Омили муҳими ҳамгироии АвруОсиё бояд масъалаҳои рушди иқтисодӣ бошад

№115 (4065) 26.09.2019

IMG_446524 сентябри соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни иштирок дар ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё, ки дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён гирифт, суханронӣ намуд.

Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки баргузории ҷаласаи раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ба анъанаи нек ва майдоне табдил ёфтааст, ки дар доираи он мушкилоти глобалии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳо дар чаҳорчӯбаи раванди ҳамгироии АвруОсиё баррасӣ мешаванд.

Фазои АвруОсиё маҷмӯи давлатҳоест, ки қаламрави муайяни робитаҳои гуманитарӣ ва иқтисодиро мушаххас мекунад. Дар ҳамин ҳол, тавре ҳаёти ҷомеа нишон медиҳад, равандҳои ҳамгироӣ дар дои­раи қонунҳои муайяни геополитикӣ асос ёфтаанд. Ҳоло дар ҷаҳон тамоюли бунёди низоми ҷаҳонии глобалӣ ҷараён дорад, ки давлатҳоро аз рӯи хусусиятҳои муайян, ба монанди иқтисодиёт, нуфузи сиёсӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ғайра гурӯҳбандӣ мекунад. Ва дар ин система давлатҳое, ки метавонанд рақобатпазиртарин гурӯҳи ҳамгироии минтақавиро ташкил кунанд, фоида хоҳанд кард.

Вазифаи ҳар як давлат аз як тараф, ворид шудан ба иттиҳоди ҳамгироии ояндадор ва барои инкишоф мувофиқ бошад, аз сӯи дигар, мусоидат ба ташаккул ва рушди бомуваффақияти он мебошад. Аён аст, ки ҳамгироии фазои АвруОсиё муҳимтарин вазифаи сиёсат ва иқтисоди хориҷии ҳар як давлати АвруОсиё мебошад ва барои ба ҷомеаи мутамаддин табдил ёфтани онҳо далелҳои кофӣ мавҷуданд.

Дар ин замина, бояд қайд кард, ки равандҳои ҳамгироӣ доираи васеи масъалаҳоро фаро мегиранд.

Пеш аз ҳама, онҳо масъалаҳои низомӣ-сиёсӣ мебошанд. Дар партави рӯйдодҳои охир, масъалаи таъмини амнияти ҳастаӣ, мусоидат ба паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ва технологияи таҳвили он барои кишварҳо аҳамияти махсус дорад. Кишварҳои АвруОсиё бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, то марҳилаи нави мусаллаҳшавӣ ва пайдоиши марҳилаи нави ҷанги сардро пешгирӣ кунанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Конфронси машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид карданд: «Тоҷикистон зарурати пешбурди минбаъдаи талош­ҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳ, субот ва амният дар Аврупо ва Осиё, густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва татбиқи чораҳои боварӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо баён медорад».

Сарони давлатҳо таъкид карданд, ки ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ чун ҳарвақта миқёси афзояндаи терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноят таҳдид мекунад. Мубориза бар зидди ин таҳдид­ҳо аз кишварҳои ҳавзаи АвруОсиё андешидани чораҳои фаврии муштаракро талаб мекунад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар мубориза бо терроризм собит месозад, ки барои муваффақ шудан дар ин самт маҷмӯи чораҳои қонунгузорӣ ва пешгирикунанда заруранд.

Вазъи ноумедкунанда ва идомаёбандаи низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон, ки дар он ҷо гурӯҳҳои динӣ ва экстремистӣ ва пойгоҳҳои омӯзиши террористон ва ҷангҷӯён ҷойгиранд, хеле ҳассос гардидааст.

Аз ҷониби дигар, воридшавии террористон — ба номи «Давлати исломӣ» ба Афғонистон ва навъҳои гуногуни ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз ҷумла, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа, ки аз ҷониби онҳо содир карда мешавад ва яке аз сарчашмаҳои маблағгузории ташкилотҳои ҷиноӣ маҳсуб меёбад, иҷрои ин вазифаро боз ҳам душвортар мегардонад.

Омили муҳими ҳамгироии АвруОсиё бояд масъалаҳои рушди иқтисодӣ бошад. Дар ин самт бояд масъалаи таъсис ва ташаккули озодиҳои ягонаи иқтисодӣ дар соҳаҳои интиқоли молҳо, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, инчунин дар дигар соҳаҳои марбута ба миён гузошта шавад ва дар оянда фазои ягонаи иқтисодии АвруОсиёро таъсис диҳад.

Гузашта аз ин, бояд таъкид кард, ки якпорчагии кишварҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ моҳияти маҳдуд надоранд. Барои баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои АвруОсиё густариши самтҳои ҳамкории давлатҳо тавассути ҳамкориҳои башардӯстона, иттилоотӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ ва инчунин, дар соҳаҳои экология ва маориф муҳим аст.