Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Қонун «Дар бораи авф» қабул шуд

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

DSC_7907Бисту панҷуми октябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам !

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

2. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Худоёрзода Б.Т.»

3. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қодирзода А.С.»

4. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Самадзода Н. А.»

5. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хидирзода М. У.»

6. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимӣ Н. Ю.»

7. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Азизова М. Б.»

8. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шодмонбеков Ю. Р.».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» сухан ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дода мешавад.

 РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва иқдоми инсондӯстонаашон 16 октябри соли 2019 дар асоси моддаи 59-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди ин санади муҳим лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ба шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро Шӯрои Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои он мавриди баррасӣ ва такмил қарор доданд. Лоиҳаи қонун бо мақсади ба ҳаёти осоишта баргардонидани гурӯҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, таҳия гардида, дар он меъёрҳои нави батанзимдароварандаи масъалаҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва кам кардани муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон пешбинӣ гардидааст, ки аз санадҳои қабулшудаи солҳои пешин оид ба авф фарқ карда, тибқи маълумоти пешакӣ, он нисбат ба зиёда аз 20 000 (бист ҳазор) нафар шахси ҷиноятсодирнамуда татбиқ карда мешавад.

Лоиҳаи қонун аз 22 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои аз 1 то 6-уми он ба танзими ҳуқуқии масъалаҳо оиди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва аз муҳлати боқимондаи адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагон бахшида шудаанд.

Аз рӯи маълумоти пешакӣ, бо татбиқи моддаҳои мазкур тақрибан 600 нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, 3100 (се ҳазору сад) нафар маҳкумшудае, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ва 3000 (се ҳазор) нафар маҳкумшудае, ки дар муассисаҳои ислоҳии сукунат адои ҷазо доранд, аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд. Инчунин, зиёда аз 4500 нафар маҳкумшудае, ки нисбаташон ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда татбиқ шудаанд (корҳои ислоҳӣ, шартан татбиқ накардани ҷазо, мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм), низ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ 11200 (ёздаҳ ҳазору дусад) нафар шахси дар боло зикршуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба ҳифзи ҳуқуқи занон ва ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ғамхории хоса зоҳир менамоянд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати бештар баҳраманд гардидани занон ва ноболиғон дар моддаҳои 1, 3 ва 9 лоиҳаи қонун нисбати ин гурӯҳи ашхос бартариҳо дар назар дошта шудааст. Тибқи лоиҳаи қонун, аз 300 нафар зане, ки дар муассисаи ислоҳии занона адои ҷазо доранд, 165 нафар ва аз 75 нафар ноболиғе, ки дар колонияи тарбиявӣ адои ҷазо доранд, 58 нафарашон аз адои боқимондаи ҷазо озод шуда, ба назди фарзандон ва волидайни худ бармегарданд.

Ҳамчунин, тибқи моддаи 3-юми лоиҳаи қонун, занҳое, ки зиёда аз 12 сол дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адои ҷазо доранд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин қонун пешбинишуда, аз адои ҷазои боқимонда озод карда мешаванд.

Бо дарназардошти меъёрҳои дар моддаи 1-уми лоиҳаи қонун пешбинигардида, мардони аз 55-сола боло, маъюбон, шахсони гирифтори бемориҳои вазнин, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои боқимондаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод карда мешаванд.

Шахсони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содирнамуда, ба истиснои шахсоне, ки ҷинояти дар қисмҳои 3, 4 ва 5-уми моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то 5 сол аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд.

Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Тибқи муқаррароти моддаи 5-уми лоиҳаи қонун, маҳкумшудагоне, ки зиёда аз понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда, то мавриди амал қарор додани қонуни мазкур воқеан понздаҳ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо намуда, муҳлати адонагардидаи ҷазояшон то се сол боқӣ мондааст, ҳамчунин, шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти дар қисми 2 моддаи 307 иловаи 3-и (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мешаванд.

Тартиби аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва суд дар моддаи 6-уми лоиҳаи қонун пешбинӣ гардидааст.

Вакилони гиромӣ!

Дар моддаи 7-уми лоиҳаи қонун, тартиби аз рӯи категорияҳои ҷиноятҳо кам кардани муҳлати боқимондаи ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон дар назар дошта шудааст.

Аз рӯи маълумоти пешакӣ, бо тат­биқи моддаи мазкур муҳлати ҷазои адонагардидаи зиёда аз 8 800 (ҳашт ҳазору ҳаштсад) нафар маҳкумшуда кам карда мешавад.

Қонуни мазкур нисбат ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаи 9-уми лоиҳа пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд, татбиқ карда намешавад (муқаррароти моддаҳои 1,2, 4 ва 6-уми лоиҳа).

Моддаи 8-уми лоиҳаи қонун маҳдудиятҳоро нисбат ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлат ва сулҳу амнияти инсонӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ё маҳкум шудаанд, пешбинӣ менамояд.

Қонун, ҳамчунин, нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои якумра маҳкум шудаанд, маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст ва маҳкумшудагоне, ки дар маҳалли адои ҷазо ҷиноят содир кардаанд, татбиқ карда намешавад.

Тибқи моддаи 8-уми лоиҳа, шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаи 328 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва қисми 2 моддаи 330 (Таҳқири намояндаи ҳокимият) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир кардаанд, нисбаташон санади мазкур татбиқ карда намешавад, зеро истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият ва таҳқири оммавии онҳо, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст, кирдорҳои ҷинояткоронае мебошанд, ки тартиби идоракуниро ҷиддан халалдор сохта, шаъну эътибори намояндагони ин мақомотро паст намуда, минбаъд ба дифои вазифаҳои онҳо дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Бояд зикр намуд, ки татбиқи қонуни мазкур доғи судиро намебардорад. Шахсони мувофиқи лоиҳаи қонун авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда озод карда намешаванд.

Лоиҳаи қонун ваколати мақомоти давлатиро оид ба тартиби татбиқи санади авф ва муҳлати иҷро, ки ду моҳ пешбинӣ шудааст, муайян намудааст. Дар баробари ин, ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин намудани шахсони аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озодшуда, таҳти назорат қарор додани ноболиғон ва ба таълим фаро гирифтани онҳо, ҳамчунин, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озодшуда мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор карда шудааст.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқи моддаҳои 58 ва 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иқдоми навбатии башардӯстона ба истиқболи 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад, пешниҳод шудааст. Ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргаштани шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳаёти муътадил ва ислоҳ шудани онҳо, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, муҳаббат ба Ватан, андешаҳои давлатмеҳварӣ, шинохти арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, рамзи гӯёи амалишавии принсипи инсондӯстӣ ба шумор меравад.

Дар лоиҳа аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо ҷазоро адо мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Инчунин, пешбинӣ мегардад, ки қисми адонашудаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо бинобар ҷой доштани маҳдудиятҳо озод карда намешаванд, кам карда шавад.

Қонуни мазкур аз дебоча ва 22 модда иборат аст, ки онҳоро аз рӯи мазмуну муҳтаво ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

1. Гурӯҳи якуми моддаҳо ба муайян намудани категорияи шахсоне, ки санади авф нисбати онҳо татбиқ карда мешавад (моддаҳои 1-7);

2. Мушаххас намудани маҳдудиятҳо ҳангоми татбиқи санади авф, ки моддаҳои 8-10–ро дар бар мегиранд;

3. Муайян кардани мақомот ва муассисае, ки қонуни мазкурро тат­биқ ва иҷро мекунанд (моддаҳои 11-13);

4. Шарҳ додан ва дақиқ нишон додани шахсоне, ки ба гурӯҳҳо ва категорияҳои номбурда дохил мешаванд ва ҳолатҳое, ки қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ карда мешавад (моддаҳои 14-17);

5. Муайян намудани мақомоте, ки бо шахсони нисбати онҳо санади авф татбиқшуда кор мебаранд, яъне, барои шуғли минбаъдаи онҳо мусоидат мекунанд: назорати ноболиғон, ҷойгир кардан дар муассисаҳои тиббӣ, интернат ва хонаи пиронсолон, ташкили бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони нисбаташон санади авф татбиқшуда (моддаҳои 18,19);

6. Муҳлати иҷро ё татбиқи қонуни мазкур ва пешниҳод намудани ҳисобот оид ба он (моддаҳои 20,21);

7. Мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур (моддаи 22).

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, баъди қабул гардидан қонуни мазкур нисбати зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла, зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод гардида, беш аз панҷ ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба ҷазои маҳрум сохтан аз ҷазои ба озодӣ алоқаманднабуда озод карда мешаванд. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур, инчунин, нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсе, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.

Вобаста ба муҳимияти доираи фарогирии лоиҳаи қонун бояд махсус қайд намоем, ки он бениҳоят фарох буда, кирдорҳои зиёди пешбининамудаи Кодекси ҷиноятӣ зери татбиқи он қарор мегиранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи васеи шахсонеро барои авф пешниҳод кардаанд, то ки ба ҳаёти осоишта баргарданд, дар ҷамъият мавқеи худро ёбанд, ислоҳ шуда, роҳи дурусти зиндагиро пеша кунанд, ба қадри тинҷиву осоиштагӣ ва суботи кишвари азизамон расанд. Аз ин росто, лоиҳаи қонун қадами навбатии хирадгаро ва бисёр беназир ба шумор меравад. Масалан, бо пурра авф кардани нафароне, ки ҷинояти дар қисми 2 моддаи 3073 Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардидаро содир кардаанд, зиёда аз 500 нафар маҳкумшуда аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешавад. Ин модда ҷавобгарии ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ, бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар пешбинӣ мекунад. Ин модда, ҳамчунин, кирдорҳои ҷавонон ва нафаронеро дар бар мегирад, ки аз гумроҳӣ, нофаҳмӣ, ҳавою ҳавас ё дигар ғараз тавассути интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи телефони мобилӣ зери маводи манъкардашуда ба истилоҳ «лайк», «класс», «коммент» ё дигар шакли мусоидаткунии паҳнкуниро гузоштаанд. Авф кардани онҳо аз ҷониби Пешвои миллат аҳамияти ниҳоят муҳим ва хусусияти тарбиявӣ дорад. Даҳҳо чунин моддаро номбар кардан мумкин аст, ки дар натиҷаи авфи онҳо ҳазорҳо шаҳрванди гумроҳ имконияти ҳамгироӣ бо ҷамъият ва баргаштан ба зиндагии муътадилро пайдо мекунанд ва ҳазорҳо оила аз иқдоми навбатии хайрхоҳонаи Пешвои маҳбуби миллат хушнуд хоҳанд шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонун 48 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 35 — тоаш пазируфта, ба лоиҳа ворид карда шуд.

Барои омӯзиши пешакии пурра ва таҳлили лоиҳаи қонун Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ду маротиба дар сатҳи кумита бо ҷалби намояндагони кумитаҳои дигар ва ҳизбҳои сиёсӣ бо роҳбарии раиси кумита ва як маротиба дар сатҳи Маҷлиси намояндагон бо ҷалби ҳамаи вакилон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон ҷаласа баргузор намуда, мазмуну муҳтавои лоиҳаи қонунро равшан намуд, инчунин, таклифу пешниҳодҳои мушаххаси вакилон дар ин ҷаласаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Баъд аз баррасии пурраву ҳаматарафаи таклифу пешниҳодҳо кумитаи масъул 22 октябри соли 2019 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Зариф Ализода, мушовирони бахши ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷаласаи васеъ баргузор намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.

Бо мақсади такмили лоиҳаи қонун, инчунин, як силсила таклифу пешниҳод ва тавсияҳои Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ворид гардиданд.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нишонаи баланди инсондӯстӣ ва садоқату муҳаббати Пешвои маҳбуби миллатамон ба мардуми шарифи кишвар аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ аст ва татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ оиди масъалаи мавриди баррасӣ савол дорад? Сухан барои савол додан ба вакили Маҷлиси намояндагон Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир: — Тибқи муқаррароти моддаи 18-уми лоиҳаи қонун, мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ноболиғони бепарасторро дар мактаб-интернатҳо ҷойгир намоянд. Инчунин, нисбати ҷойгиркунии ашхоси бемор, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 супоришҳо дода шудааст. Оид ба ин масъалаҳо оё кор шурӯъ шудааст?

РАИС: — Ба ин савол ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода посух мегӯянд.

Зариф АЛИЗОДА: — Муассисаҳои ислоҳи ҷазо пешакӣ ба маҳалли зисти озодшавандаҳо хабар мерасонанд. Албатта, баъди қабули қонун он ба тамоми вазорату идораҳои масъул равон карда, иҷрои он зери назорат гирифта мешавад. Мақомоти масъул дар бораи корҳои анҷомдода ҳисобот пешниҳод менамоянд.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъала шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ !

Ҳакимон гуфтаанд: «Ҳарчанд гуноҳ бузург аст, фазилати авфкунанда аз он бузургтар». Фазилати баланди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи авф»-ро, ки хислати баланди ҷавонмардию инсондӯстиашонро ифода мекунад, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд. Дар сари қудрат истода, ҷинояткорро авф намудан маънии зафар ёфтан ба ҳама мушкилиҳоро дорад. Дар боби 4-уми Конститутсия, ки ба фаъолияти Президент бахшида шудааст, таъкид гардидааст, ки Президент ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар роҳбарӣ мекунад. Бинобар ин, дар асоси моддаи 58-уми Конститутсия, Президент ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.

Бояд гуфт, ки байни авф ва бахшидани ҷиноят фарқ мавҷуд аст. Авф шахсони муайяни алоҳидаро фаро намегирад, балки ба категорияи ҷинояткорон аз рӯи фарқи ҷинсӣ-занҳо, ноболиғон ба муҳлати кам амалӣ карда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбати гумонбаршудагон, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», пеш аз ҳама, нисбати занон, наврасон, пирон, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои дигар, бартарафкунандагони оқибати фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил», дорандагони мукофотҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Шахсоне, ки бори аввал гуноҳ содир кардаанд, шахсоне, ки гуноҳи вазнин содир кардаанд, муддати 15 сол дар маҳбас нишастаанду то охири муҳлати ҷазояшон то се сол боқӣ мондааст, низ озод мешаванд.

Тибқи моддаҳои 130, 1301, 180, нисбати онҳое, ки қаблан бо усулҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок, истифодаи силоҳ нисбати шахси ноболиғ, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ҷиноят содир карда, аз озодӣ маҳрум шуда буданд, амали қонун татбиқ намегардад.

Муқаррароти моддаҳои 1,2,4 ва 6 қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 186, 187 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир намуда, маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидаро пурра пардохт накарда бошанд, (агар маб­лағи зарар аз 100000 (сад ҳазор) сомонӣ зиёд бошад) татбиқ карда намешаванд.

Пешниҳод менамоям, ки барои пеши роҳи коррупсияро гирифтан дар барномаҳои радиою телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма ҳуқуқшиносони варзида моҳият ва мазмуни Қонун «Дар бораи авф»-ро модда ба модда ба мардум бо забони содаю равон фаҳмонанд.

Барои пешгирӣ ва такрор нашудани содиршавии ҳар гуна ҷиноят ташкилоту муассисаҳои мутасаддӣ ҷиҳати таъмини ашхоси ба озодӣ бароянда бо ҷои кор чораҳо андешанд. Зеро шахс, агар бе ҷои хобу кор монад, боз ба ҷиноят даст мезанад.

Хоҳиш мекунам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳакимов Ориф Марифович дода мешавад.

Ориф ҲАКИМОВ:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» иқдоми навбатии башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва заминаи ваҳдати сиёсӣ ва ҳуқуқии мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Вобаста ба вазъи иҷтимоию сиёсии чомеа ва бахшида ба санаҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷониби Роҳбари давлат 16 маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешниҳод гардидааст, ки дар натиҷа, ҳазорон нафар ба ҳаёти осоишта, назди падару модарон ва оилаҳои худ баргаштанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ягона умеду орзуи айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон буда, онҳоро ба роҳи ислоҳ равона мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки Қонун «Дар бораи авф» на танҳо аҳамияти сиёсӣ, балки тарбиявӣ ва ахлоқӣ низ дорад. Ин фақат як бахшиши гуноҳ нест, балки боварӣ нисбат ба ҳар шахсе мебошад, ки дар ҳаёт хато намудааст ва ба ӯ имкон дода мешавад, ки ислоҳ шавад.

Дар лоиҳаи қонун маҳдудкунӣ ва манъкунии татбиқи санади авф ба намудҳои ҷиноят кам гардидааст. Як фарқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз қонунҳои авфи пеш қабулгардида аз он иборат аст, ки шумораи шахсони аз адои ҷазо озодшаванда зиёд мебошад.

Дар лоиҳаи пешниҳодгардида таваҷҷуҳ нисбати ноболиғону занони маҳкумгардида, мардони синнашон аз 70 — сола боло ва шаҳрвандони хориҷӣ бештар аст. Аз ҷумла, зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод гардида, беш аз панҷ ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда озод карда ва пешбурди парвандаҳои зиёда аз ду ҳазор нафар шахсе, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, қатъ карда мешавад.

Мутобиқи талаботи моддаи 5, маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин ба муҳлати зиёда аз понздаҳ сол маҳкум шуда, то мавриди амал қарор додани қонуни мазкур, понздаҳ соли ҷазои маҳрумӣ аз озодиро адо намудаанд ва муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ нисбаташон то се сол мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар қонуни мазкур пешбинигардида, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Имрӯз ҳама мардуми Тоҷикис­тон интизори қабули қонунанд, хусусан падарону модароне, ки ҷигарбандонашон дар хона онҳоро интизоранд. Мо бовар дорем, ки озодшудагон тамоми неру ва заковати хешро барои солимии чомеа ва оила сафарбар намуда, дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои худ саҳми арзанда мегузоранд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.

 МИРЗОЗОДА Мавлуда Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар асоси қисми 2 моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, масъалаи пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» салоҳияти истисноии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо истифода аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ Пешвои миллат ба баррасии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро пешниҳод намуданд, ки он имрӯз аз ҷониби мо — вакилон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ман ҳамчун ҳуқуқшинос бе ягон мамониат метавонам санади баррасишавандаро «авфи тиллоӣ» гӯям, зеро ҳар як меъёри он доираи васеи шахсони ҷиноятсодирнамударо дар бар мегирад.

Дар бораи моҳияти лоиҳа ва меъёрҳои алоҳидаи он аз ҷониби шахсони мутасаддӣ маълумоти кофӣ дода шуд. Ман мехоҳам танҳо фикру андешаҳои хешро вобаста ба қисми 2 моддаи 5 лоиҳаи қонун  иброз намоям.

Дар асоси қисми 2 моддаи мазкур шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти дар қисми 2 моддаи 3073 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ё маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин қонун пешбинигардида, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки қисми 2 моддаи 3073 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори ҷиноятиро барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати онҳо аз ҷониби суд қарори эътибори қонунипайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, пешбинӣ намуда, барои содир кардани ин ҷиноят ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол таъин карда мешавад. Тибқи талаботи моддаи 18 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин кирдори содирнамуда ба категорияи ҷиноятҳои дараҷаи вазнин дохил мешаванд.

Дар робита бо он, бояд зикр намуд, ки мувофиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 24 августи соли 2016 ҳатто шахсоне, ки бо моддаи 347 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (хабар надодан дар бораи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва эстремистидошта), инчунин вобаста ба ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсонӣ ва амнияти давлатро содир намуда буданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод нашуданд, гарчанде ҷинояти мазкур ба категорияи ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин (қисми 1) ва миёна (қисми 2) мансуб мебошанд.

Муҳтарам Пешвои миллати мо бо садоқат ба принсипи инсондӯс­тонаи олии худ, дар авфи мазкур ба хулоса омаданд, ки кирдори шахсонеро низ, ки ҷинояти дар қисми 2 моддаи 3073 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудаанд, гузашт карда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазои боқимонда озод намоянд, то ки онҳо аз роҳу ақидаю кирдори нодурусти худ баргарданд, бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш баранд. Зеро тинҷиву оромиҳои имрӯзаи мо осон ба даст наомадааст ва он асоси тамоми пешравӣ, оромии сиёсии мамлакат ва сокинонаш мебошад.

Хоҳишмандам, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.

Лутфия Раҷабова:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25 — солагии қабули Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз далелҳои инсондӯстона будани сиёсати дохилии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин боз як далели дигари ба ҳам пайваста будан ва эҳтироми тарафайни давлат ва шаҳрванд буда, дар асоси принсипи ҳуқуқии гуманитарӣ (инсондӯстона) рӯи кор бароварда шудааст.

Мо бояд амалҳои хайрхоҳона ва сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро арҷгузорӣ намоем, чунки маҳз амали авф метавонад нафарони зиёдеро, ки пушти панҷара нишастаанд, аз роҳи хато ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.

Қонуни мазкур ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ мегардад. Зимнан, боиси фараҳмандии зиёд аст, ки ба занону ноболиғон дар ин авф аҳамияти махсус зоҳир гардидааст. Ин иқдом яке аз амалҳои шоиста ва бузургтарин оини ҷавонмардии Сарвари давлат дар мавриди авф кардани гуноҳи занон ва ноболиғон маҳсуб меёбад. Ин далолат ба он мекунад, ки дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат зан — модар мақоми шоистаро касб менамояд.

Аз санади авф теъдоди зиёди маҳкумшудагон, аз қабили занон (зиёда аз 280 нафар) баҳраманд 165 нафарашон ба озодӣ мебароянд. Инчунин, аз 75 нафар ноболиғ 58 нафар озод ва муҳлати адои ҷазои 14 нафари дигар кам карда мешавад. Ин иқдом боиси баланд бардоштани масъулияти онҳо дар назди оилаҳои худ ва ҷомеа гардида, онҳоро водор мекунад, ки ба қадру қимати неъмати бузурги озодӣ расанд ва минбаъд ба ҷиноят даст назананд.

Тибқи моддаи 1, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагон, аз қабили занон ва ноболиғон, озод карда мешаванд. Дар робита ба ин, ба вазорату идораҳои дахлдор тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати таъмин намудани занон бо ҷои кори мувофиқ ва назорати саломатии онҳо чораандешӣ намоянд. Инчунин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаро гирифтани ноболиғон дар муассисаҳои таълимӣ чораҳои амалӣ андешад, зеро дур мондани ноболиғон аз таълим боиси боз даст задани онҳо ба ҷиноят мегардад.

Ҳамчунин, пешниҳод менамоем, ки дар воситаҳои ахбори омма моддаҳое, ки дар қонуни мазкур дарҷ гардидаанд, ба пуррагӣ баён карда шаванд, то ин ки шаҳрвандон моҳият ва мазмуни онҳоро пурра дарк кунанд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ҷонибдорӣ менамояд ва аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш дорем онро дастгирӣ кунед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.

Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуне, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад, аз бузургӣ ва инсондӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, зеро тибқи қонуни мазкур занон, ноболиғон, беморон, пиронсолон, маъюбон, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум гардидаанд ва таҳти тафтишот ва баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда мешаванд.

Гузашт карда тавонистани гуноҳ яке аз хислатҳои наку ва нишонаи инсонпарвариву мардонагист, ҳар нафаре, ки қудрати авф намудани гуноҳи нафари дигарро дорад, аз камолоти баланди инсонӣ бархӯрдор аст. Нафаре, ки дар зиндагӣ аз нофаҳмӣ, аз сари эҳсос ва қаҳру ғазаб, ки ақлро тира мекунанд, даст ба ҷиноят задааст, албатта, баъди содир намудани он пушаймон мешавад. Авфи гуноҳ бошад, имконияти мусоид баҳри ислоҳи чунин нафарон аст. Дар ҳаёт зиёд вомехӯранд ҳолатҳое, ки инсон тавба мекунад, вале аз ҷониби ҷабрдида авф намешавад, ки боиси боқӣ мондани кина ва адоват байни инсонҳо мегардад. Чӣ аз диди шариат ва чӣ аз диди фалсафаи ҳастии инсонӣ авф намудан, авф карда тавонистан амали савоб ва некест, ки метавонад аз чандин гуноҳ ва мушкилии дигар инсону ҷомеаро халос намояд.

Пеш аз ҳама, таъсири ин амали ҷавонмардонаи Пешвои миллат ба вазъи он хонаводаҳое мерасад, ки яке аз аъзои онҳо дар маҳбас қарор дорад. Мушкилиҳои иқтисодӣ як тарафи масъала аст. Аз ҳама вазнин бори номус ва нангест, ки онҳо бар дӯши худ мегиранд, зеро ҷомеа ба нафари ҳабсшуда ва аҳли оилаи он бо нигоҳи дигар менигарад. Озодии фарзанд ё аъзои дигари оила ин ҳолати рӯҳӣ — маъюсию рӯҳафтодагӣ ва афсурдагии онҳоро бартараф ва муҳитро дар оила солим мегардонад.

Итминони комил дорам, ки ҳамаи озодшудагон аз ин амали башардӯстонаву инсонпарварона, бахшояндаву ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон шукргузорӣ намуда, хулосаи зарурӣ мебароранд ва кору фаъолияти соф­дилонаи беғараз ва ҳалолкориро пеша мекунанд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» яке аз санадҳое мебошад, ки дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шудааст, зеро мувофиқи талаботи қисми 2 моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Дар асоси талаботи моддаи 5 Конститутсия, инсон ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд­ро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад. Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонун «Дар бораи авф» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад. Айни замон пешниҳоду баррасии санади мазкур ба муносибати 25 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бахшида шудааст ва аз ин рӯ, баррасии чунин санади муҳим саривақтӣ буда, пешниҳоди он бар заминаи принсипҳои пешбурди сиёсати башардӯстона, адолатпарварона, гуманизм ва демократизм асос меёбад.

Бояд зикр намуд, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз 16 маротиба Қонун «Дар бораи авф» қабул шудааст. Агар аз ҷиҳати арифметикӣ назар афканем, хоҳем донист, ки бо татбиқи ин миқдор қонуни авф чӣ қадар шаҳрвандон аз мақоми одилонаи он бархӯрдор гашта, ба ҷомеа барои ислоҳи минбаъда баргаштаанд ва бармегарданд.

Санади мазкур нисбати шумораи зиёди одамон татбиқ карда мешавад ва зимни амалигардонии он маҳдудият дар миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ ва ғайра мушоҳида намегардад, ки яке аз принсипҳои адолатпарварона ва инсондӯстӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамаи ин кӯшиш бояд барои ислоҳи шахси ҷиноятсодирнамудаи озодшавандаю муҳлаташ ихтисоршаванда равона гашта, барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав ва ба ҳаёти бидуни ҷинояту қонуншиканӣ баргардонидани онҳо имконият фароҳам оварад.

Амали Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба ҳамаи ноболиғон, занон, шаҳрвандони хориҷӣ, маъюбони гурӯҳҳои дахлдор, беморон ва дигар судшавандагону маҳкумшудагон, ки доираи онҳо дар моддаҳои 2 ва 3 пешбинӣ шудааст, татбиқ карда мешавад.

Ду меъёри нави озод кардан аз адои минбаъдаи ҷазо дар моддаҳои 4 ва 5 лоиҳаи қонун дар қисмати нисбат ба шахсони то 5 сол аз озодӣ маҳрумгашта, ҳиссаи дахлдори муҳлати ҷазоро адокарда ва ё худ муҳлати бештари ҷазоро адонамуда ё барои содир намудани ҷиноятҳои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабулшуда, пешбинӣ мегардад, ки шумораашон ниҳоят зиёд мебошад.

Тибқи лоиҳаи қонун, маҳдудият дар қисми ҷиноятҳои махсусан вазнин ва зарарҳои расонидашуда ва барқарор накардани онҳо боқӣ мемонад. Маҳдудиятҳои дигар бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, вазнин, маҷмӯи ҷиноятҳо ва албатта, нисбат ба шахсияти маҳкумшудагону судшавандагони алоҳида равона карда шудааст, ки асосан ретсидивистҳои махсусан хавфнок, абадӣ маҳкумшудагон ва дигар низоми адои ҷазоро дар бар мегиранд.

Ҳарчанд дар лоиҳаи қонун зикр шуда бошад ҳам, мехостам сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, мақомоти тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шаҳраку деҳот корҳои фаҳмондадиҳию тарбиявӣ ва ёриҳои иҷтимоиро ба онҳое, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод мешаванд, дар доираи қонунгузории амалкунанда амалӣ намоянд, то ки содиргардии ҷиноятҳои такрорӣ пешгирӣ карда шавад.

Бояд қайд намоям, ки ҳама пешниҳодоти кумитаи мо, ки барои мукаммал гардонидани лоиҳаи қонун равона гардида буд, дар рафти баррасиҳо ба инобат гирифта шуданд.

Дар асоси талаботи Конститутсияи ҷумҳурӣ, инчунин, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», яке аз салоҳиятҳои Маҷлиси намояндагон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф» мебошад. Дар ҳамин асос бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба давлат дар шахсияти роҳбари он, мақоми олии қонунгузор ва иҷроия хусусияти пуштибонӣ намудан, шафқат нисбати шаҳрвандон, гузашт нисбати шахсоне, ки қонунро вайрон кардаанд, хос аст. Вале на дар ҳама давлатҳо ин махсусият истифода бурда мешавад. Дар баъзе давлатҳо он ё тамоман вуҷуд надорад ё истифода шавад ҳам, шакли гуногун дорад. Иқдоми имрӯзаи Пешвои миллат, ки шонздаҳумин аст, салоҳияти истисноии конститутсиониашон мебошад. Ин нишонаи сиёсати хирадмандона ва инсонпарварона аст. Бо ин давлат яке аз вазифаҳои асосии конститутсионии худ — фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро амалӣ менамояд.

Барои қабули чунин қонун мавҷудияти якчанд заминаи асосӣ зарур аст. Аввал, бояд вазъи муътадили ҷамъиятию сиёсӣ фароҳам бошад. Баъдан, мавриди амал қарор додани асосҳои ҳуқуқии чунин расмиёт ба баргузории рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, ба мисли ҷашну идҳои давлатӣ, марбут аст. Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки чунин заминаҳо имрӯз дар ҷумҳурӣ вуҷуд доранд.

Барои инсоният ҳамеша арзиши олӣ ва беҳамто озодӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадяи чунин арзиши бебаҳо аз ҷониби Сарвари давлатамон насиби зиёда аз 20 ҳазор нафар шаҳрванд хоҳад гашт ва агар мо аҳли оила ва наздикони онҳоро ба эътибор гирем, наздик ба 80 ҳазор нафар аз он баҳраманд мегарданд. Чунин ташаббус аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни муддаост.

Бояд қайд намуд, ки қабули қонуни мазкур барои болоравии имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд. Зеро мо бо ин иқдом на фақат нисбати шаҳрвандони хориҷӣ амали инсонпарварона намуда истодаем, ҳамзамон баҳри иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалии эътирофнамуда, ба мисли «Эъломияи ҳуқуқи башар» (моддаи 3), «Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» (моддаи 9) бармеояд, қадам гузошта истодаем.

Иқдоми имрӯза агар барои гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо, ки авф мегарданд, як гузашт, дарси ҳушёрӣ ва тавба аз кирдорҳои пештараи худ бошад, пас барои маҳкумшудагон оғози саҳифаю давраи нав дар ҳаёт ба ҳисоб меравад. Хеле зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳо онҳо худро яккаву танҳо ҳис накунанд, алалхусус, маҳкумшудагон. Набояд фаромӯш кунем, ки онҳо як қисми умри худро зери тартибот, қоида ва муҳити дигар гузаронидаанд ва шомил гаштани онҳо ба зиндагии нав душвориҳо дорад. Эҳтимолияти аз ҷониби як миқдори онҳо такроран содир кардани ҷиноят, қонуншиканиҳо пурра аз байн нарафтааст. Алалхусус аз ҷониби онҳое, ки барои ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта маҳкум шудаанд, қонуни баррасишаванда бори нахуст нисбати баъзеи онҳо озодиро пешбинӣ менамояд. Чунончӣ, тибқи қисми 2 моддаи 5, маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноят дар қисми 2 моддаи 3073, яъне, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташон бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои қонуни мазкур ва адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд. Ҳамчунин, як қисми онҳо доимо зери назари гурӯҳҳои ҷинояткор, террористию экстремистӣ буда, манбаи афзоиши сафи онҳо мебошад.

Аҳли ҷомеа нисбати масъалаи мазкур набояд бетафовут бошад. Аз ин лиҳоз, амалӣ кардани қонуни мазкур, хусусан, ба роҳи дуруст ворид шудани маҳкумшудагон, вазифаи на фақат мақомоти дахлдор, балки аҳли ҷомеа, аз ҷумла, кумитаҳои маҳалла, ҷамоату шаҳракҳо, созмонҳои занону ҷавонон, собиқадорон, пиронсолони барӯманд мебошад. Ҳар як маҳкумшудаи озодшуда бояд таҳти пуштибонии мо қарор гирад.

Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баҳри иҷрои қонун бояд чораҳои зарурӣ андешанд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандони авфшуда чораҷӯйӣ кунад.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд расонидани кумаки ҳуқуқиро ҳангоми поймол гаштани ҳуқуқи маҳкумшудагон зимни ба кор қабул кардан ва дигар ҳолатҳо ба роҳ монад.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар воситаҳои ахбори омма бояд масъалаи мазкурро мадди назар гирифта, вобаста ба он барномаҳо, мақолаҳо интишор намоянд, то ки тавонем тафаккури ҷомеаро барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо равона созем, онҳоеро, ки ба кирдорҳои ҷинояткорию қонунвайронкунӣ майл доранд, аз ин амалҳо дур намоем.

Иҷрои қонуни мазкур дар муҳлати 2 моҳ, албатта, кори душвор аст ва аз мақомоти дахлдор масъулият, кӯшиши дучанд ва амали фавриро талаб менамояд.

Дар ин радиф, хуб мешуд, агар масъулин ба хатоиҳои пештара роҳ надиҳанд. Алалхусус, тавре ки дар ҷаласаи васеи кумита вакилон қайд намуданд, эҳтимолияти рӯй додани ҳолатҳои бо истифодаи асноди қалбакии тиббии бемориҳои дар қонуни мазкур пешбинигардида авф шудани маҳкумшудагон ҷой дорад. Мақомоти дахлдор бояд ба ин масъала диққати махсус зоҳир намоянд, то ин ки аз он истифода нашавад.

То ҷашни 25 — солагии Конститутсия рӯзҳои ба шумор мондааст. Ба масъулини иҷрои қонуни мазкур зарур аст чораҳо андешанд, то ин ки ҳаддалимкон шумораи зиёди нафарон, алалхусус, занон ва ноболиғон, то фарорасии ҷашн аз ин қонун баҳраманд гарданд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ мекунам ва аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

Аҳматҷон Қобилов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро дар ҷаласаи муштараки худ бо аъзои Кумитаи марказии иҷроияи ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода, иқдоми инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуд.

Мехоҳам се нуктаро, ки аз хулосаҳои иштирокчиёни ҷаласа оид ба лоиҳаи қонун бармеояд, зикр намоям:

Якум, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон, ки аз муқаррароти қонуни номбурда бархӯрдор мешаванд, моҳияти авфро бояд хуб дарк намоянд, ба қадри сулҳу оромӣ ва заҳматҳои Пешвои миллат расанд ва ҳаёти осоиштаи худро оғоз намоянд.

Дуюм, волидайн ва аҳли оила баробари хуш пазируфтани авфи хешовандон, мунтазам аз аҳволи онҳо бохабар бошанд, аз онҳо талаб намоянд, ки дар чорчӯбаи қонун зиндагию рафтор намоянд ва фаҳмонанд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат мушкилоти солҳои пеш бартараф гардида, таҳкурсӣ барои рӯзгори саодатмандонаи имрӯз ва оянда гузошта шудааст.

Сеюм, дастрасии шахсони ба озодӣ баромада ба ҷойҳои корӣ. Мо мушкилоти таъминот бо ҷойи корро хуб дарк мекунем ва боварии комил дорем, ки солҳои наздик дар асоси татбиқ гардидани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ин масъалаи мубрам ҳалли худро меёбад. Танҳо зарур аст, ки сарҷамъона масъалаи ба ҷойҳои корӣ таъмин кардани авфшудагонро сари вақт баррасӣ намоем ва бетараф набошем. Мутаассифона, дар баъзе ҳолат масъалаи пешниҳоди ҷойҳои корӣ аз мадди назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва корхонаҳои давлатӣ, берун мемонад.

Боварии комил дорем, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар барои ба ҳаёти орому осоишта баргаштани авфшудагон саҳми арзанда мегузорад. Хоҳиш менамоям, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад дода мешавад.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Имрӯз мо ҳуҷҷатеро қабул мекунем, ки онро тамоми сокинони кишвар, пеш аз ҳама, шахсоне, ки дар роҳи ҷиноят буданд, падарону модарон ва фарзандону пайвандони онҳо дер боз интизоранд. Қонунеро қабул мекунем, ки гурӯҳи зиёди раҳгумзадагонро ба назди фарзандон ва ба меҳнати осоишта бармегардонад. Қонунеро қабул мекунем, ки аз инсондӯстиву меҳрубониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан сарчашма мегирад ва ба ҳар як оилаи тоҷик, хонадони ӯ аз нав хандаву хурсандиро бармегардонад. Қонунеро қабул мекунем, ки сокинони кишварро дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам пайванд мегардонад.

Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бахшида ба 25 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ буда, қобили дастгирӣ мебошад, зеро он мутобиқ ба принсипҳои инсондӯстӣ ва ҷомеаи адолатпарвар мебошад ва аз Конститутсияи мамлакат сарчашма мегирад.

Президенти кишвар танҳо аз нигоҳи раҳму шафқат ва садоқат ба рӯҳияи инсондӯстӣ мехоҳанд, ки бахшида ба ҷашнвораи «Бахтномаи тоҷикон» ҳазорон нафар шахсе, ки ҷиноят содир карда, аз амали ғайриқонунӣ пушаймон шудаанд, дар роҳи ислоҳшавӣ қарор доранд, ба ҷамъият хавфи зиёд надоранд, зарари расонидаашонро барқарор намудаанд, бахшида шаванд, онҳо ба оила, назди фарзандону ҷигарбандон ва ҳаёти осоишта баргарданд.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакии мақомоти босалоҳият, қонун нисбати зиёда аз 20 000 (бист ҳазор) нафар татбиқ мегардад.

Қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда, занон, ноболиғон, мардони аз синни 55 боло, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифат ва дигар бемориҳои махсусан вазнин, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд, шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд ва шаҳрвандони хориҷиро озод менамояд (моддаи 1).

Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд (моддаи 2).

Дар тафовут аз авфҳои солҳои қаблӣ, қонуни мазкур ҳатто маҳкумшудагонеро, ки ҷинояти дар қисми 2 моддаи 3073 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир кардаанд, яъне, шахсонеро, ки дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунипайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, иштирок кардаанд ё ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар мусоидат кардаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мекунад.

Қонун, инчунин, маҳкумшудагонеро, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то 5 сол аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд ё барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, на камтар аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд ва ё барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шуда, на камтар аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазои боқимонда озод менамояд.

Ҳатто маҳкумшудагонеро, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин ба муҳлати зиёда аз 15 сол аз озодӣ маҳкум шуда, то мавриди амал қарор додани қонун воқеан 15 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо намудаанд ва муҳлати адонагардидаи ҷазо нисбаташон то 3 сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳои дар қонуни мазкур пешбинигардида, тибқи моддаи 5 қонун аз адои ҷазо озод менамояд.

Дар асоси моддаи 6 пешбурди парвандаҳои зиёди ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ва ҷиноятҳои вобаста ба расонидани зарари молумулкӣ, ки бо онҳо зарари расонидашуда пурра талофӣ шудааст, қатъ карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, тамоми муқаррароти лоиҳаи қонуни баррасишаванда ба принсипҳои конститутсионии инсондӯстӣ асос ёфтааст ва он ба манфиати тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, хоҳиш менамоем, ки дар арафаи 25 — солагии қабули Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодшудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Ҳизби демократи Тоҷикис­тон вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, баёнгари фарҳанги воло ва сиёсати мардумсолории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мардуми тоҷик таърихи хеле куҳан дорад ва шоҳону пешвоёни мо пеш аз иди Наврӯз ва дигар идҳои давлатӣ ибтидо корро аз озод намудани зиндониён шурӯъ мекарданд.

Лоиҳаи қонун дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумлаи моҳиятҳои асосии лоиҳаи қонун он аст, ки як қисм одамон бо сабаби имконоти маҳдуди зеҳнӣ, надонистани қонун ба ҷиноят даст задаанд. Вақте ки ин қабилҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ муҳлати зиёд мемонанд, хоҳ — нохоҳ рӯҳияи онҳо зарар дида, аз одами одӣ ба ҷинояткори хавфнок мубаддал мегарданд. Ягон муассисаи ислоҳӣ одамро ислоҳ накардааст, балки ба рӯҳияи ӯ зарари сахт расонидааст. Чизи дигарро ҳам бояд қайд кард, ки дар ягон давлати дунё ҳангоми авф якбора қисмати зиёди маҳкумшудагон озод нашудаанд.

Ҳадафи Пешвои миллат дар он аст, ки маҳкумшудагон бо нишони ноумедӣ ва ночорӣ дар девори зиндон бо нохунҳояшон хат накашанд, балки нохунҳояшон гиреҳҳои зиндагӣ ва мушкилоти наздиконашонро кушоянду дар тарбияи фарзанд ва рушди Ватани азизамон иштироки судманд ва камбудиҳои оилавиро ислоҳ намоянд, дар рӯзҳои ид баробари дигарон шодмонӣ кунанд.

Бо қабули қонуни мазкур маҳкумшудагони зиёд озод мешаванд ва мардуми кишвар бояд онҳоро бо оғӯши меҳрубонӣ ва боварӣ пешвоз бигиранд. Корхона ва ширкатҳо ба онҳо имкони кор кардан диҳанд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва садоқат ба мардуми Тоҷикистон рӯи кор омадааст.

Зеро тибқи муқаррароти моддаи 1 лоиҳаи қонун, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда занон, ноболиғон, мардони аз синни 55 боло, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, шахсоне, ки мукофоти давлатӣ доранд, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, озод карда мешаванд. Ин амали инсондӯстона ва наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Намояндагони Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ин иқдоми некро дастгирӣ менамоянд ва аз шумо хоҳиш дорем, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусайн Болта дода мешавад.

НИДОЗОДА Ҳусайн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Аз беҳтарин амалҳои савоб дар арафаи идҳо бахшиши гуноҳҳост, ки дар кишвари мо мардум аз ин неъмат, бахусус, аз ғамхориҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманданд.

Тавре маълум аст, 16 октябри соли 2019 ба ифтихори 25 — умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тавзеҳи дурусти ин ҳадаф, ки сабукӣ додан ба гумонбаршудагон, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагонро дар бар мегирад, дар моддаи 82 (Авф) — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. То ба имрӯз, дар даврони истиқлолият, 15 маротиба чунин қонун қабул шудааст. Вале бори аввал теъдоди зиёди (зиёда аз 20 ҳазор нафар) гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон аз чунин ғамхорӣ баҳравар мегарданд.

Дар асоси лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва беш аз 5 ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигар озод мешаванд. Инчунин, муҳлати ҳабси як гурӯҳи маҳкумшудаҳо кам мешавад. Қонуни мазкур, ҳамчунин, нисбат ба беш аз 2 ҳазор нафаре татбиқ мешавад, ки парвандаҳои онҳо дар баррасии мақомоти тафтишотӣ ё судҳо қарор доранд.

Барои ҳар нафаре, ки моҳияти ин қонунро дарк менамояд, медонад, ки он ба оилаҳои авфшудагон чӣ қадар нишоту хурсандӣ меорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бори дигар аз сиёсати инсондӯс­тонаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Аз чунин амал бояд ҳар нафари гунаҳкор хулосаи дуруст бароварда, ба қадри ғамхориҳои бемайлони Роҳбари адолатпарвар хуб бирасад.

Умед дорам, ки қабули ин қонун дар роҳи ҷилавгирӣ аз ҷинояткории ҷавонон нақши муҳим мегузорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, лоиҳаи қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Пешниҳод аст, ки лоиҳаи қонун ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ҳозирини гиромӣ! Инак, ҳар яки мо бо раъйи худ 16 — умин Қонун «Дар бораи авф» — ро нисбат ба шаҳрвандоне, ки таҳти омилҳои мухталифи ҳаётӣ даст ба ҷиноят задаанд, қабул намуда, саҳми худро ба рисолати бузургу таърихии давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат гузоштем. Санъати бахшидану гузашт намудан аз беҳтарин василаҳои тарбияи инсонӣ, омили муҳими фаҳм ва дарки мардуми раҳгумзада ва воситаи муассири ворид намудани доираи васеи шаҳрвандон ба фаъолияти созандаи ҷомеа ва давлат аст. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд: «Ҳарчанд гуноҳ бузург аст, фазилати авфкунанда бузургтар аст». Гузашт намудан, бахшиш кардан ва оғӯш кушодани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯи мардуми раҳгумзадаи халқи мо буд, ки Ватанро то ба ин рӯзҳои таърихӣ ва тақдирсоз расонида, халқро муттаҳид намуд.

Он санади воқеан таърихист, зеро тибқи ҳисоби пешакӣ, таъсири нек ва ислоҳпарвари он ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод гардида, беш аз чор ҳазору панҷсад нафар аз ҷазоҳои дигари ба ҷазои маҳрум сохтан аз ҷазои ба озодӣ алоқаманднабуда озод карда мешаванд. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур, инчунин, нисбат ба зиёда аз ду ҳазор шахсе, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.

Равшан аст, ки дар пасманзари рӯзгори ин теъдод шахсон фарзандон, падару модарон, хешу табор, наздикону дӯстон ва дар маҷмӯъ, мардуми Тоҷикистон, истодаанд. Бовар дорам, онҳое, ки аз сабукии ин қонун бархӯрдор мегарданд, чӣ раҳгумзадагону хатокорони қонун, чӣ хешовандону наздикони онҳо, ҳикмат ва рисолати ин санади тақдирсозро дуруст дарк намуда, ба қадри ғамхории Роҳбари давлат расида, дар роҳи ислоҳи худ ва наздиконашон саъй намуда, дар ҳаёти созандаю осоиштаи кишвар фаъолона ширкат меварзанд.

Аз ин хотир, ҳамаи онҳоеро, ки чашми умед бар бахшиш доштанду нияти неки ислоҳро дар тафаккур мепарвариданд, ин лаҳза, бо хушхабари қабули Қонун «Дар бораи авф», муборак гуфта, ба якояки шумо барои дастгириатон аз ин иқдоми наку арзи сипос мекунам. Аз номи шумо, аз номи кулли интихобкунандагони кишвар ва шахсан худам ба Пешвои миллат барои ин иқдоми навбатии созанда ва инсондӯстонаашон, ки ба муттаҳидию ваҳдати миллат, ба оромию ободии кишвар нигаронида шудааст, миннатдории бепоён баён менамоям.

Дар охир, ба як масъалаи муҳим диққати шуморо ҷалб кардан мехоҳам. Тибқи моддаи 21 қонун, як қатор мақомоти дахлдори давлатӣ муқаррароти қонунро бояд амалӣ намоянд. Дар ин раванд риояи дақиқи қоидаҳои муқарраргардидаи қонун яке аз шартҳои муҳими баланд бардоштани муассирӣ ва эътибори он ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, аз нигоҳи мо ба раванди мазкур, бинобар аҳамияти иҷтимоӣ доштани масъала, мақомоти ваколатдори соҳавӣ, аз қабили меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва соҳаи маориф низ бояд ҷалб карда шаванд. Зеро барқарор намудани саломатии баъзе аз авфшавандаҳо, ба омӯзишу таълим ва ба ҷойи кор ҷалб шудани онҳо аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад.

Бовар дорам, ки вазорату кумитаҳои масъул ва идораҳои дахлдор, алалхусус, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, барои дар сатҳи шоиста татбиқ намудани муқаррароти қонуни мазкур тамоми зеҳнияту имконияти худро равона месозанд ва ҷиҳати пайвастани озодшудагон ба зиндагии комил чораҳои дахлдору саривақтӣ меандешанд, то ки реинтегратсияи авфшудагон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар бомуваффақият амалӣ гардад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баррасии масъалаҳо – «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Худоёрзода Бахтиёр Тавар», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Самадзода Навруз Абдулҳамид», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хидирзода Махфират Умар», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Салимӣ Носирҷон Юсуфзода», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Азизова Муистон Бердиевна» ва «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шодмонбеков Юсуфбек Рустамбекович» қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ