Номзадии Баҳром Иноятзода ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ гардид

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

Дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, ки чанде пеш доир гардид, масъалаи асосӣ пешбарии номзади Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2 аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳрис­тон ва Деваштич бо сабаби пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати узви пешинаи Маҷлиси миллӣ буд.

Вакилон ба ин маснад  номзадии раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзодаро пешбарӣ карданд. Дар овоздиҳии пинҳонӣ ба ҷонибдории номзади мазкур ҳама якдилона овоз дода, натиҷаи  овоздиҳӣ тибқи қарори маҷлис барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилояти Суғд оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2 пешниҳод гардид.

Ҳусейни НАРЗУЛЛО, «Садои мардум»