Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ҷонибдории қонунҳо бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа

№84 (3721) 15.07.2017

коллаж бсДувоздаҳуми июли соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС:Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 28 нафар дар толор иштирок доранд.

Дар Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма, ки ба кори иҷлосия даъват шудаанд, ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбати он чӣ гуна пешниҳод доред?

Бо дарназардошти таклифи баёнгардида, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, лои­ҳаи Қарори Маҷлиси миллии МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул гардид.

Ҳамин тариқ, ба ҳайси раиси котибот Ҷаббори Ғаффор, аъзои котибот Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна ва Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло интихоб гардиданд. Аз ҳайати котибот хоҳиш менамоям, ки ҷойҳои худро ишғол намоянд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор иборат аз 18 масъала манзури шумо гардидааст. Нисбат ба он чӣ гуна пешниҳоду таклиф доред?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо фарогирии ­масъалаҳои зерин ба овоз монда шуд ва қарор қабул гардид:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

9. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама».

15. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Сухан оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 11 майи соли 2017 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.

Он баҳри мутобиқкунонии меъёрҳои Кодекс ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва меъёрҳои дохилии он қабул гардидааст. Бо ҳамин мақсад, ба як қатор моддаҳои Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, ба банди б) моддаи 81 ибораи «нақлиёти Тоҷикистон» илова карда шудааст. Мувофиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи мақом ба прокурори вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баробар карда шудааст, аммо дар банди б) моддаи 81 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолат сарфи назар шудааст. Аз ин рӯ, иловаи қабулшуда ин ҳолатро пурра менамояд.

Тибқи талаботи моддаҳои 147 ва 148 Кодекси мазкур, минбаъд суд метавонад дар колонияҳои тарбиявӣ маҳкумшудагони ба синни 18 расидаро, ки рафтори мусбат доранд, бо розигии прокурор то ба синни 20 расидан нигоҳ дорад.

Тибқи талаботи ба моддаи 213-уми Кодекс иловашуда, муассисаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мақомоти корҳои дохилиро дар хусуси ба наздикӣ озод шудани маҳкумшуда ҷиҳати таъмин намудани мушоҳида ва назорат огоҳ мекунад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Сухан оид ба масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2017 қабул намудааст.

Ҳадафи қонун пешгирӣ аз ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми пахши барномаҳои телевизионӣ ва инъикоси воқеаҳои ҷорӣ мебошад, ки нисбат ба онҳо сарпарастӣ манъ аст.

Мувофиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», нисбат ба фаъолияти сарпарастӣ маҳдудият муқаррар гардидааст, сарпараст ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти кумакгиранда дахолат намояд. Инчунин, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпараст буда наметавонанд ва сарпарастӣ ба пахши барномаҳои ахбор ва инъикоси воқеаҳои ҷорӣ манъ аст.

Бо ҳамин мақсад дар моддаи 5513 Кодекси амалкунанда илова ворид гардидааст, ки тибқи он, минбаъд барои дахолат кардани сарпараст ба фаъолияти кумакгиранда, сарпарастии реклама аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, инчунин ба барномаҳои ахбор оид ба воқеа­ҳои ҷорӣ сарпарастӣ менамоянд, ҷавобгарии маъмурӣ ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» оғоз менамоем. Сухан роҷеъ ба ин ­масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июни соли 2017 қабул намудааст.

Аксари тағйиру иловаҳои воридшуда хусусияти таҳрирӣ ва мутобиқсозӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доранд. Ҳамчунин, мувофиқи илова, яке аз вазифаҳои милитсия ин муайян ва дар амал татбиқ кардани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар карда мешавад. Тибқи иловаҳо ба моддаи 19, минбаъд яке аз шартҳои қабул ба хизмат дар милитсия мавҷудияти танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, ҳамчунин, қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии дигар давлат ва дар сурати эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд асос барои озод кардан аз хизмат дар милитсия мебошад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷус­туҷӯӣ» маҳсуб меёбад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июни соли 2017 қабул намудааст.

Ҳадафи қабули он аз мутобиқ кардани қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмил иборат аст. Технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи интернет, омили стратегие мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва ҷонибдоронашон аз онҳо ҷиҳати пешбурди ташвиқоти густурдаи экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб кардани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ истифода мебаранд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридшуда, минбаъд «гирифтани иттилооти компютерӣ» ҳамчун яке аз чорабиниҳое, ки зимни амалисозии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ гузаронида мешаванд, муқаррар карда шудааст, Дар ин робита дар моддаи 1-уми қонуни амалкунанда мафҳуми истилоҳи «гирифтани иттилооти компютерӣ» пешбинӣ гардидааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Х. Сафарзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Р. Латифзода, О. Сафаров ва Ҳ. Одинаев пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июни соли 2017 қабул на­му­дааст.

Қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, тартиби баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро муқаррар менамояд.

Қонун аз 5 боб ва 26 модда иборат аст. Боби 1-уми он мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва доираи амали қонуни мазкурро дар бар мегирад.

Боби 2 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро танзим менамояд.

Ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, субъектҳои арзёбии таъсиррасонӣ, масъулияти субъектҳо, гурӯҳҳо, объектҳо, расмиёти баррасии ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар боби 3 дарҷ гардидааст.

Бобҳои 4 ва 5 ҳуқуқу уҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот дар раванди баргузории арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкурро ба танзим медароранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, кумитаи мо нисбат ба он эрод надорад. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!      

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Д. Гулмаҳмадзода, И. Шафеиён ва вакилони Маҷлиси намояндагон Р. Латифзода, М. Ахмедов ва М. Сабурзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 майи соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муҳайё намудани шароит барои шаҳрвандон қабул гардидааст. Бо ин мақсад ба моддаҳои 4, 5, 8, 9, 12, 13, 15 ва 16-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки мутобиқи онҳо минбаъд уҳдадорӣ, вазифа ва ваколатҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист барои мақоми дахлдор саҳеҳ ва мушаххастар мегардонад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ, Л. Раҷабова, Ҷ. Маҷидзода, Ҷ. Саидов, М. Қодирова ва Қ. Миралиён таҳия гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи туризм, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии дохилӣ, инчунин батанзимдарории паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз дебоча, 11 боб ва 65 модда иборат аст. Боби 1- уми он ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, моддаҳои 1 ва 5-ро дар бар мегирад, ки дар он мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашуда, вазифаҳои қонуни мазкур, сиёсати давлатӣ ва принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ муайян карда шудааст.

Боби 2 «Низоми сайёҳии дохилӣ» ном дошта, дар он низоми сайёҳии дохилӣ, талабот оид ба амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ, тартиб ва қоидаҳои стандартонӣ ва сертификатсия, танзими низом, фаъолияти Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳо ва шакли фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, инчунин шакл ва намудҳои сайёҳии дохилӣ, пешбинӣ гардидааст.

Дар боби 3, ки фарогири 5 модда мебошад, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи сайёҳии дохилӣ муқаррар гардидааст.

Боби 4 масъалаҳои марбут ба ташаккул, рушд ва банақшагирии инфрасохтори сайёҳӣ, ташкили фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ, таъмини дастрасии иттилоот дар соҳаи сайёҳии дохилӣ, иштироки муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дар рушди сайёҳии дохилӣ, фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорон дар рушди сайёҳии дохилӣ, инчунин татбиқи барномаҳои маҳаллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилиро пешбинӣ намудааст.

Боби 5 аз 13 модда иборат буда, дар он ташкили хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ба танзим дароварда шудааст.

Дар боби 6 механизми ҳавас­мандгардонии рушди сайёҳии дохилӣ, аз ҷумла ташкили минтақаҳои рушди сайёҳӣ, баҳисобгирии мус­тақими субъект­ҳои хизмат­расонии сайёҳӣ, дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ташкили хизматрасонии хонагӣ, дастгирии сохтмони меҳмонхонаҳои хурд ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти сайёҳӣ ва ғайра муайян шудаанд.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар мамлакат, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, хатсайри сайёҳии дохилӣ ва шартнома оид ба амалисозии хизматрасонии сайёҳӣ дар бобҳои 7 ва 8, ки фарогири 7 модда мебошанд, ба танзим дароварда шудааст.

Дар боби 9 «Бехатарии саёҳати шаҳрвандон» пешбинӣ шудааст, ки аз 3 модда иборат буда, дар он кафолатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба таъмини бехатарии сайёҳон ва масъулияти шаҳрвандон оид ба риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми саёҳат муайян гардидаанд.

Боби 10 ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ва иштироки сармоягузорони хориҷиро дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ фаро гирифтааст.

Боби 11 — «Муқаррароти хотимавӣ» аз ду модда иборат мебошад, ки дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани ҳамин қонун ба танзим дароварда шудааст.

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқ­эҷод­­кунӣ мувофиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз шумо — аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

РАҲИМӢ Фарҳод: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 майи соли 2017 қабул намудааст. Мақсади ворид намудани тағйироту илова ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин дар сатҳи дахлдор танзим намудани фаъолият дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Бо ин мақсад ба моддаҳои 2, 41 ва 35-уми қонуни амалкунанда тағйироту илова ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда ва мутобиқкунанда дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад, ба монанди калимаи «(Сарқонун)» хориҷ карда шуда, калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шудаанд.

Ҳамчунин, дар қисми 1 моддаи 41 калимаҳои «шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки» ба калимаҳои «танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад ва» иваз карда, дар қисми 2 моддаи мазкур пеш аз калимаи «шаҳрванди» калимаи «танҳо» илова карда шудааст. Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд ба кор дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ба вазифаи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, қабул шуда метавонад.

Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июни соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади пешбинӣ намудани маҳдудият нисбат ба номзад ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар қатъ гардидани шахрвандӣ ва ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ва мутобиқгардонии меъёрҳои дигари қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи Конститутсия­и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, дар қонуни конститутсионӣ, бо дарназардошти тағйиру иловаҳое, ки соли гузашта ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буданд, пешниҳод гардидааст, ки аз матни қонуни конститутсионӣ калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда, дар моддаҳои дахлдор калимаҳои «ташкилотҳои» ба «иттиҳодияҳои», «ҳақ» ба «ҳуқуқ» ва «қаламрави» ба «ҳудуди» иваз карда шаванд.

Мутобиқи моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаҳои 28 ва 29-уми қонуни конститутсионии мазкур нисбат ба шахсе, ки ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон интихоб ва ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ё таъин мешаванд, вобаста ба шаҳрвандӣ, синну сол, таҳсилот ва донистани забони давлатӣ талабот муайян карда шудааст.

Дар асоси моддаи 51 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 33-юми қонуни конститутсионӣ тағйирот ворид гардидааст, ки мутобиқи он шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд, ҳуқуқи ба узвияти Маҷлиси миллӣ ва вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад шуданро надоранд.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июни соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади аз байн бурдани ­такроршавии меъёрҳо дар қонунҳои конститутсионии алоҳида пешниҳод гардидааст. Тибқи он аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қисми шашуми моддаи 41 ва моддаи 67, ки бобати музди меҳнати Раис ва вакилони Маҷлиси намояндагон муқаррароти дахлдорро пешбинӣ намудааст, хориҷ карда шудаанд.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан роҷеъ ба ин масъала ба Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июни соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади муқаррар намудани музди меҳнати Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ба ин хотир, ба қисми дуюми моддаи 28 пас аз калимаҳои «Музди меҳнати» калимаҳои «Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон ва» илова карда шудааст. Ҳамин тариқ, минбаъд музди меҳнати Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сухан аз рӯи он ба Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ  дода мешавад.

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ:  - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 майи соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани масъулияти аъзои Ҳукумат таҳия ва пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, тибқи тағйи­роти воридшуда, ҳангоми риоя накардани савганд аз ҷониби узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани ӯ мегардад.

Ҳамчунин, қонуни конститутсионии зикргардида меъёрҳои навро пешбинӣ менамояд, ки барои дақиқ намудани тартиби эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ равона гардида, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, ба моддаҳои 16, 23 ва 25-уми қонуни конститутсионии амалкунанда тағйиру иловаҳои имлоӣ ворид карда шудааст, ки мутобиқи онҳо калимаҳои «ҳаллу фасли» ва «волидон» мувофиқан ба калимаҳои «ҳалли» ва «падару модарон», калимаи «умум» ба калимаи «омма», калимаҳои «шартномаю созишномаҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шудаанд.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи ­Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани ихтилофот байни меъёрҳо, пешбинӣ намудани мафҳумҳо ҷиҳати равшану возеҳ гардонидани меъёрҳо дар қонуни амалкунанда таҳия ва пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, ихтилофот байни меъёри пешбининамудаи қисми сеюми матни тоҷикӣ ва русии моддаи 20-уми қонуни амалкунанда мавҷуд аст. Дар матни тоҷикии қисми сеюми моддаи 20 омадааст, ки «Сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор ва воқеаҳои ҷорӣ манъ аст». Аммо дар матни русӣ бошад, ибораҳои «Спонсорство информационных программ о текущих событиях запрещено» истифода гардида, гуногунфаҳмиро ба миён овардааст. Аз ин лиҳоз, дар қисми 3 моддаи 20 калимаи «ва» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шудааст.

Инчунин, ҷиҳати возеҳ гардонидани баъзе меъёр ва калимаҳо дар мафҳумҳои асосии қонуни амалкунанда дар моддаи 2 сархати нав оид ба мафҳуми «воқеаҳои ҷорӣ» илова карда шудааст, ки минбаъд ба рушди фаъолияти рекламавӣ ва татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мусоидат менамояд.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад. Бинобар ин, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба шумор меравад. Сухан аз рӯи ин масъала ба Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июни соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мураттаб сохтан ва ба низом даровардани бозори реклама, инчунин такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда таҳия ва пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, бо истифода аз таҷрибаи қонунгузории байналмилалӣ дар самти танзими реклама ва ҷиҳати равшану возеҳ сохтани объекти рекламашаванда дар моддаи 2-юми қонуни мазкур сархати нав бо пешбинӣ намудани мафҳуми «объекти рекламашаванда» илова карда шудааст, ки ба тафсиру шарҳи меъёрҳои он мусоидат менамояд. Инчунин, омӯзиши бозори реклама собит сохтааст, ки вақтҳои охир аз тарафи рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама дар лавозимоти дарсӣ, аз ҷумла дар рӯзнома ва дафтарҳои мактабӣ, рекламаи гуногун паҳн мегардад, ки ба ҷараёни таҳсил рабт надорад. Бинобар ин, ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаи марбута дар моддаи 5-уми қонуни амалкунанда қисми даҳум илова карда шудааст. Ғайр аз ин, таҳлили бозори паҳни реклама дар хиёбону кӯчаҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки аз тарафи рекламадиҳандагон ва паҳнкунандагони реклама талаботи моддаи 7-уми қонуни амалкунанда ­пайваста сарфи назар шуда, реклама бо истифодаи истилоҳоти дараҷаи баланд, аз ҷумла тавассути калимаҳои беҳтарин, олӣ, сифати олӣ, инчунин дараҷаи паст, яъне арзонтарин ва нархи пасттарин паҳн мегардад, ки ин амал боиси вайронкунии қонунгузории реклама буда, дар бозори моли муайян рақобати носолимро эҷод менамояд. Аз ин рӯ, дар сархати 13-уми моддаи 7 пеш аз калимаи «ва» калимаҳои «рақами 1», «беҳтарин» ва «сифати олӣ», инчунин сархати чордаҳуми нав илова карда шудаанд.

Ҳамчунин, паҳнкунии реклама дар шабакаҳои телевизион ва радио нишон медиҳад, ки ҳарчанд меъёри муқарраргардида риоя карда шавад ҳам, баъзан вақти баромади рекламавӣ зиёд давом мекунад, ки бинанда ва ё шунавандаи барномаҳо (истифодабарандагон)-ро нороҳат месозад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ба танзим даровардани вақти як баромади пахши реклама дар шабакаҳои телевизион ва радио, новобаста аз шакли моликият, ба моддаи 11-уми қонуни амалкунанда қисми шашум илова карда шуд. Дар моддаи 22-юми қонуни амалкунанда нигоҳдории реклама ё нусхаҳои он аз рӯзи паҳнкунии рекламаи охирин шаш моҳ пешбинӣ гардидааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин муддат ба рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагон ҷиҳати паҳни рекламаи номуносиб шароит фароҳам оварда, ба содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд. Бинобар ин, дар моддаи мазкур калимаҳои «шаш моҳ» ба калимаҳои «як сол» иваз карда шудааст.

Матни моддаи 25-уми қонуни амалкунанда бо дарназардошти доираи иштирокчиёни бозори моли реклама мураттаб гардонида шуда, дар моддаи мазкур баъд аз калимаҳои «паҳнкунандагони реклама» калимаҳои «инчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои мақомоти зикргардида» илова карда шудаанд.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.        

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! 

Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи деҳаи Урта – Қайнари Ҷамоати деҳоти «Норин» ба деҳаи Зафари Ҷамоати деҳоти «Норин» ва номи деҳаи Ғорбулоқи Ҷамоати деҳоти «Даҳана» ба деҳаи Ғорчашмаи Ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон иваз карда шавад.

Зарурати иваз намудани номи деҳаи Урта – Қайнар ба деҳаи Зафар ва номи деҳаи Ғорбулоқ ба деҳаи Ғорчашма арҷгузорӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони тоҷикӣ номгузорӣ намудани мавзеъҳои кишвар баҳри тарғиби афкори ҷомеаи навин мебошад.

Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои ҳамин муносибатҳоро танзимкунанда мухолифат надорад. Маълумоти зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумита пешниҳодотро оид ба иваз намудани номи деҳаи Урта – Қайнари Ҷамоати деҳоти «Норин» ба деҳаи Зафари Ҷамоати деҳоти «Норин» ва номи деҳаи Ғорбулоқи Ҷамоати деҳоти «Даҳана» ба деҳаи Ғорчашмаи Ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба шумор меравад. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 майи соли 2017 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти дохилии қонун ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Бо ин мақсад ба моддаҳои 2, 9, 14, 24, 28, 29, 32 ва 33-юми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки он хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.

Ҳамчунин, ба моддаи 31-уми қонуни амалкунанда сархати нави панҷум илова карда шудааст, ки тибқи он минбаъд боздошти воситаҳои нақлиёт бо нигоҳдории он дар истгоҳи махсус дар мавриди халалдор кардани ҳаракат дар роҳ тавассути вайрон кардани қоидаҳои бозистӣ ва таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт истифодабарии он манъ карда мешавад, ки он барои ба танзимдарории соҳаи нақлиёт мусоидат мекунад.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2017 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади кам намудани шумораи мақомоти санҷишии ҷумҳурӣ ва хориҷ намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати фаъолияти суғуртавӣ, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қабул гардидааст. Вобаста ба ин, аз қисми 1 моддаи 10-уми қонуни амалкунанда бандҳои 9, 16 ва 24 хориҷ карда шуда, банди 16 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки бо дарназардошти ҳаммонандии соҳаҳои бойторӣ ва зотпарварӣ минбаъд фаъолияти санҷиши мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳаҳо дар доираи фаъолияти як сохтор муттаҳид шуда, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба роҳ монда мешаванд.

Инчунин, назорати минбаъдаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи суғурта аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи конунгузории бонкӣ амалӣ мегардад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад. Бинобар ин, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи ниҳоии рӯз­нома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ба шумор меравад. Сухан роҷеъ ба ин ­масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:  - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2017 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқ кардани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардидааст.

Бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои мазкур ва мутобиқгардонии меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», зарурати таҳлили меъёрҳои муқаррарнамудаи қонуни мазкур ва таҷрибаи татбиқи қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи инҳисороти табиӣ ба миён омад ва лозим дониста шуд, ки баъзе меъёрҳои пешбининамудаи қонуни амалкунанда мавриди такмил қарор гиранд.

Ҳамчунин, номи қонуни мазкур дар таҳрири нав пешниҳод гардида, дар матни он калимаҳои «монополияи» ва «монополияҳои» мутаносибан ба калимаҳои «инҳисории» ва «инҳисороти» иваз карда шуданд. Инчунин, ба дигар моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Бинобар ин, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.            

РАИС: - Сухан ба раиси котибот Ҷаббори Ғаффор дода мешавад.

Ҷаббори Ғаффор: — Муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ! Ба унвони Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ягон мактуб ё барқия ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд?

Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолона дар кори иҷлосия ташаккур мегӯем!

Бо ҳамин Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ­панҷумро пӯшида эълон ­менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ