Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Оби «Сиёма». Орзуи дерина амалӣ мешавад

№66 (4016) 11.06.2019

DSC_4900Ҳафтуми июни соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 54 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанбе

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанбе» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанбе бо қарори Ҳукумати мамлакат маъқул дониста, 25 апрели соли 2019 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расонида шуд.

Лоиҳа аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» амалӣ шуда, таҷҳизоти барои корхона насбшаванда истеҳсоли ширкатҳои фаронсавӣ мебошад.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда истеҳсоли беш аз 16 млн. литр оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботиро ташкил медиҳад. Айни замон, ба корҳои сохтмон зиёда аз 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ ва 17 нафар мутахассиси хориҷӣ ҷалб шудаанд. Татбиқи лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 100 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мутобиқи созишнома, ба сармоягузор, тибқи тартиби муқарраргардида, озодкунӣ аз пардохти андоз аз фоида ва аксиз ба муҳлати 5 сол пешбинӣ шуда, номгӯйи молҳои барои татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Муҳлати амали созишнома аз рӯзи тасдиқ гардидани он 5 солро дар бар мегирад. Татбиқи лоиҳа бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз ҷумла саноатикунонии кишвар, равона шуда, маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Дар баррасии масъала директори иҷроияи Ҷамъиятии дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» Зафар Бурҳонзода ширкат доранд. Муҳтарам Бурҳонзода, кор дар кадом ҳолат қарор дорад?

Зафар БУРҲОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ҳоло сохтмони корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ба охир расида, васлу насби таҷҳизот низ поён ёфтааст. Корҳои санҷиши истеҳсолиро оғоз намудем.  Оғози кори хатти истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ аввалҳои сентябр ба нақша гирифта шудааст. Корхонаи нав дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.

РАИС: — Оби Сиёма ба он ҷо оварда шудааст?

Зафар БУРҲОНЗОДА: — Не, муҳтарам Раис! Лоиҳаи зикршуда аз ду қисмат иборат аст: Бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва хобонидани қубур. Бинобар он ки хобонидани қубур лоиҳаи басо гаронарзиш мебошад, ин марҳила метавонад бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ карда шавад.

РАИС: — Ҳангоми кашонида овардан об сифати худро гум намекунад?

Зафар БУРҲОНЗОДА: — Ба ин мақсад се адад автомашинаи муосирро ворид намудем, ки ҳангоми тавассути онҳо кашонидани об хусусиятҳои он пурра нигоҳ дошта мешаванд.

РАИС: - Иқтидори корхона чӣ қадар хоҳад буд?

Зафар БУРҲОНЗОДА: — Корхона дар як баст фаъолият намуда, солона 16 миллион литр об истеҳсол мекунад.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дода мешавад.

Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохт­мон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанбе 25 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Масъалаи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе моҳи феврали соли 2017 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ пешниҳод гардида буд.

Лоиҳа аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» амалӣ карда мешавад. Татбиқи лоиҳа бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, саноатикунонии кишвар, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чорум эълон гардидааст, равона шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанберо пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 31 майи соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Вакилони гиромӣ! Дар бораи оби Сиёма солҳои зиёд сухан мерафт ва инак, соҳибкорони ватанӣ ба иқдоми хеле неку муҳим даст заданд, ки боиси дастгирист. Мутобиқи созишнома ба соҳибкороне, ки лоиҳаи мазкурро мавриди татбиқ қарор медиҳанд, имтиёзҳо муқаррар шудаанд, ки барои пешрафти корхонаи нав­таъсис дастгирии қобили мулоҳиза хоҳад буд.

Дар робита ба ин, ташвиқи (рек­ламаи) оби «Сиёма» бояд роҳандозӣ шавад, ҳам дар дохил ва ҳам берун аз ҷумҳурӣ.

Зарфҳое, ки дар он об андохта мешавад, маҳсулоти шишагину пластикии дилкашу назаррабо бошанд. Мардум аз навиштаҷоти дар онҳо часпонида фаҳманд, ки оби «Сиёма» барои саломатӣ басо фоиданок аст. Худатон мушоҳида мекунед, ки аз Федератсияи Россия, Гурҷистону Арманистон ба кишвар навъҳои гуногуни об ворид ва ба фурӯш гузошта шудааст. Бо ин обҳо оби «Сиёма» бояд дар рақобат буда тавонад. Дар натиҷа, воридшавии об аз хориҷа кам шуда, «Сиёма» дар дохил ва ҳам берун аз ҷумҳурӣ мавқеи сазовор пайдо хоҳад кард. Дар масъалаи нарх низ бояд фикр кард, то ин ки он назар ба обҳои воридотӣ арзон бошад.

Ба кор даромадани корхона боиси пайдо шудани ҷойҳои нави кор мешавад, ки шоистаи таҳсину дастгирӣ аст.

Муҳтарам Бурҳонзода! Об ҳама санҷиши заруриро гузашт ё не?

Зафар БУРҲОНЗОДА: — Ҳанӯз дар ибтидои соли 2000-ум дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (зимни яке аз намоишгоҳҳо) оби «Сиёма» ба даҳгонаи обҳои мусаффотарини ҷаҳон шомил шуда буд.

РАИС: - Воқеан ҳам, аз ин хусус солиёни зиёд аст, ки сухан мегӯянд. Агар ба он муяссар шавем, ки оби мазкур тавассути иншоотҳои нодир ба шаҳри Душанбе интиқол ёбад, ҳам корхона васеъ мешаваду ҳам истеҳсолот ва ҷои кор зиёд.

Зарфҳое, ки дар онҳо об гирифта мешавад, аз куҷо мегиред?

Зафар БУРҲОНЗОДА: — Зарф­ҳои шишагинро аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон дастрас мекунем. Капсулаи зарфҳои пластикиро низ аз хориҷи кишвар ворид менамоем. Зарфҳои шишагин дар чор намуд истеҳсол шуда, аз 250 то 700 миллилитр ғунҷоиш хоҳанд дошт. Зарфҳои пластикӣ аз 250 миллилитр то 20 литр ғунҷоиш доранд.

РАИС: - Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Дар нақша истеҳсоли кадом намуди машруботро доред? Оё ашёи хом аз истеҳсолкунандагони ватанӣ аст? Зеро машруботи айёми шӯравӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар хориҷа харидори зиёд дошт.

Зафар БУРҲОНЗОДА: — Мо кӯшида истодаем, ки ашёи хомро аз дохили кишвар дастрас намоем. Барои истеҳсолоти маҳсулоти машруботӣ спиртро аз вилояти Суғд харидорӣ мекунем. Инчунин, ҳоло бо ширкатҳои хориҷӣ дар бораи истеҳсоли зарфҳои шишагин дар дохили ҷумҳурӣ гуфтушунид дорем. Ин кори як рӯзу ду рӯз нест, зеро барои таъсиси чунин корхона сармояи зиёд зарур мебошад.

РАИС: — Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар татбиқи лоиҳа масъалаи бехатарии истифодаи об чӣ мавқеъ дорад?

Зафар БУРҲОНЗОДА:

- Хатти электронии васлшуда дорои лабораторияи сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳангоми истеҳсол таҷҳизот нишон медиҳад, ки об ба ҳама меъёри экологӣ мутобиқати комил дорад ё не. Ҳамчунин, сохторҳои марбутаи давлатӣ низ сифати обро аз назар мегузаронанд.

Илова бар ин, дар километри 54- 55 нуқтаи махсуси назоратиро ҷойгир намудем, ки кормандон бевосита обро назорат мекунанд ва бехатарии истифодаи онро таъмин месозанд. Ҳамчунин, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъала дар бораи ҳамчун мамнӯъгоҳ эълон шудани сарчашмаи оби «Сиёма» ҳоло мавриди баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад.

РАИС: — Сухан ба вакил Содиқова Насиба дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА: — Шумо омода ҳастед, ки зарфҳои ғунҷоиширо аз дигар металҳо истеҳсол намоед?

Зафар БУРҲОНЗОДА:

- Албатта. Ҳоло истеҳсоли оби нӯшокиро ҳам дар зарфҳои шишагӣ ва ҳам плас­тикӣ ба роҳ монданием. Агар ба зарфҳои пластикӣ иҷозат нашавад, омода ҳастем маҳсулоти истеҳсолшударо дар зарфҳои шишагин ба харидорон пешкаш намоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои маъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ дода мешавад.

РОЗИҚЗОДА Абдулҳаким Шералӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Илму маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва меҳварии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханронӣ ва вохӯриҳояшон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаврид таъкид намуданд, ки «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот… баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад».

Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат маншаъ мегирад, ки ҳадафи асосии он таъмин намудани қонуният, шаффофият,  ҳамчунин, мустақилияти комили кишвар дар раванди аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ мебошад. Бинобар ин, бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти ташкилу амалкарди ниҳоди давлатии мус­тақил оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ таъмини заминаи ҳуқуқии шинохту эътирофи Комиссия аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст.

Гузашта аз ин, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссия таҳлил ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва вазъи соҳаро идома дода, ҷиҳати рушди минбаъда  ва такмилу ба талабот мувофиқ намудан, инчунин мушаххассозии ҳуқуқу вазифаҳо ва ваколатҳои Комиссия дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015, № 1197 «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» -ро таҳия намуд.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонун таҷдиди назар намудани баъзе мафҳумҳо ва бартараф намудани мухолифати баъзе аз меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015, № 1197 «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Масалан, сархати 7 моддаи 6, ки «таҳия ва тасдиқи низомномаи Комиссияи олии аттестатсионӣ»-ро ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст. Ҳол он ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҷумҳуриявии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низомномаи он бояд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон августи соли 2014 таъсис ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» 18 марти соли 2015, № 1197 қабул гардида, соли 2018 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Мутаассифона, ҳолати дар боло зикршуда ба назар гирифта нашудааст, ки ин ба пешбурди фаъолияти Комиссия монеа эҷод мекунад. Бинобар ин, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»  зарур мешуморад. Аз ҷумла:

Дар моддаи 1: сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ – фаъолият оид ба баҳодиҳӣ, муайян кардани донишҳои касбӣ, маҳорат ва сатҳи касбии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, инчунин додани дараҷаву унвонҳои илмӣ ба онҳо;»;

дар сархати сеюм калимаҳои «Комиссияи олии аттестатсионӣ» ба калимаҳои «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;

сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – комиссияе, ки низоми миллии аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олиро танзим менамояд»;

сархатҳои ҳаштум ва нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«- тасдиқи низомномаи тартиби додани дараҷаҳои илмӣ;

- тасдиқи низомномаи тартиби додани унвонҳои илмӣ;»;

- дар сархати даҳум калимаҳои «низомномаи намунавӣ» ба калимаи «низомнома» иваз карда шаванд.

Дар моддаи  9 ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда шуда, инчунин, дар матни қонун якчанд мафҳум таҷдиди назар шудаанд . Аз ҷумла, «рисолаҳои илмӣ» ба калимаҳои «рисолаи илмӣ (диссертатсия)», ки ба мукаммал гардидану мутобиқ гардидани он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015, № 1197 «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, барои рушди соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ нигаронида шудааст. Бо  дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.

РАҶАБОВА Лутфия Нусратовна:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» бо мақсади мутобиқ гардонидани қонуни мазкур ба санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, муқаррар намудани салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон, тамоми расмиётро гузашт. Баъди баррасии ҳамаҷониба лоиҳаро кумитаи масъул бо субъектони дахлдор мувофиқа намуд ва ба он тағийру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд. Ҳамчунин, субъектҳои дахлдор лоиҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмил 15 таклифу пешниҳод манзур карданд.

Ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони  кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи  Дастгоҳи  Маҷлиси намояндагон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳоро баррасӣ ва  лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуд.

Он ба  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намуданаш маблағи  иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам Розиқзода! Ҳайати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ба фаъолият шурӯъ намудааст. Шумо дар асоси ҷамъиятӣ фаъолият менамоед ё касбӣ?

Абдулҳаким РОЗИҚЗОДА: — Бас­ти вазифавии комиссия 25 нафарро дар бар гирифта, ҳама маош­хӯр ҳастанд.

РАИС: — Дар асоси моддаи 9 -уми қонун ба шумо ваколатҳои зиёд дода мешавад ва дар заминаи он кори зиёдро ба анҷом расонидан зарур меояд. Аз ҷумла, аттестатсияи кормандони илмӣ, техникӣ, тахассусӣ, пешниҳоди низомнома оид ба шӯрои аттестатсионӣ, пешниҳод намудани тартиби додани дараҷаи илмӣ, унвонҳои илмӣ ва ғайра масъулияти хеле зиёд аст.

Мехоҳам ба як чиз равшанӣ андозед. Шахсоне, ки корҳои илмиро дар дигар кишварҳо ҳимоя мекунанд, онҳо дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда, ба қайд гирифта мешаванд?

Абдулҳаким РОЗИҚЗОДА: — Агар дар ин хусус шартнома мавҷуд набошад, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ аз ҷониби мо нострификатсия карда мешаванд.

РАИС: — Кӯшидан лозим аст, ки дар кори комиссия бюрократия роҳ наёбад, зеро олимон инсонҳои хеле нозуктабиатанд. Ба он чиз бояд ноил шавем, ки падидаи нави дар илм зуҳуркарда танҳо ба нафъи ҷомеа хизмат намояд.

Кӣ оид ба масъала савол дорад ё сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, академик Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дода мешавад.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Қабл аз ҳама, мехоҳам қайд намоям, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» дар ҷумҳурӣ ҳанӯз аз соли 1998 амал мекард ва соли 2015 дар таҳрири нав бо номи «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» қабул гардид, ки ин зарурият аз тараққиёт ва пешрафти давлат дар бисёр соҳаҳо, махсусан дар соҳаҳои илму техника, ба миён омад. Бо гузашти вақт аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар таъсис додани Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» падидаи нек мебошад, зеро дар замони муосир мавҷуд будани комиссия ҳам яке аз нишонаҳои соҳибистиқлолии ин ё он давлат ба шумор меравад. Ҳамчунин, айни ҳол ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» доир ба танзими фаъолияти пурсамари КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ мебошанд.

Лоиҳаи қонун аз ду модда иборат буда, моддаи 1-уми он 9 қисмро дар бар мегирад. Дар моддаи 1 -уми қонун дар 7 ҳолат иваз намудани калимаҳои «рисолаи илмӣ» ё «рисолаҳои илмӣ» ба калимаҳои «диссертатсия» ё «диссертатсияҳо» омадааст, ки пешниҳоди дуруст аст, зеро забони илмӣ забони лотинӣ аст ва калимаи «диссертатсия» аз калимаи лотинии «dissertatio» — яъне «муҳокима», «таҳқиқот» гирифта шуда ва бо забонҳои давлатҳои дигар низ, масалан, бо забони русӣ «диссертация», бо забони англисӣ «dissertation» ва ғайра, яъне дар ҳама забон решаи асосӣ – калимаи «диссертат» нигоҳ дошта шудааст.

Барои мо риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шарт ва тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ як рукни муқаддас аст. Лекин ҳолатҳое мешаванд, ки ин корро бе асоси илмӣ ба ҷо меорем ва ин боиси нофаҳмии дигарон мегардад. Яъне, калимаҳои байналмилалии илмӣ, ки бо забони лотинӣ омадаанд, ба тарҷума ниёз надоранд. Баъзан бо нодуруст талаффуз кардани як ҳарф маънои калима дигар мешавад. Барои мисол, аз алфавити забони тоҷикӣ, намедонам дар кадом асос, ҳарфи «ц» хориҷ карда шуд ва ҳоло дар барномаҳои телевизионӣ ровиён ба ҷои витамини «С (Ц)» витамини «ЭС (S)» талаффуз мекунанд ва хориҷиён фикр мекунанд, ки олимони тоҷик витамини нав, яъне «ЭС»-ро кашф намудаем, ки то ҳол дар табиат ин гуна витамин вуҷуд надорад. Худи витамин ҳам калимаи тоҷикӣ нест ва талаффузи хатои як ҳарф нофаҳмии зиёд ба бор меорад. Ин гуна мисолҳоро хеле зиёд овардан мумкин, лекин ин баҳси мавзӯи забон аст.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида оид ба Муассисаи давлатии «КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 9 дар таҳрири нав ифода карда шуда, КОА дорои ваколати зиёд гардид. Ин, пеш аз ҳама, боварии Пешвои миллат ба комиссия ва вакилони Маҷлиси намояндагон мебошад, зеро дар ҳайати он олимон ва донишмандон фаъолият мекунанд. Лекин дар баробари ҳар як боварии калон боз масъулияти бузурге низ бар дӯш бояд дошт.

Дар сархати 7 моддаи 9 омадааст, ки «-гузаронидани нострификатсияи (баробарарзиши) ҳуҷҷатҳо доир ба дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд.». Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, шаҳрвандони он ҳуқуқ доранд, ки дар дилхоҳ Шӯрои диссертатсионии давлатҳои дигар диссертатсия ҳимоя карда, ҳангоми ба ватан баргаштан КОА Тоҷикистон метавонад онро аз нострификатсия гузаронад. Ба ғайр аз ин, дар мамлакат шӯроҳои диссертатсионии Россия ва дигар давлатҳо амал карда истодаанд.

Давлат дар ҳаққи олимон ғамхорӣ зоҳир намуда, КОА-ро таъсис дод. Лекин барои ба пуррагӣ ҷалб намудани ҳимоякунандаҳои диссертатсия дар Шӯроҳои диссертатсионии КОА Тоҷикистон,  пеш аз ҳама, аз меҳнати ҳалоли кормандони КОА вобастагӣ дорад, то ки тавонанд ба боварии олимон сазовор бошанд. Яъне, ба КОА бояд олимони барҷастаи ҳама соҳа ҷалб карда шуда, кори он бояд хеле шаффоф бошад ва боварӣ дорам айни ҳол чунин ҳам ҳаст. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонун қобили дастгирӣ аст ва аз вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ дода мешавад.

ШОИМЗОДА Ҷамшед Шодӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Таъмини сокинони кишвар бо оби нӯшокӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ноил гардидан ба ин ҳадафи бузург ҳамчун мақсади сеюми Барномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид муайян шудааст. Инчунин, дар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» дар қисмати рушди сармояи инсонӣ ҳамчун масъалаҳои афзалиятнок дастрасии шабакаҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария махсус дарҷ шудааст. Яке аз таҳдидҳо ба рушди кишвар низ ақибмонии инфрасохтори обтаъминкунӣ аз талаботи иқтисодиёти миллӣ ва афзоиши аҳолӣ муайян шудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 791 «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2025» тасдиқ гардид. Ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории ҷорӣ ба ҳадафҳои муайяншуда ва ташкили заминаи мусоид барои рушди соҳа, тибқи банди 10 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ислоҳоти соҳаи об», таҳлил ва омода намудани пешниҳодҳои мушаххас барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» пешбинӣ гардид.

Бо мақсади дақиқу амиқ баррасӣ намудани масъала бо ҷалби васеи коршиносони соҳа, шарикони рушд ва ташкилотҳое, ки бевосита ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов сарукор доранд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ пешниҳодот бо ба инобат гирифтани таҷрибаи мусбати пешқадами байналмилалӣ хулосабандӣ  шуда, бинобар зиёда аз 70 фоиз тағйир гардидани матни қонуни амалкунанда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» таҳия ва омода карда шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба зарурият ва афзалиятҳои қабули лоиҳаи зикргардида ҷалб намоям. Дар сурати қабул гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» масъалаҳои марбут ба бехатарии таъминоти оби нӯшокӣ ва обҳои партов, назорати давлатӣ, баҳисобгирӣ, ҳифзи манбаъҳо, шабакаҳо, танзими ҳуқуқӣ дар самти қабул, интиқол ва тозакунии обҳои партов беҳтар гардида, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва ташкилотҳои соҳавӣ, истеъмолкунандагон ва истифодабарандагон ба танзим дароварда мешавад.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар қонуни амалкунанда «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» умуман муносибатҳо дар бораи рафъи обҳои партов танзим нашуда буд. Дар асл бошад, масъала аз ҷониби ташкилотҳои таъминкунандаи оби нӯшокӣ ба роҳ монда шуда, вале ягон танзими қонунии чунин фаъолият вуҷуд надорад. Бинобар ин, бо дарназардошти муҳим будани масъалаи танзими ҳуқуқии рафъи обҳои партов дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, масъалаи танзими рафъи обҳои партов инъи­кос шудааст.

Бо мақсади ҷалби сармоя, бахши хусусӣ ва истифодаи усулҳои гуногуни ҳамкорӣ дар самти беҳтар намудани вазъи таъминот бо оби нӯшокӣ дар моддаи 9 лоиҳаи қонун, шаклҳои гуногуни моликият ба шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов пешбинӣ шудааст. Яъне, шабакаҳои мазкур метавонанд моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ бошанд.

Дар моддаи мазкур, инчунин, дигар паҳлуҳои масъалаи моликияти шабакаҳо танзим гардидааст.

Дар лоиҳаи қонун танзими масъалаҳои маблағгузорӣ ва тарифи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он, манбаъҳои маблағгузории таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов метавонад аз сарчашмаҳои гуногун – буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, маб­лағҳои истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов, маблағҳои ихтиёрии аҳолӣ, субъектҳои хоҷагидор ва дигар манбаъҳо дар доираи  қонунгузории амалкунанда иборат бошад.

Бо дарназардошти ин, аз шумо хоҳиш менамоям лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъа­лаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.

Олимҷон Сафаров:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, пешниҳод мешавад. Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 5 апрели соли 2019 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд ва бо мақсади таъмини иҷрои банди 10 нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №791 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2025» таҳия ва омода шудааст.

Бо қабул гардидани он бехатарии оби нӯшокӣ, таъмини сифат ва бехатарии обҳои партов, назорати давлатӣ ва баҳисобгирӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, кафолати бо оби нӯшокӣ таъмин намудан дар ҳолатҳои фавқулода, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва ташкилотҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва иттилоот оид ба масъалаҳои таъмини оби ­нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов беҳтар мегардад.

Лоиҳаи қонун аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ёфта, ҳамзамон 82 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки 62 — тои он пурра ва 11 — тоаш қисман қабул гардид.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надошта, татбиқаш аз буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб наменамояд. Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Маърӯзаҳо поён ёфтанд. Кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Дар шаҳрҳои калон, вақте ки шумораи аҳолӣ зиёд мешавад, оби масрафшуда, аз нав коркард мешавад. Оё дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе, аз нав коркард намудани оби масрафшуда дар мадди назар гирифта шудааст?

Ҷамшед ШОИМЗОДА: — Айни замон дар шаҳрҳои Тоҷикистон 2,9 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ карда, аз ҷумла 2,1 миллион нафари онҳо аз системаи марказонидаи таъмини оби нӯшокӣ истифода мебаранд. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ, аз нав коркард намудани оби истифодашуда хеле гарон аст. Аз ин рӯ, масъалае, ки шумо матраҳ намудед, дар барномаи рушди шаҳру ноҳияҳо бояд алоҳида баррасӣ карда шавад.

РАИС: - Воқеан ҳам, масъалае, ки муҳтарам вакил ба он ишора карданд, дар кишварҳои рушдкарда ба мушоҳида мерасад ва оби истифодашуда, дигарбора коркард шуда, ҳатто барои нӯшидан ҷоиз дониста мешавад.

Шукр, об дар кишвар зиёд аст ва шояд даҳсолаҳо ба норасоии оби ошомиданӣ дучор наоем. Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: - Алҳол чанд фоизи аҳолии мамлакат бо оби тоза доимӣ таъминанд? Оё имкониятҳои боз ҳам беҳтар намудани вазъи таъмини оби тозаи ошомиданӣ мавҷуданд? Саволи дигар. Вақте ки мақоми ваколатдори давлатӣ нарх ё тарифро муайян мекунад, бархӯрди манфиатҳоро ба миён оварда, метавонад боиси норозигӣ шавад. Оё дуруст намебуд, агар ин ваколат ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад?

Ҷамшед ШОИМЗОДА: — Тақрибан 62 фоизи аҳолии кишвар, аз ҷумла 93 фоизи сокинони шаҳрҳо ва 47,7 фоизи аҳолии деҳот, бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд. Норасоии таъминоти боз ҳам хубтари об ин куҳна шудани инфрасохтор ва инчунин, зиёдшавии аҳолӣ мебошад. Қисмати бештари инфрасохтори таъмини оби нӯшокӣ солҳои 60 — 80- уми асри гузашта бунёд шудааст ва аз 40 то 50 ва аз ин ҳам бештар солҳо мавриди истифода буда, куҳна гардидааст.

Ҳоло барои ислоҳи вазъ чорабиниҳо татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 9 лоиҳаи қонун бо ҷалби бахши хусусӣ, иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ беҳтар намудани вазъи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар мадди назар гирифта мешавад.

Вобаста ба саволи дуюм изҳор менамоям, ки ҳангоми муайян кардани нарх ё тарифи хизматрасонии оби нӯшокӣ бархӯрди манфиатҳо ба миён намеояд, зеро дар раванди муайян кардани нарх ё тариф Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҳамчун оператор баромад менамояд. Ҳарчанд ки ин мақоми сиёсӣ тавлидкунанда ё истеҳсолгари об нест.

РАИС: — Сухан ба вакил Авзалшоева Бибидавлат дода мешавад.

Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА:

- Солҳои 2016 ва 2018 ду созишнома дар хусуси таъмини об барои сокинони шаҳри Хоруғ ба имзо расида, созишномаи дуюм бояд то охири соли 2018 амалӣ мегардид. Вале ҳоло масъалаи таъмини об барои сокинони Хоруғ ҳалношуда боқӣ монда, танқисии норасоии об ба мушоҳида мерасад. Ин вазъро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

РАИС: - Ба ин савол муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Нуралӣ Марҳабо Мир посух мегӯяд.

НУРАЛӢ Марҳабо Мир:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Марҳилаи якуми созишнома дар бораи таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳри Хоруғ поён ёфт. Бо дарназардошти он ки созишномаи зикргардида созишномаи қарзӣ буд, ВМКБ қарзе, ки мо гирифтем, бояд бармегардонид. Мутаассифона, ин кор сурат нагирифт ва бинобар ҳамин, татбиқи марҳилаи дуюм каме ба қафо андохта шудааст.

Дар баргардонидани қарз шаҳру ноҳияҳо низ бояд саҳм гузоранд. Имрӯз ВМКБ қарзро хеле кам пӯшонидааст. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар кӯшиши он аст, ки татбиқи марҳилаи дуюмро аз нимсолаи дуюми соли ҷорӣ оғоз намояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Мирзомуддин дода мешавад.

Мирзомуддин КАМОЛЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ғизои мукаммал ва истеъмоли дурусти он асоси саломатӣ ва инкишофро ташкил медиҳад. Ғизои солим гарави масунияти қавӣ, камтар гирифтор шудан ба бемориҳо ва солимии одамони ҳама синну сол мебошад. Махсусан, барои рушди муътадил ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакони хурдсол витамин ва минералҳо зарур мебошанд. Одатан норасоии витамин ва минералҳо якҷо пайдо мешаванд ва таъсироти якҷояи онҳо дар давраҳои муҳими ҳаёт, аз ҷумла, давраи ҳомилагӣ то синни 23 — моҳагии кӯдак ба сатҳи баланди беморшавӣ ва фавти навзодон оварда, ба таъсироти бебозгашти ҷисмонӣ ва ақлонӣ, оқибатҳои нохуши якумра барои саломатӣ замина мегузорад.

Норасоии микроэлементҳо ин нокифоя будани витамину минералҳои муҳим ва барои инкишофу рушди муътадили организми инсон дар миқдори хурд зарурӣ маҳсуб меёбанд. Микроэлементҳои таркиби ғизоро витамину минералҳо ва ферментҳо ташкил медиҳанд, ки барои рушд, баланд бардоштани масунияти бадан ва пешгирии бемориҳо аҳамияти хоса доранд. Микроэлементҳо дар организми инсон истеҳсол намешаванд ва бояд тавассути ғизо ба организм ворид гарданд.

Норасоии оҳан дар хӯрок сабаби асосии камхунӣ мебошад. Кӯдакони хурдсол, занҳои ҳомила ва занҳои қобили таваллуд бештар мубталои ин беморӣ мешаванд. Норасоии чунин микроэлементҳо, ба монанди оҳан, йод, витаминҳои А ва Б, кислотаи фолиевӣ ва руҳ метавонад оқибатҳои харобиовар дошта бошад.

Тадқиқотҳои илмӣ дар масъалаи солимии аҳолӣ собит сохтанд, ки 18 фоизи кӯдакони синни то 5 — сола аз қадпастӣ, 42 фоиз кӯдакони синни 6 — 59 — моҳа ва 41 фоизи занони синни 15 — 49 — сола аз камхунӣ азият мекашанд. Илова бар ин, 94 фоизи бемориҳои камхунӣ дар ҷумҳурӣ ба норасоии оҳан дар хун мансуб буда, 40 фоизи модарони дар давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд фавтида гирифтори бемории камхунии норасоии оҳан буданд. Тибқи маълумоти ҷойдошта, дар ҷумҳурӣ ҳар сол 225 нафар кӯдак бо иллати чурраи ҳароммағз ё дигар нуқсонҳои найчаи асаб таваллуд мешаванд.

Мушкилоти мавҷударо ба инобат гирифта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҷалби сохторҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ ба маҳсулоти хӯрок­вории ғанигардонидашуда» — ро таҳия намуд, ки аз 7 боб ва 36 модда иборат буда, масъалаҳои марбут ба муқаррароти умумӣ, танзим, идоракунӣ ва дастгирии давлатӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он, талабот ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, хусусиятҳои ғанигардонии намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.

Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун таҷрибаи кишварҳои пешқадам, аз қабили давлатҳои Аврупо, Амрико ва Осиёи Марказӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор ёфта, меъёрҳои дахлдори онҳо бо дарназардошти таҷрибаи маъмулии меъёрэҷодкунӣ ва вазъи мавҷудаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ба инобат гирифта шуд.

Ҳадафи ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ бе ягон хавф бунёд намудани захираи микроэлементҳо маҳсуб ёфта, он аллакай дар давоми даҳсолаҳо бо мақсади беҳбуд бахшидани вазъи ғизогирии аҳолӣ дар кишварҳои гуногун истифода мешавад. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ аз солҳои 30 — юми асри гузашта оғоз гардида буд. Айни ҳол қариб 90 давлати дунё дорои қонунҳое мебошанд, ки муносибатҳои вобаста ба ғанигардонии маҳсулоти хӯроквориро танзим менамояд.

Дар Осиёи Марказӣ низ ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон қонунҳои худро таҳия ва қабул намудаанд.

Мақсади асосии лоиҳаи қонун бо роҳи муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ ва номгӯйи ниҳоии маҳсулоте, ки ба ғанигардонӣ фаро гирифта мешаванд, пешгирии бемориҳои камхунии норасоии оҳан, туршии фолат (фолиевая кислота), руҳ, витаминҳои гурӯҳи «В», йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ боиси фавти бармаҳали модарону кӯдакон гардидаанд ё ки ба маъюбӣ, инчунин креатинизм оварда мерасонанд, иборат аст. Яке аз принсипҳои асосии омода намудани лоиҳаи қонун интихоби маҳсулоти озуқаи мувофиқ барои ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ бо витаминҳо ва минералҳо мебошад. Интихоби маҳсулоти озуқа барои ғанигардонӣ бо витаминҳо ва минералҳо вобаста аз истеъмоли ғизо дар байни аҳолӣ ва нишондиҳандаҳои вазъи саломатӣ ва дигар омилҳо анҷом дода мешавад. Инчунин, дар вақти интихоби маҳсулоти озуқа дигар омилҳои муҳими асосӣ, таъмини назорати самараноки сифати маҳсулот, миқдори пешгӯишавандаи истеъмоли он, дастрасии аҳолии осебпазир, дастрасии микроэлементҳои барои ғанигардонӣ иловашаванда ба бехатарии онҳо ба назар гирифта шудааст.

Маҳсулоти озуқавории барои ғанигардонӣ, ки дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ин:

- орди гандумии навъи олӣ ва якум;

- хамирмоя (дрожжи) — и нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ;

- шир ва маҳсулоти ширии туршмазза, аз ҷумла барои ғизои кӯдакон пешбинигардида;

- шарбат, шаҳди мева ва сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва сабзавотии шарбатдор;

- оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиршуда ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ;

- инчунин, намаки ошӣ мебошад.

Гандум дар Тоҷикистон маҳсулоти асоситарини хӯрокворӣ маҳсуб гардида, аз 50 то 70 фоизи калорияи гирифташавандаро барои аҳолӣ ташкил медиҳад ва ин нишондод яке аз баландтарин дар ҷаҳон мебошад ва он аксаран дар шакли нон истеъмол мегардад.

Дар робита ба ин, ғанигардонии орди гандумии навъи якум ва олӣ метавонад мушкилиҳои алоқаманд бо камхунӣ ва норасоии ғизоро махсусан дар байни кӯдакони хурдсол, занони ҳомила ва занони қобили таваллуд ҳал намояд. Ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ аз лиҳози иқтисодӣ воситаи аз ҳама самарабахши бартараф намудани норасоии микроэлементҳо ва коҳишдиҳии сарбории алоқаманд ба низоми тандурустӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокӣ маҳсуб ёфта, метавонад ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдакону занон, пешгирии қадпастӣ, камвазнӣ, лоғарӣ ва камхунӣ таъсири мусбат расонад.

Дар асоси гуфтаҳои боло, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.

Ашурзода Гулбаҳор Сангилло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, №495 тасдиқ шудааст, бо мақсади пешгирии бемориҳои камхунии норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи «В», йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ сабаби фавти бармаҳали модарону кӯдакон гардидаанд ва ба маъюбӣ, аз ҷумла, кретинизм оварда мерасонанд, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонун аз 7 боб ва 36 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда танзим намуда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирии норасоиҳои микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба онро муайян мекунад.

Боби якум ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, вазифаҳо ва доираи амали қонуни мазкур, принсипҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ва сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он пешбинӣ шудааст.

Боби дуюм «Танзим, идоракунӣ ва дастгирии давлатӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрок­вории ғанигардонидашуда» ном дошта, фарогири моддаҳои 6 — 12 мебошад, ки он муносибатҳоро дар самти назорати давлатӣ ва санҷиш дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими техникӣ ва метрология, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, самтҳои асосии таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, дастгирии давлатии таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он ва мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолиро ба танзим медарорад.

Бобҳои 3 — 6 фарогири муносибатҳо дар самти «Пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он», «Талабот нисбат ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ва «Хусусиятҳои ғанигардонии намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ» мебошанд.

Боби ҳафт аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, дар бораи аз эътибор соқит донистани қонунгузории амалкунанда дар бораи йоднокгардонии намак ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ карда шудааст.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2019, №2130 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 226 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 122 таклиф пурра ва 35 таклиф қисман қабул гардид.

Кумитаи масъул 21 майи соли 2019 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳоди ироагардидаро баррасӣ намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Инчунин, аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров таклифҳо доир ба такмили лоиҳаи қонун манзур гардида, пурра ба инобат гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Кумитаи масъул, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Вакилони муҳтарам!

Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Оё орд ва маҳсулоти ордии дар ҷумҳурӣ то ин дам истеҳсолшаванда ғанӣ гардонида шудааст? Баъди қабули қонун ва мавриди амал қарор гирифтани он корхонаҳои ҷумҳурӣ барои истеҳсоли орд ва маҳсулоти ордии ғанигардонидашуда омодаанд?

Мирзомуддин КАМОЛЗОДА: - Маҳсулоти то ин дам дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ғанӣ гардонида намешуд, зеро дар ин бобат ягон санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул нашуда буд. Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 50 корхонаи коркарди ғалла фаъолият мекард. Ҳоло 30 адади он фаъол буда, асосан аз ҷумҳурии Қазоқистон ғалла ворид намуда, онро дар коргоҳҳояшон ба орд ва маҳсулоти ордӣ табдил медиҳанд. Дар сурати қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қонун онҳо омодаанд маҳсулоти хешро ғанӣ гардонанд. Дар ин кор ба онҳо шарикони рушд кумак хоҳанд кард.

РАИС: — Дар ин кор бояд Агентии захираҳои моддӣ масъул бошад, зеро орд ва маҳсулоти ордӣ дар корхонаҳои тобеи он истеҳсол мешавад. Кор бояд кашол наёбад. Дар акси ҳол санҷишгарон фаъолияти корхонаҳое, ки дар ҷорӣ намудани ғанигардонии таркиби орд, маҳсулоти ордӣ ва дигар номгӯйи маҳсулоте, ки онҳо низ ғанӣ гардонида мешаванд, саҳлангорӣ мекунанд, қатъ ё боз дошта, ҷаримабандӣ мекунанд, ки ба нафъи кор нахоҳад буд.

Сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ дода мешавад.

Хайринисо ЮСУФӢ:

- Ин кор, яъне ҷорӣ кардани ғанигардонии орд, маҳсулоти ордӣ ва дигар маҳсулот, хеле пештар, дар даъвати чорум шурӯъ гардида буд. Шарикони рушд, аз ҷумла Вазорати саноат, омода буданд ин корро шурӯъ намоянд.

Аз ин рӯ, лоиҳаи қонун саривақтӣ буда, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев дода мешавад.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Ман ба муовини вазир савол дорам. Дар моддаи 30 — юми лоиҳаи қонуни мазкур аз хусуси ғанигардонии шарбатҳои мевадор ва шарбатҳои сабзавотӣ низ сухан меравад. Оё ин кор зарурат дорад, зеро дар Тоҷикистон меваҳои беҳтарин парвариш меёбанд, ки аз ҷиҳати экологӣ тозаанд. Онҳо манбаи фаровони витаминанд. Биноан, магар зарур аст ба таркиби шарбати онҳо иловаҳои химиявӣ ҳамроҳ намоем?

Хайринисо ЮСУФӢ:

- Ин ҷо гап дар хусуси кӯдакони синни то 6-моҳа ва модароне меравад, ки камхун мебошанд.

РАИС: - Он чизро низ бояд ба инобат гирифт, ки агар ба таркиби шарбат баъзе иловагиҳо ҳамроҳ карда нашавад, он зуд вайрон мешавад.

Мирзомуддин КАМОЛЗОДА: - Савол бамаврид мебошад. Вале воқеан ҳам, ҳангоме ки шарбат омода мешавад, як қатор унсурҳое зарур мешаванд, ки барои муҳлати муайян нигоҳ доштани он кумак кунанд. Ин унсурҳо, ҳамчунин, боиси аз байн рафтани баъзе олудагиҳои (примесҳои) нолозим низ хоҳанд шуд. Ин кор дар айёми шӯравӣ низ сурат мегирифт. Онро ҳам бояд ба эътибор гирифт, ки дар кишвар микронутриентҳо, микроэлементҳое, ки ҳангоми омода кардани маҳсулоти ғанигардонида истифода мешаванд, қариб мавҷуд нест. Аз ҷумла, йоде, ки барои ғанигардонии намак истифода мешавад, дар ҷумҳурӣ мавҷуд нест. Ин масъала чанде пеш дар Шӯрои тандурустии назди Сарвазири мамлакат мавриди баррасӣ қарор ёфт.

РАИС: - Гулбаҳор Ашурзода, шумо чизе илова карданиед?

Ашурзода Гулбаҳор Сангилло: — Барои он ки эҳтиёҷи шабонарӯзии организми инсон ба йод қонеъ гардонида шавад, ба шахс лозим аст, ки дар як шабонарӯз 10 кило хурмо истеъмол намояд. Магар мо метавонем ин миқдор хурмо истеъмол кунем? Албатта, не. Бинобар ин, ба таркиби намак ҳамроҳ кардани йод, ба таркиби шарбатҳо ҳамроҳ намудани микронутриентҳо ва микроэлементҳо, ки талаботи физиологии инсонро қонеъ гардонида метавонанд, басо зарур ва муҳим аст.

РАИС: - Сухан ба вакил Раҷабова Лутфия дода мешавад.

Лутфия РАҶАБОВА: - Ғанигардонии маҳсулот то чӣ андоза ба нархи он таъсир мерасонад?

Мирзомуддин КАМОЛЗОДА: — Нархи маҳсулоти ғанигардонида аз 1 то 2 фоиз боло меравад. Масалан, баъди ғанигардонӣ нархи як халта орде, ки 50 кило вазн дорад, 1 сомонию 20 дирам қимат мешавад. Арзиши як литр маҳсулоти ширӣ 0,5 сомонӣ боло меравад.

РАИС: - Кӣ боз сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба вакил Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ҳамчуноне медонем, мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» зикр гардидааст. Рушди иқтисодии ҷумҳурӣ бошад, аз сатҳи сиҳатии ҷомеа вобастагӣ дорад. Витамину микроэлементҳо барои сиҳатии инсон басо заруранд. Ман барои донишҷӯён дарс мегӯям. Қади аксари онҳо аз қади ман паст аст. Ҳол он ки ман аз ҷиҳати қад солҳои донишҷӯӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва донишгоҳи хориҷӣ аз қафо сеюм ё чорум будам. Сабаби паст будани қади шогирдони имрӯза, аз ҷиҳати ҷисмонӣ суст будани организми онҳо аз бисёр ҷиҳат ба ҷанги дохилии солҳои навадум вобастагӣ дорад, зеро ҳамон витамину микроэлементҳои зарурӣ он солҳо дастрас набуд.

Ду сол пеш масъала дар сатҳи Ҳукумат баррасӣ шуда, бо дастури Пешвои миллат таҳияи лоиҳаи қонун пеш гирифта шуд. Иловатан ба орди гандумӣ, тибқи қонун, маҳсулоти ширӣ, шарбати меваю сабзавот ва номгӯйи дигари маҳсулот ғанӣ гардонида мешаванд, ки дар сурати қабул шудан, ба саломатии мардум нафъи зиёд хоҳад дошт.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо хоҳиш менамоям ба ҷонибдории қабули қонун овоз диҳед.

РАИС: - Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

ҒАФФОРОВ Абдуҳалим:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Мавриди баррасӣ қарор додани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» барои дар амал татбиқ намудани амнияти озуқаворӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, пешгирӣ намудани норасоиҳои микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста нақши муҳим дорад.

Ҳар як инсон, вобаста ба организм бояд моддаҳои ғизоии ивазнопазирро, ки сарчашмаи муҳими ҳаёт мебошанд, истифода барад. Танҳо аз нарасидани йод инсон ба касалиҳои гуногун дучор мешавад. Вайрон шудани фаъолияти ғадуди сипаршакл дар инсон бошад, ба бемориҳо, аз ҷумла, паст шудани қобилияти зеҳнӣ, камақлӣ, бачапартоӣ, таваллуди кӯдаки мурда ва ғайра боис мегардад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ, тибқи моддаи 8 — уми қонун, якҷо бо ташкилот ва муассисаҳои дахлдор вазифадор шудааст, ки барномаҳои давлатиро оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ таҳия ва қабул намуда, талаботи ҳатмиро нисбат ба бехатарии маҳсулоти бехатарӣ, ҳамчунин номгӯйи бемориҳое, ки дар асоси норасоии микронутриентӣ ба амал меоянд, тасдиқ намуда, роҳҳо ва усулҳои ташвиқ ва тарғиби онро дар байни аҳолӣ муайян намояд.

Дар 200 соли охир наздики 80 ҳазор иловаҳои кимиёвии нав пайдо шуданд, ки пеш дар сайёраи замин набуданд. Бешубҳа, бештари онҳо ба пешравии илм ҳиссаи бузург гузоштанд, намудҳои зиёди гуногуни маҳсулоти ғизоӣ низ кашф шуд. Аммо бисёр иловаҳои кимиёвӣ аз ҷиҳати бехатарӣ санҷида нашудаанд ва ҳоло дар фазо, об, ғизо, зарф­ҳои пластикӣ, косметика, кимиёи маишӣ миқдори бузурги токсинҳо мавҷуданд, ки ба саломатӣ хатари ҷиддӣ дошта метавонанд. Инсон системаи дохилӣ ва берунии заҳрбезараркунӣ дорад, аммо миқдори моддаҳои хатарнокро ҳамроҳи ғизо истеъмол менамояд, ки он аксаран ба заҳрбезараркунии бадан мубориза бурда наметавонад.

Орд, хамирмоя, намаки ошӣ, нон, маҳсулоти қаннодӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, шарбат, сабзавот, оби нӯшокӣ, ки ғанӣ гардонида мешаванд, барои саломатии инсон заруранд. Хусусан, барои модароне, ки ҳомиладоранд, ин гуна ғизоҳо лозиманд, зеро модари солим фарзанди солимро ба вуҷуд меорад. Фарзанди солим бошад, пеш аз ҳама, интеллектуали миллат аст.

Аз шумо – вакилони арҷманд хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ