Оғози давраи нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

№103 (3897) 23.08.2018

DSC_2240Муносибати дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек бо пайванди маънавӣ, динӣ ва фарҳангӣ асрҳост, ки идома дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми музокироти дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва зимни вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иброз намуданд, ки «Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимод фароҳам меоваранд».

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу робитаҳои башарӣ, иртибототи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обу энергетикӣ, амният ва мудофиа, робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар асоси устувор гузошт. Ҳоло қариб ҳама масъалаи баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имкон дод, ки шартномаҳои дахлдорро ба имзо расонанд.

Ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бе раводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз яке аз натиҷаҳои муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекис­тон ба шумор меравад. Дар ин замина қарори ҷонибҳо оид ба марҳила ба марҳила барқарор кардани фаъолияти гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир мебошад. Дар ин робита, ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳадафҳои нек ва ба расмият даровардани онҳо санадҳо, аз ҷумла созишномаҳои тарафайн, имзо ва аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Дар натиҷа, ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстона ва хайрхоҳона миёни ду халқи дӯсту бародар заминаи мусоид фароҳам омад. Бо истифода аз ин  фурсати муносиб аз 1 то 4  августи соли  равон  ҳайати дӯстии Тоҷикис­тон ба кишвари Ӯзбекистон сафар намуд, ки аз намояндагони ҷамъиятиву сиёсӣ ва ходимони фарҳанг иборат буд.

Ҳайати дӯстии Тоҷикистонро дар сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон бо хушнудӣ ва оғӯши гарму пурмуҳаббат бо садои карнаю сурнай ва суруду рақс пешвоз гирифтанд.

Зиёрати  маҷмааи  «Ҳазрати Имом», ки дар осорхонаи он нусхаи аслии «Қуръон»-и усмонӣ маҳфуз аст, тамошои Қасри форумҳои Ӯзбекистон,  Хиёбони адибон, толори ба номи  «Амир Темур» – и меҳмонхонаи байналмилалии «Тошканд», Телевизиони миллии Ӯзбекистон, Китобхонаи миллӣ ва Академияи илмҳо, маҷмааҳои таърихӣ — мад­расаҳои Улуғбек, Тиллокорон, Шердор, навори филм — шоуи таърихӣ дар майдони  «Регис­тон» ва хона — музеи устод Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба мо таассуроти нек бахшид.

Истиқболу пазироии самимона ва гарми мардуми Ӯзбекис­тон бо гусели пурэҳсос анҷом пазируфт. Боздид ва мулоқотҳо нишон доданд, ки халқҳои тоҷику ӯзбек воқеан ҳам ташнаи дидор, сухану ҳунари ноби  ҳамдигар ҳастанд.

Дар доираи сафар масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо низ мавриди гуфтугӯ қарор дода шуд. Бо вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. Абдусатторов оид ба тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар самти қонунгузорӣ ва беҳтар гардонидани робитаҳои гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парламентҳои ду давлат — Тоҷикистону Ӯзбекистон суҳбат намудем, ки хеле пурманфиат буд.

Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳангоми вохӯрӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров иброз намуданд, ки муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ҳар ду кишвар доранд. Вазифаи инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем, зеро арзишҳои умумии таърихӣ ва фарҳангӣ, анъанаҳои эҳтироми тарафайн ва ҳусни ҳамҷаворӣ барои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаи устувор мегузоранд.

Лутфия РАҶАБОВА,  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг  ва сиёсати ҷавонон