Одоби муошират аз ҷумлаи суннатҳои мондагори миллист

№46 (4152) 11.04.2020

Ҳаштуми апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Файзулло Баротзода ҷаласа доир гардид, ки дар он масоили марбут ба фаъолияти аъзои комиссия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Файзулло Баротзода, дар баробари ибрози андеша оид ба масъалаҳои рӯзнома, гуфт, ки бовар дорад, ҳайати парлумони кишвар, ки аз миёни шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ интихоб гардидаанд, одоби муошират, тартибот, фазои солими корӣ, баррасии созандаи масъалаҳо, иззату эҳтироми ҳамдигар ва меъёрҳои забони адабиро ҳангоми гуфтугӯ риоя хоҳанд кард.

- Тавре маълум аст, барои қабули шаҳрвандон дар бинои парлумон утоқҳои махсус ҷудо гардидааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба масъалаи муроҷиати шаҳрвандон, ки ниҳоят ҳассос аст, диққати ҷиддӣ ва ба арзу шикояташон посухи саривақтӣ гардонида шавад, — гуфт ӯ.

Ҳамчунин, аз вакилони Маҷлиси намояндагон бо камоли эҳтиром даъват ба амал овард, ки дар кору фаъолият ва рафтору муомила риояи суннатҳои мондагори фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишу муқаддасоти навини давлати соҳибихтиёр ва миллати пурифтихорамонро ҳамеша мадди назар дошта бошанд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон