Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ҷонибдорӣ аз манфиатҳои давлат ва миллат вазифаи муқаддаси парламенти касбӣ аст,

№118 - 119 (3755-56) 05.10.2017

раесат- изҳор дошт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар расми оғози Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

 Дуюми октябри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум оғоз ёфт.

РАИС: — Вакилони муҳтарам! Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор  62 нафар вакил ҳузур дорад.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якуми Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС: - Вакилони муҳтарам, 30 июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз хусуси ҳамаи бурду бохти фаъолиятамон ва вазифаҳои дарпешистода муфассал ҳарф зада будам. Бинобар ин, имрӯз батафсил суҳбат карданӣ нестам. Танҳо ҳаминро таъкид карданиам, ки ҳоло дар назди давлати мо як қатор масъалаҳои муҳим истодаанд, ки имрӯз ва ояндаи ҷумҳуриамон ба ҳалли онҳо вобастагӣ дорад.

Аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа ин таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ, махсусан ҷаҳонишавии иқтисодиёт, сиёсат ва ҳуқуқ ба шумор мераванд, ки таъсири онҳо ба низоми қонунгузорӣ ва шаклгузории ҳуқуқи миллӣ аллакай эҳсос мешавад. Рӯҳия ва табиати қонунҳо бояд ба фалсафаи ҳаёт, одат ва анъанаи халқҳо ҷавобгӯй бошад. Он бояд аз зиндагии мардум зуҳур кунад ва ба ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо кумак намояд. Дар ин кор мо набояд ба таҷдиди беҷои қонунҳо ва таклифу дархостҳои таҳлилгарони хориҷӣ ва интиқоли арзишҳо дода шавем, зеро мо қонунҳоро барои саодати халқи худ қабул менамоем.

Ҳамаи мо масъулем, ки дар раванди ҷаҳонишавии масъалаҳо дар доираи манфиатҳои миллӣ мавқеи худро ҷонибдорӣ намоем ва ин вазифаи муқаддаси парламенти касбӣ аст.

Ҷумҳурии мо, мисли дигар давлатҳо, роҳҳои беҳтарсозии ҳаёти шаҳрвандонро ҷустуҷӯ менамояд. қабули «Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» аз ин шаҳодат медиҳад. Он аз якчанд барномаҳои миёнамуҳлат иборат мебошад ва ҳадафи онҳо таъмини шароити хуб ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ маҳсуб меёбад.

Иҷрои вазифаҳое, ки дар Стратегияи мазкур муайян карда шудаанд, аз ҷумла, то се маротиба зиёд намудани Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва ё қариб ба 60 фоиз расонидани қишри миёнаҳоли аҳолӣ вазифаи осон нест. Барои ин бояд бахши хусусӣ ва миёнаи иқтисодиёт хеле фаъол кор кунад, зеро, чунонки таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, пешравии бузург осон ба даст намеояд.

Ҳоло дар кишвари мо барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо кор шурӯъ шуда бошад ҳам, мутаассифона, ба талаби рӯз ҷавобгӯй нест. Имрӯз бояд ҳаҷми маҳсулоти содиротиамон ақаллан ба маҳсулоти воридотшаванда баробар ва оянда зиёдтар аз он бошад. Он вақт дар хусуси пешравии иқтисодиёти мамлакат ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ сухан гуфтан мумкин аст. Ин ҳадафҳо дар Стратегия ҷой дода шудаанд. Махсусан ташкили ҷойҳои кори нав, ки масъалаи хеле муҳим аст. Яъне, бе бунёди корхонаҳои хурду миёна пешравии иқтисодиётро умедвор шудан мушкил мебошад. Махсусан бе рушди саноат ба пешравӣ ноил гардидан муҳол аст.

Иҷрои ҳадафу мақсадҳои дар Стратегия зикршуда вазифаи ҷонии вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳост. Нақши парламенти касбӣ низ дар амалишавии ин аҳдоф муҳим хоҳад буд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои иҷро кардани бандҳои «Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» қабули тақрибан 60 қонун зарур аст. Қабули онҳо барои рушди иқтисодиёт, ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Бинобар ин, мо — вакилони Маҷлиси намояндагонро зарур аст, ки барои амалӣ кардани вазифаҳои дар Стратегияи рушд барои то соли 2030 муайяншуда ҷидду ҷаҳд намоем. Умедворам, ки мо худро ҳамчун командаи касбӣ ва уҳдабаро нишон медиҳем. Мо бояд амаликунандаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва сазовор ба боварии Пешвои миллат вазифаҳои касбии худро анҷом диҳем.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Котиботи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.

 Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

раиси Котибот:

Амрихудои Дамдор — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

аъзои Котибот:

Қудратов  Рустам Раҳматович — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ;

Назирӣ Гулбаҳор Назир -  вакил аз ҳавзаи  интихоботии Хуҷанд, №13.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Котиботи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба овоз монда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб намоем.

Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

раиси Комиссия:

Сабурзода Мирзодавлат-  вакил аз ҳавзаи интихоботии Қумсангир, №33.

аъзои Комиссия:

Ғаффоров Абдуҳалим — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ;

Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон дар ҷаласаҳои Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба овоз монда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Мутобиқи бандҳои 246 ва 247-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ба мо лозим аст, ки барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро интихоб намоем.

Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

роҳбари Гурӯҳ:

Сафаров Зайнудин — вакил аз ҳавзаи интихоботии Восеъ, № 39.

аъзои Гурӯҳ:

Қобилов Аҳматҷон — вакил аз ҳавзаи интихоботии Спитамен, №25;

Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ  — вакил аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, № 14.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳайати Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум ба овоз монда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Аз вакилоне, ки ба ҳайати котибот, комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш мекунам ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки дар асоси банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби инъикоси рафти кори ҷаласаҳои Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷумро дар воситаҳои ахбори омма муайян намоем.

Лоиҳаи Қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Оид ба лоиҳаи мазкур чӣ гуна пешниҳод доред? Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» низ ба овоз монда, қарор қабул шуд.

Ба рӯзномаи ҷаласаи якуми иҷлосия масъалаҳои зерин ворид гардиданд:

1. Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳид­ҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ

2. Дар бораи Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз  28  апрели соли 2003 ва ворид намудани тағйирот ба он

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот».

6. Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди Саудии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарзи №10/695)

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба масъалаи якуми рӯзнома – «Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ» сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад.

Шералӣ МИРЗО:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ» баҳри иҷрои талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Созишномаи зикргардида 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД ба имзо расидааст. Он тартиби ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ҳангоми банақшагирӣ ва иҷрои ҳамлу нақли ҷузъу томҳо, амволи манқули онҳо ва маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ тавассути қаламрави Тарафҳо ва ҳудуди давлате, ки иштирокчии Созишнома намебошад, муқаррар мекунад.

Ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва хусусан бо Федератсияи Россия, вусъат ёфта, дар доираи барномаҳои муштарак азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, дар ҳолати тезутунд гардидани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ ва болоравии таҳдиду хатарҳои террористӣ зарурати интиқоли таъҷилии ҷузъу томҳои Қувваҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврии (КСОР) Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ҳудуди кишвар пеш меояд.

Зимни амалигардонии нақшаҳои зикргардида Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти минтақаи ҷойгиршавӣ, ҳангоми интиқоли транзитии бору молҳои таъиноти ҳарбидошта ва қисму воҳидҳои ҳарбӣ, ба мушкилот дучор мегардад. Эътибор пайдо кардани Созишномаи зикршуда имконият медиҳад, ки тартиби ягонаи дастрас намудани иҷозати убури транзитӣ муқаррар гардида, ҳамлу нақли маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва интиқоли ҷузъу томҳо тавассути қаламрави кишварҳои аъзои Созмон ба роҳ монда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мувофиқа шудааст.

Қабули Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надошта, барои дар амал татбиқ гардидани муқаррароти он асоси ҳуқуқӣ фароҳам меоварад. Лоиҳаи қарор ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рус­там Раҳматович дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ, ки 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 16 августи соли 2017, №1322 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур аз дебоча ва 26 модда иборат буда, бо мақсади зарурати таъсиси заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ байни Тарафҳо дар соҳаи ҳамлу нақли ҳарбии ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар асоси принсипҳои умумиэътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 24 августи соли 2017 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод. Созишномаи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ» ба овоз монда, қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатӣ – «Дар бораи Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 28 апрели соли 2003 ва ворид намудани тағйирот ба он» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад.

 Шералӣ МИРЗО:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 28 апрели соли 2003 ва ворид намудани тағйирот ба он» баҳри иҷрои талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Протоколи зикргардида 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД ба имзо расидааст. Протокол пешбинӣ менамояд, ки муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 28 апрели соли 2003 ба муҳлати эътибори Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 тамдид карда шавад. Инчунин, ба моддаҳои алоҳидаи Созишномаи зикргардида (моддаҳои 3, 4, 16, 18 ва 24) тағйирот ворид ва муқаррароти он ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қабулгардида мутобиқ карда мешавад. Ҳамчунин, масъалаҳои ҳамоҳангии банақшагирӣ ва амалигардонии чорабиниҳои ташкилӣ, ҳимояи техникӣ ва таъминотии роҳҳои оҳан ба зиммаи Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия вогузор гардида, ба салоҳияти Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД таъсис додани Гурӯҳи кории байнидавлатӣ ворид мегардад. Лоиҳаи қарор бо вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мувофиқа шудааст.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Протоколи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надошта, барои дар амал татбиқ гардидани муқаррароти он асоси ҳуқуқӣ фароҳам меоварад. Хоҳишмандам, лоиҳаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

 Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 28 апрели соли 2003 ва ворид намудани ­тағйирот ба он, ки 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намоянда­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Протоколи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2017, №1323 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуда буд.

Протокол аз дебоча ва 3 модда иборат буда, бо мақсади кӯшиши давом додани ҳамкорӣ дар доираи Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 28 апрели соли 2003 ва таъмини амали пайвастаи он, ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 24 августи соли 2017 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод. Протоколи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани ­системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 28 апрели соли 2003 ва ворид намудани тағйирот ба он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 28 апрели соли 2003 ва ворид намудани тағйирот ба он» ба овоз монда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович дода мешавад.

 Мансурҷон УМАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳия гардидааст.

Айни ҳол, тибқи муқаррароти қисми чоруми моддаи 29-уми қонуни зикршуда, хизматчиёни ҳарбие, ки бо сабаби чорабиниҳои ташкилию штатӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд ва чунин асос ба ягон кирдори номатлуб вобастагӣ надорад, ҳуқуқи бозгашт қабул шуданро ба хизмати ҳарбӣ дар замони осоишта надоранд.

Ҳамзамон, барои барқарор шудани хизматчиёни ҳарбие, ки бинобар паст задани шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ, яъне содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, дар ҳамин қонун маҳдудият пешбинӣ нагардидааст. Бо ин сабаб, идома додани хизмат аз ҷониби чунин тоифа дар сохторҳои ҳарбӣ ва ҳарбикунонидашуда ҷой дошта, миёни ҳайати шахсии онҳо фазои носолим ва нофаҳмиро ба вуҷуд меорад.

Дар ҳолати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи пешниҳодгардида, дар баробари роҳ надодан ба қабули ашхоси нолоиқ ба хизмати ҳарбӣ, инчунин барои ба хизмат барқароршавии шахсоне, ки мутахассис ва соҳибкасб буда, бо сабаби тағйироти ташкилию штатӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, заминаи ҳуқуқӣ муҳайё мегардад.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маб­лағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бо назардошти гуфтаҳои боло, муҳтарам Раис ва вакилони гиромӣ, аз шумо хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнудин дода мешавад.

 Зайнудин САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади барқа­рор намудани ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбие, ки бо сабаби тағйироти ташкилию штатӣ рухсат шудаанд, инчунин баҳри роҳ надо­­дани барқароршавии ашхосе, ки бо кирдо­­ри худ ба шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ иснод овардаанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат ­надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба овоз монда, қонун қабул шуд ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

 Рустам Шоҳмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Мақсади асосии лоиҳаи пешниҳодшуда мутобиқ намудани Кодекси ҷиноятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷдиди тартиби ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне мебошад, ки бадқасдона аз супоридани алимент саркашӣ менамоянд.

Қисмҳои 1, 2, 3, 4, 6, 9, 10, 11 ва 12 — уми лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқ намудани қонун ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Яке аз масъалаҳои мушкили истеҳсолоти иҷро теъдоди зиёди ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани алимент мебошад. ­Ҷамъбасти давраи ҳисоботи солҳои охир нишон медиҳад, ки воридшавии шумораи ҳуҷҷатҳои иҷро ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд, вобаста ба ситонидани алимент сол то сол тамоюли зиёдшавӣ дорад. Танҳо дар давоми се соли охир ба назорати иҷрочиёни суд 37050 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани алимент ворид гардид. Дар маҷмӯъ, айни ҳол зери назорати иҷрочиёни суд 64972 адад иҷроварақа вобаста ба ситонидани алимент қарор дошта, нисбати онҳо амалҳои иҷрои маҷбурӣ гузаронида шуда истодаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабу омилҳои пайдо гардидани қарздории алиментӣ гуногун буда, ин ба шароити моддӣ ва вазъи иқтисодии қарздор, берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани ӯ ва бо ҳалномаҳои ғоибонаи судӣ бе иштироки қарздор қонеъ гардидани талаботи даъво, ба саркашии бевоситаи қарздор аз супоридани алимент алоқаманд мебошад. Бо вуҷуди он ки аз ҷониби иҷрочиёни суд барои иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ оид ба ситонидани алимент чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ андешида мешаванд, ҳолатҳои бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз супоридани алимент мавҷуданд.

Моддаҳои 177 ва 178-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон масъулияти падару модар ва фарзандонро барои бадқасдона саркашӣ намудан аз таъминоти моддӣ пешбинӣ менамояд. Аммо татбиқи меъёри мазкур дар амал баъзе муаммоҳоро ошкор сохт, ки иҷрои санадҳои судиро халалдор месозад. Яке аз чунин муаммоҳо муайян набудани аломатҳои саркашӣ дар кирдори қарздор ва ҳаҷми маблағи қарздорон пайдогардида ба шумор меравад.

Мувофиқи талаботи моддаи 177-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок, бештар аз се моҳ саркашӣ намудани падар ё модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандон, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Аммо таҳлили интихобии истеҳсолоти иҷро нишон медиҳад, ки қарздор аз муҳлати муқаррарнамудаи қонун зиёдтар низ маблағи алиментро насупорида бошад ҳам, бо супоридани як қисми ночизи ин маблағ аломати саркашии ӯ аз байн меравад ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намегардад.

Ғайр аз ин, амалияи баррасии парвандаҳои ҷиноятии бо моддаи 177-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғозгардида собит месозад, ки нисбати қисми зиёди айбдоршавандагон ҷазои ғайриҳабсӣ таъин карда мешавад ва маблағи қарздории алиментӣ ба манфиати ситонанда (ҷабрдида) ҳамчун зарари расонидашуда муқаррар мегардад. Бояд қайд намуд, қарздоре, ки аз супоридани маблағи алимент бадқасдона саркашӣ намудааст, инчунин аз супоридани маблағи зарари расонидашуда низ саркашӣ менамояд. Дар ин ҳолат нисбати ӯ дар қонунгузории амалкунанда чораҳои дигари маҷбуркунӣ пешбинӣ нашудааст.

Бо мақсади таъсирбахш гардидани меъёри моддаҳои 177 ва 178 Кодекс ва аз байн бурдани номутобиқатӣ дар татбиқи он пешниҳод мегардад, ки дар эзоҳи моддаҳои мазкур мафҳуми бадқасдона, яъне бидуни сабаб­ҳои узрнок саркашӣ намудан аз пардохти маблағи алимент, дақиқ шарҳ дода шавад. Тибқи иловаҳои воридшаванда, зери мафҳуми бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат аз таъминоти падару модари ғайриқобили меҳнат, ҳамаи кирдорҳои қарздор, ки ба иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро (напардохтан, рӯйпӯш намудани даромад, тағйири ҷойи истиқомат ё ин ки ҷойи кор бидуни огоҳонидани иҷрочии суд ва ғайра) равона гардидааст ва он боиси ба вуҷуд омадани қарздорӣ, новобаста аз давраи пардохт дар ҳаҷме, ки чунин қарздорӣ дар маҷмӯъ маблағи муқарраргардидаи пардохтро барои се моҳ ташкил медиҳад, фаҳмида мешавад.

Ҳамчунин, пешниҳод мегардад, ки ба меъёри моддаҳои 177 ва 178-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо оид ба татбиқи ҷазои ҳабсӣ нисбати айбдоршавандае, ки маблағи пайдогардидаи қарздории алиментиро дар рафти тафтишоти судӣ пардохт накардааст ё такроран ҳамин ҷиноятро содир намудааст, пешбинӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба ­Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлудахон Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ ва муҳофизати манфиатҳои қонунии фарзандони ноболиғ ва падару модари ғайри қобили меҳнат, инчунин иҷрои санадҳои судӣ, таҳия шудааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки қарздорон аз муҳлати муқарраргардидаи қонун зиёдтар маблағро барои таъминоти фарзандони ноболиғ насупорида бошанд ҳам, бо супоридани як қисми ночизи он маблағ аломати саркашӣ дар кирдорашон аз байн рафта, вобаста ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз намегардад.

Аз ин рӯ, тибқи лоиҳа ба моддаи 178 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани эзоҳ пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он дар моддаҳои 177 ва 178 Кодекси мазкур бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ва фарзандони болиғи қобили меҳнат аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат, ҳамаи кирдорҳои қарздор, ки ба иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро равона гардидааст ва он боиси ба вуҷуд омадани қарздорӣ, новобаста аз давраи пардохт дар ҳаҷме, ки он дар маҷмӯъ маблағи муқарраргардидаи пардохтро барои се моҳ ташкил медиҳад, фаҳмида мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1318 аз 16 августи соли 2017 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуда буд. Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмили лоиҳаи қонуни мазкур таклифу пешниҳодҳо манзур шудааст, ки онҳо пурра қабул гардиданд.

Кумитаи масъул 5 сентябри соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ирсолгардидаро муҳокима намуд ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Хоҳишмандем, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Рустам Шоҳмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Мақсад аз таҳияи лоиҳа мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, иборат мебошад.

Дар асоси тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур моддаи 2 дар таҳрири нав ифода гардида, ду моддаи нав – моддаҳои 21 «Амали Қонуни мазкур» ва 15 «Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур» илова карда шудаанд.

Номи моддаи 2 қонуни амалкунанда ба матни дохилии он мутобиқат намекард. Дар моддаи мазкур асоси ҳуқуқӣ ва доираи амали қонуни мазкур дар якҷоягӣ ба танзим дароварда шуда буд. Бинобар ин, моддаи мазкур ба ду модда – моддаи 2 «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» ва моддаи 21 «Амали Қонуни мазкур» пешниҳод карда шудааст.

Моддаи 21 иловагардида доираи амали қонуни мазкурро мушаххасан пешбинӣ менамояд, яъне тибқи иловаи пешниҳодгардида, амали қонуни мазкур нисбат ба машруботе, ки шахси воқеӣ на барои фурӯш истеҳсол кардааст ё спирти этилие, ки шахси ҳуқуқӣ ё шахсони ҳуқуқӣ дар асоси шартнома аз ашёи хоми гуногун истеҳсол карда, онро дар ҷараёни технологӣ ҳангоми тайёр кардани маҳсулоти ғайримашруботӣ истифода мебаранд, татбиқ намегардад.

Моддаи дигари иловагардида дар лоиҳа моддаи 15 мебошад, ки ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар ҳолати риоя накардани талаботи қонуни мазкур пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин, дар лоиҳа як қатор таклифҳо ҷиҳати мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидаанд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

 МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2017, таҳти № 1316 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмил ва мутобиқгардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Кумитаи масъул 24 августи соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор намуд. Иштирокчиёни ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот»-ро ҷонибдорӣ карданд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ – «Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор ­мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди Саудии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарзи №10/695)» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

 САИД Нуриддин Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи маориф ва илм ҳамчун омили асосии рушди неруи инсонӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи муҳим, афзалиятнок ва пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа эълон гардидааст.

 

Маориф яке аз соҳаҳои калонтарини иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар он қариб 4000 муассисаи таълимӣ бо фарогирии зиёда аз 2 миллион нафар хонанда ва донишҷӯ фаъолият менамояд. Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи ҳисоботи оморӣ, ҳамасола афзоиши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба ҳисоби миёна 50-60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва бояд ин афзоиш бо шароити хуби таълиму тарбия таъмин карда шавад. Айни замон, дар миқёси ҷумҳурӣ 1 млн.856 ҳазор нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ норасоии синфхонаҳо ва танқисии ҷойи нишаст ба миён омадааст. Ҳамчунин, тибқи маълумоти оморӣ, 30 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба таъмири асосӣ ниёз доранд ва ё дар ҳолати садамавӣ мебошанд.

Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ қабул карда шудааст. Тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, қарорҳо ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони 124 иншоот барои 31 ҳазору 810 ҷойи нишаст, бо маблағи умумии 417 миллиону 998 ҳазор сомонӣ дар назар аст, ки иҷрои он дар муҳлати муқарраргардида зарур мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар алоҳидагӣ барои иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо барои сохтмони муассисаҳои таълимие, ки Вазорати маориф ва илм масъул мебошад, 136 миллиону 46 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, № 504 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар соли 2018 зарурати пешбинӣ намудани 600 миллион сомонӣ ба миён меояд.

Инчунин, барои дар соли 2018 ба итмом расонидани сохтмони се муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Душанбе, ки соли равон тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар оғоз гардидааст, 19 миллиону 800 ҳазор сомонӣ лозим мебошад.

Зарур аст, ки вобаста ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои соҳаи маориф бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир маблағгузории иловагӣ ҷалб карда шавад.

Айни замон, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди Саудии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарзи №10/695) 17 майи соли 2017 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба имзо расид. Бо амалишавии лоиҳаи мазкур сохтмони 66 муассисаи таълимӣ барои 14 ҳазору 532 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Ба рӯйхати иншооти сохташаванда сохтмони 19 мактаб, ки тибқи «Барномаи рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар вагонхонаҳо ва хонаҳои шахсӣ қарор доранд, ворид карда шудааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур 45 иншооти соҳаи маориф дар вилояти Хатлон (59,3 фоизи маблағҳои пешбинишуда), 8 иншоот дар вилояти Суғд (19,3 фоизи маблағҳои пешбинишуда), 5 иншоот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (10,8 фоизи маблағҳои пешбинишуда), 8 муассисаи таълимӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ (10,6 фоизи маблағҳои пешбинишуда) сохта, ба истифода дода мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои миёна (марҳилаи 1-3 муассисаи таълимӣ барои 2424 ҷойи нишаст дар як баст, марҳилаи 2-5 муассисаи таълимӣ барои 4472 ҷойи нишаст дар як баст, марҳилаи 3-15 муассисаи таълимӣ барои 8000 ҷойи нишаст дар як баст), ҷамъ бинои 23 муассисаи таълимӣ бо фарогирии қариб 30 ҳазор хонанда дар ду баст сохта, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида, ба истифода дода шуд.

Мақсади асосии лоиҳаи зикршуда, ки аз ҷониби Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ мешавад, беҳтар намудани шароити таълим, қонеъ гардонидани талаботи кишвар ба низоми босифати таҳсилот ва қонеъ гардонидани талаботи афзуншавандаи хонандагон бо шароити хуби таълим тавассути сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии азизамон мебошад.

Бо дарназардошти ин, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

 Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Моҳият, зарурат ва аҳамияти Созишномаи қарзӣ оид ба «Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди Саудии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни баромади вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид мушаххас ва фаҳмо баён гардид. Кумитаи масъул ҳамаи расмиётро вобаста ба баррасӣ ва пешниҳоди Созишномаи мазкур ба ҷаласаи имрӯза тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон амалӣ гардонид ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ин бора ба шумо пешниҳод шудааст. Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Созишномаи мазкурро дастгирӣ намуданд. Пешниҳод менамоям, ки ба ҷонибдории Созишнома овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди Саудии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарзи № 10/695)» ба овоз монда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

 Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ, аз қабили таъмини амнияти парвозҳо дар фазои ҳавоии кишвар, таҳия шудааст.

Бояд гуфт, ки бо ворид шудани таҷҳизот шумораи хатти сайри ҳавопаймоҳо якчанд маротиба афзоиш дода шуда, ҳаракати хатти сайри дигар самтҳои онҳо, бо дарназардошти амнияти парвозҳо, зиёд карда мешаванд.

Дар мавриди васл ва ба истифода додани таҷҳизоти муосири радионавигатсионӣ, воридоти маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби хизматрасонии ҳавоии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба Буҷети давлатӣ низ афзоиш меёбад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҳимзода Шариф дода мешавад.

 Шариф Раҳимзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонун бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ дар самти ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани хизматрасонӣ ва мутобиқ ба муқаррароти «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон то соли 2025», аз қабили таъмини амнияти парвозҳо дар фазои ҳавоии кишвар, пешбинӣ шудааст.

Харидорӣ, васл кардан ва ба истифода додани таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ, бо дарназардошти созмон додани низоми парвозҳои бехатар дар фазо ва фуруд­гоҳҳои кишвар, ба баланд шудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ташкили ҷойҳои кории иловагӣ ва воридоти маблағҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Ба ин хотир, ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» қисми 13 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«13. Дар соли 2017 воридоти таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» харидорӣ карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.».

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ карданд. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

 РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир дода мешавад.

 РАҲИМЗОДА Маҳмад Забир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» 9 декабри соли 2004 қабул ва ба он минбаъд тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ, аз як тараф, ба мутобиқгардонии меъёрҳои он ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста бошад, аз тарафи дигар, муайян кардани кафолати иловагиро барои истеъмолкунандагон дар бар мегирад. Бинобар ин, лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 58- уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи пешниҳоди мазкур, ба қонун моддаи нав — 391 ворид карда шуд. Мақсад аз илова намудани моддаи 391 муқаррар намудани танзим ва назорат аз болои хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ мебошад. Чунин ваколат ба Бонки миллии Тоҷикистон дода шуд, зеро тибқи талаботи моддаи 32 ва 42- юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Бонки миллӣ», чунин ваколат ба Бонки миллӣ дахл дорад.

Ҳамчунин, тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда, уҳдадориҳои зерини истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) дар қонун муқаррар гардидаанд:

1. Дар қисми 5 моддаи 7 уҳдадории истеҳсолкунанда (фурӯшанда, иҷрокунанда) оид ба дар давраи муҳлати кафолатии муайяншуда ё муҳлати кафолати иловагӣ қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда муқаррар карда шуд. Тавре медонем, тибқи моддаи 7 қонуни зикршуда, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) барои муқаррар намудани муҳлатҳои хизмат, коршоямӣ ва кафолати мол (кор) уҳдадор аст. Акнун уҳдадор карда мешавад, ки дар муҳлатҳои зикршуда низ талаботи онҳо қонеъ гардонида шавад. Аз тарафи дигар, муқаррар намудани муҳлати кафолати иловагӣ истеъмолкунандаро дар харид ва истифодаи мол (кор) ҳавасманд мегардонад.

2.Уҳдадории истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) оид ба муқаррар намудани рақами телефон ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯш ва қарордодҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) муайян ва чунин уҳдадорӣ дар сархати 8 қисми 3 моддаи 9 муқаррар карда шуд. Бо дарназардошти он ки истеъмолкунандагон дар минтақаҳои гуногуни кишвар зиндагию фаъолият менамоянд ва на ҳама вақт имконияти дастрасӣ ба суроғаи истеҳсолкунандагон (фурӯшанда, иҷрокунанда) — ро доранд, ба онҳо имконият дода мешавад, ки ба воситаи телефон аз хусусиятҳои гуногуни мол баҳравар гарданд. Ин кафолати навбатии таъмини ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо маълумоти зарурӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагон (иҷрокунандагон, фурӯшандагон) мебошад.

Ҳамчунин, қисми 8 моддаи 9 ва қисми 1 моддаи 13 дар таҳрири нав ифода карда шуд. Дар қисми 8 моддаи 9 омадааст, ки маълумоти тамғаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастабандӣ мешавад ва маҳсулоти хӯроквории воридотӣ бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бошад. Яъне, ба он санадҳои меъёрии техникие, ки талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизмат­расонӣ оид ба бехатарӣ муқаррар менамояд. Мақсад аз он мутобиқ намудани меъёри қонуни мазкур ба талаботи регламентҳои техникӣ мебошад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникии Тоҷикистон» муқаррар намудааст. Мақсади дар таҳрири нав ифода кардани қисми 1 моддаи 13 аз он иборат аст, ки дар шароити имрӯза ба сифати истеъмолкунанда метавонад истеҳсолкунанда ва иҷрокунанда баромад намояд ва ташкилоти фурӯшанда уҳдадор карда мешавад, ки дар сурати вайрон кардани талаботи қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё шартнома ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Ҳамчунин, аз матни моддаи 2 қонун калимаи «Сарқонун» хориҷ карда, калимаи «ҳифзи» ба «ҳимоя» иваз карда шуд. Сархати сеюми қисми даҳуми моддаи 28 аз ҷиҳати мазмун мутобиқ карда, дар шакли зерин ифода шуд: «шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) бекор карда ва ҷуброни зарар рӯёнида шавад.».

Инчунин, дар қисмҳои 1, 2, 4 моддаи 6 ва қисми 2 моддаи 9 дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 39 калимаи «фурӯшад» ба калимаҳои «пешниҳод кунад» ва калимаи «қарордодҳои» ба «шартномаҳои», инчунин, калимаҳои «ба ҷо меоварад» ба калимаҳои «иҷро менамояд» иваз карда шуданд.

Барои мусоидат дар такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба шумо арзи сипос намуда, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

 НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир дар бораи зарурат, мақсад ва моҳияти тағйиру иловаҳои ба лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳодгардида маълумоти муфассал доданд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон 7 таклиф пешниҳод намуданд. Дар ҷаласаи васеи кумита (6 сентябри соли 2017) лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодшуда 4 — тояш қабул шуд.

Инчунин, 25 сентябри соли 2017 дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклифу эрод ба лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод гардид, ки онҳо дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

 ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи ду лоиҳаи алоҳида, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқова ва Шарофиддин Сироҷов таҳия ва пешниҳод гардидаанд, омода шудааст.

Мақсади ҳар ду лоиҳа мутобиқгардонии меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ мебошад.

Лоиҳае, ки вакилони Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқова ва Шарофиддин Сироҷов таҳия ва пешниҳод намудаанд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон 20 марти соли равон, таҳти №1132 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Лоиҳаеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 16 августи соли 2017, таҳти №1320 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. Ҳар ду лоиҳа аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Ҳамчунин, ҷиҳати такмили лоиҳаҳои баррасишаванда се таклиф пешниҳод гардид, ки дар мувофиқа бо намояндаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ қобили қабул дониста шуданд.

Дар асоси тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми 1 моддаи 1, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 9, қисми 1 моддаи 12 Кодекси мазкур калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ ва дар қисми 1 моддаи 56, қисми 1 моддаи 84, қисми 2 моддаи 87, қисми 2 моддаи 88, қисми 3 моддаи 146 ва қисми 2 моддаи 372 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда мешавад.

Бо мақсади таъмини иҷрои санадҳои судӣ дар намуди фармон, дар сархати чоруми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 130 Кодекс тағйироти дахлдор ворид намуда, муқаррар карда мешавад, ки на танҳо дар фармони суд оид ба ситонидани алимент, балки дар тамоми фармонҳои суд дар бораи рӯёнидани маблағҳои пулӣ ва талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор дар баробари ном, насаб, номи падар, маҳалли истиқомат ва маҳалли ҷойгиршавии қарздор, инчунин рӯз, моҳ, сол, маҳалли таваллуд ва ҷойи кори қарздор нишон дода мешаванд.

Боварӣ дорем, ки тағйироти мазкур дар таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ дар шакли фармон ҷиҳати рӯёнидани маблағҳои қарзӣ ва баргардонида гирифтани молу мулки шаҳрвандон, ки шахсони дигар ғайриқонунӣ истифода ва ихтиёрдорӣ мекунанд, яъне ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, мусоидат менамояд.

Таҳрири нави қисми 2 моддаи 231 масъулияти шахсони мансабдорро ҷиҳати баррасии таъиноти хусусии судҳо, ки ба бартараф намудани қонуншиканиҳо равона шудаанд ва андешидани чораҳоро нисбат ба онҳо баланд бардошта, муқаррар менамояд, ки дар сурати пешниҳод накардани маълумот оид ба тадбирҳои андешидашуда бо таъиноти хусусии суд, шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани шахсони мансабдор онҳоро аз уҳдадории додани маълумот оид ба тадбирҳое, ки мутобиқи таъиноти хусусии суд андешида шудаанд, озод намекунад.

Мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми 2 моддаи 389 ва қисми 1 моддаи 390 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шуд. Бояд зикр намуд, ки дар асоси супориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 6 моддаи 1 лоиҳаи баррасишаванда ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мутобиқ гардонида  шуд. Тибқи он дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 423 калимаи «қарордод» ба калимаҳои «шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ» иваз карда мешавад.

Кумитаи масъул 5 сентябри соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

 Неъматулло СОЛЕҲОВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ