд қайд намуд, ки бо ба кор даромадани ду чархаи НБО «Роғун» кишвар барои гузаш­тан аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ қадами бузург гузошт.

Хуллас, Ваҳдати миллӣ бо ташаббус ва роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки миллат ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар ҳамаи соҳа муваффақ гардад.

Аз ин хотир, ҳама вақт бояд барои Ваҳдату пешрафти кишвар сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он бештар бикӯшем.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон