Муҳокимаи парламентӣ

Омилҳои баланд будани арзиши чиптаи ҳавопаймо бозгӯйӣ шуд

№69 (3706) 10.06.2017

DSC_0528Шашуми июни соли ҷорӣ дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия вобаста ба «Рушди авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Раисикунандаи ҷаласа — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки Вазорати нақлиётро зарур аст, ки бо мақсади иҷрои вазифаҳои муайяншуда ва пурраю самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва таъмиру таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ, инчунин таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок оид ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешад.

- Вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи авиатсияи гражданӣ қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо мебошад, – гуфт номбурда.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Асозода зикр намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти авиатсияи гражданӣ «Барномаи миллии бехатарии авиатсионӣ барои солҳои 2015-2020», «Стратегияи рушди авиатсияи гражданӣ», «Тартиби ҷалб намудани корхонаҳои авиатсионӣ барои корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ» ва «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) оид ба мониторинги доимӣ» қабул гардидаанд.

Номбурда ёдовар шуд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар 202,7 ҳазор мусофир интиқол шудааст, ки аз ин миқдор ба ҶСК «Тоҷик Эйр» 74,3 ҳазор ва ба ҶДММ «Сомон эйр» 128,4 ҳазор мусофир рост меояд. Парки умумии тайёраҳо ва чархболҳои ширкатҳои ватанӣ 47 адад буда, аз ин миқдор 12 адад коршоям, 3 адад корношоям ва 27 адад ҳавопаймои истеҳсоли шӯравӣ дар нигоҳдорӣ мебошад. Таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ гашта истодааст.

Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода иброз намуд, ки 17 ширкати ватанию хориҷӣ аз фурудгоҳҳои байналмилалии кишварамон истифода мебаранд, ки аз онҳо 7 адад ба Федератсияи Россия, як ададӣ ба Хитой, Туркия, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон тааллуқ доранд. Саҳми ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар ҳаҷми умумии интиқоли мусофирон дар соли 2015   41,2 фоиз, соли 2016 — 45,2 ва дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ 40 фоизро ташкил медиҳад. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба 35 самт, аз ҷумла «Тоҷик Эйр» ба 12 самт ва «Сомон Эйр» ба 21 самт парвоз мекунанд.

Номбурда оид ба мушкилоти ҷойдошта низ сухан карда, чунин гуфт:

- Мушкилотеро, ки имрӯз дар фаъолияти авиатсияи граждании мамлакат ҳаст, пурра дарк менамоем. Яке аз сабабҳои асосии гароншавии арзиши чипта баланд будани нархи сӯзишворӣ мебошад. Нархи як тонна сӯзишворие, ки то сарҳад мерасад, муодили 725 доллари амрикоист. Бо иловаи пардохтҳо, аз қабили аксиз, андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва ғайра ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ як тонна сӯзишвориро бо нархи 1120 доллар пешкаш менамояд. Аз ин рӯ, мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки боҷу андозҳо кам карда шаванд, то ин ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ сӯзишворӣ бо нархи арзонтар дастрас гардад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибек Бухориев аз Шералӣ Ганҷалзода дар хусуси чораандешиҳо бобати барҳам додани монополия дар бозори таъмини сӯзишвории авиатсионӣ пурсон шуд.

- Бо мақсади арзон намудани нархи сӯзишвории авиатсионӣ дар мамлакат ташкили корхонаҳои рақобатпазири таъмини сӯзишворӣ пешбинӣ шудааст, — гуфт Ш. Ганҷалзода. – Аз сабаби он ки мо сӯзишвориро аз кишварҳои хориҷӣ ворид мекунем, хароҷоти роҳ низ ба нархи сӯзишворӣ таъсир мерасонад. Азбаски тайёраҳои ширкатҳои ватанӣ зимни парвоз ба хатсайрҳои гуногун аз фурудгоҳҳои Ашқобод, Тароз ва Бишкек сӯзишворӣ мегиранд, иддае аз мусофирон парвоз бо дигар ширкатҳои ҳавопаймоиро афзал мешуморанд. Ин боиси зарари молиявӣ дидани ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар мешавад.

Муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Одиназода қайд кард, ки ба хатсайрҳои Федератсияи Россия талабот зиёд аст. Тибқи Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи алоқаи ҳавоӣ», дар баробари ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ҳафт ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия низ ба ин давлат парвоз менамоянд.

- Тибқи сметаҳои нақшавӣ, нархи чиптаҳои мусофиркашонӣ вобаста ба самти парвоз ва намуди ҳавопаймо барои ҳар як хатсайр бо дарназардошти бандкунии курсиҳо муайян мешавад, — гуфт Назар Одиназода. – Мувофиқи маълумоти ҶДММ «Сомон-Эйр», ҳангоми бандкунии 100 фоиза дар ҳавопаймои «Боинг 737-800» дар самти Душанбе – Москва — Душанбе бо дарназардошти 15 фоиз даромаднокӣ нархи минималии чиптаҳо бояд 243 доллари амрикоиро ташкил намояд. Аммо бандкунии миёнаи курсиҳо дар соли 2016 ҳамагӣ 64,1 фоизро ташкил намудааст. Дар чунин ҳолат нархи минималии чиптаҳо бояд 369 доллари амрикоӣ бошад. Таҳлили арзиши чиптаҳо ба самти Душанбе-Москва-Душанбе дар семоҳаи якуми соли 2017 муайян намуд, ки арзиши чипта дар ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Сомон-Эйр» мутаносибан 320 ва 328 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Зимни муҳокима вакилон вобаста ба истифодаи фурудгоҳҳои маҳаллӣ, истифодаи самараноки ҷойҳои холӣ дар «бизнес-класс­ҳо»-и ҳавопаймо, сабаби таъхири парвоз, омода кардани мутахассисони соҳа ба масъулин савол дода, посух гирифтанд. Директори ҶСК «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов пешниҳод кард, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно шаванд. Ин пешниҳод аз ҷониби вакилон пазируфта шуд.

Дар хотима тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул ва барои чораҷӯӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардид.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ